Бо супориш ва фармони Президенти кишвар мебоист аз 1.07.2016 нафақаи пиронсолон, умуман, нафақапулӣ 20% баланд бардошта мешуд. Вале ин фармон ҳам дар моҳи июл чун соли 2015 бо сабабҳои номаълум амалӣ нашуд. Миш-миш шуд, ки зиёдшавии нафақаи моҳи июлро бо моҳи август якҷоя карда медиҳанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар фармон ва супориши сарвари кишвар омада буд, ки аз 1.07.2016 ҳаҷми нафақаи шаҳрвандон ба андозаи 20% баланд бардошта шавад. Ин ҳатто ба бесаводтарин ашхос маълум буд, ки нафақаи 200-сомона 40 сомонӣ, 300-сомона 60 сомонӣ, 400-сомона 80 сомонӣ, 500-сомонӣ 100-сомонӣ ва 600-сомона 120 сомонӣ зиёд карда шавад. Дар нимаи аввали с.2012 Қарори Ҳукумати ҶТ оид ба аз 1.09.2012 30% баланд бардоштани нафақаи шаҳрвандон баромада буд. Ин хушхабар борҳо тариқи радио, ТВ ва умуман ВАО чандин маротиба нашр шуд ва нафақахурон аз ин иқдом ниҳоят шод ҳам шуда буданд. Лек афсус, ки шодии онҳо дер напоид. Пасон аён шуд, ки нафақапулии на ҳамаи нафақахурон зиёд шудааст. Шахсоне, ки ба ин кор сару кор доранд тарзе ҳисоббаробаркунӣ намуданд, ки нафақаи ҳадди ақал, яъне онҳое, ки аз 80 сомонӣ то 149 сомонӣ мегирифтанд, акнун 150 сомонӣ мегирифтагӣ шуданд. Ва нафақагироне, ки 400 сомонӣ мегирифтанд нафақаашон акнун то ба 520 сомонӣ расонида шуд. Соли 2013 ҳам Сарвари кишвар амр карда буд, ки ҳаҷми нафақапулӣ 20% баланд бардошта шавад, лек ашхоси мутасаддӣ болои ҳамагуна нафақаҳо ҳамагӣ 25 сомонӣ илова карданду халос. Агар нафақаи худи ҳамон чиновникҳои ба нафақа сарукордоштаро 200 ё 220 сомонӣ зиёд накунанд, худро чӣ тавр ҳис мекарданд? Ман нафареро медонам, ки ба касалии руҳӣ гирифтор асту ҳамагӣ 300 сомонӣ нафақа мегирифт. Акнун ба нафақаи он ҳамагӣ 20 сомонӣ зам шудааст, ки он ба дорупулиаш ҳатто намерасад…
Ҷаббор Раҷабов,
хабарнигори мардумии СССР, н.Кӯлоб