ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июл 19 2019

  Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи соҳаи маориф ва илми кишвар афзуд, ки айни замон дар мамлакат ҳеҷ зарурияте барои гузаштан аз алифбои кириллӣ ба алифҳои форсӣ нест.

   - Мо нияти аз алифбои кириллӣ ба алифбои форсӣ гузаштанро надорем ва ҳеҷ зарурияте барои ин гузаришро намебинем. Дар баробари ин хонандагони синфҳои 7-8-и мактабҳои миёна фанни «Алифбои ниёгон»-ро меомӯзанд ва дар ин муддат метавонанд ин алифборо аз худ карда, хондану навиштанро ёд бигиранд, ин кофист, - таъкид дошт Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ.

СССР

 

Ҷумъа, Июл 05 2019

 

    Доктори илмҳои химия, мудири лабораторияи Институти химияи ба номи В.И. Никитини  АИ ҶТ Зайниддин Муҳиддинов барои 14 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда, доктори илмҳои биологӣ, сарходими илмии Институти  ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ Қурбоналӣ Партоев барои 10 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда ва устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ Парвиз Солиев барои 21 шаҳодатномаи навоварӣ, ки ҳамаи онҳо дар соҳаи маориф татбиқ шудаанд, ғолибони озмуни  ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон» гардиданд. Онҳоро бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз намуданд.

    Чуноне ки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, озмун аз рӯйи 3 номинатсия-«Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи патент ё нахустпатенти ҶТ, ҳамчунин аз рӯйи патенти авруосиёгӣ ё патенти дигар давлати бо ишораи Тоҷикистон ҳифзшаванда, «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироъ, «Навовари беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи  санадҳои тасдиқкунандаи навоварӣ эълон ва гузаронида шуд. Дар озмун қариб 60 нафар ихтироъкорон ва навоварон аз муассисаҳои илмии мамлакат иштирок намуда, дастовардҳои илмии хешро муаррифӣ намуданд.

   Мақсад аз эълон ва гузаронидани озмун ин пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорию навоварӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ,  муаррифии ихтироот ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти кишвар,  ҳамчунин  аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонидани беҳтарин ихтироъкорон ва навоварони ҷумҳурӣ буд.

   

 

Ҷумъа, Июн 14 2019

   Бо тасмими Раёсати маорифи ш.Душанбе ва розигии Вазорати маориф ва илми ҶТ дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки санаи 15-16 июни соли ҷорӣ ш.Душанбе баргузор мегардад, хонандагони тамоми мактабҳои миёнаи пойтахт, литсейҳо ва коллеҷу бархе аз макотиби олӣ ба таътили дурӯза фиристода шуданд.

   Инчунин, дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бозори калонтарини пойтахт «Корвон»-у маркази савдои «Садбарг» баста шуда, фаъолияти микроавтобусҳо низ маҳдуд хоҳад гашт. Ин амал ба хотири таъмини амнияту тартиб дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи МҲТБО пеш гирифта шудааст.

   

 

Чоршанбе, Июн 12 2019

    Вазорати маориф ва илми ҶТ вобаста ба он ки тӯли чанд ҳафта ва рӯзҳои охир дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна сару садоҳо дар атрофи то 14.06.2019 тамдид ёфтани мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ зиёд шуда истодааст, вокуниш кард. Дар баёнияи вазорати номбурда, ки рӯзи 11.06.2019 нашр шуд, вазорати маориф ва илми ҶТ аз кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорон, падару модарон, хонандагону донишҷӯён, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш менамояд, ки аз ин тасмимоти гирифтаи вазорат ҳар гуна ҳангомаи бардурӯғ насозанд.

   Вазорати маориф ва илми ҶТ бо такя ба 1 қатор қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва таҷрибаи кишварҳои дигари ҳамсоя, аз ҷумла мегӯяд, ки қаблан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дарс аз 1-уми сентябр оғоз гардида, 7-уми июн ба анҷом мерасид. Давомнокии таҳсил 34 ҳафтаи таълимиро (дар синфҳои якум 33 ҳафта) ташкил медод, вале бо сабаби ба рӯзҳои ид рост омадани 12 рӯзи он, амалан соли таҳсил 32 ҳафтаро фаро мегирифт. Инчунин, соли таҳсил ба 2 нимсола ҷудо мегардид: нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр ва нимсолаи дуюм аз 1 феврал то 7 июн. Дар давоми соли таҳсил ба хонандагон ду маротиба-аз 1 то 31 январ таътили зимистона ва аз 7 июн (бе назардошти давраи имтиҳонот) то 31 август таътили тобистона муқаррар гардида буд, ки ба маҳдудияти истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ вобастагӣ дошт.

   Масъалаи дигар, ки миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдро ба миён овардааст, манъи чорабиниҳои «Занги камолот», «Хайр боғча» ва «Хайр Алифбо» мебошад. Хусусан, масъалаи таҷлили «Занги камолот» чанд соли охир ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш оварда, дар ин замина падару модарони хатмкунандагон барои ба танзим даровардани чорабинии мазкур ба унвонии Вазорати маориф ва илми ҶТ таклифу пешниҳодҳо менамуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 4-5 соли охир дар робита ба таҷлили «Занги камолот» зиёфатороиву туҳфаситонӣ, омадан бо мошинҳои шахсӣ ба муассисаи таълимӣ, ба сайру гашт ва ё тарабхона рафтани хонандагон мушоҳида мешуд, ки маблағҳои зиёдеро беҳуда талаф медод. Ҳамзамон, бо иштироки хатмкунандагон садамаҳои нақлиётӣ ба вуқӯъ меомад, ки дар натиҷа нафарони зиёде зарар медиданд ё ҳатто ҳалок мегаштанд. 

   Садҳо далелҳо ва гузоришу мактубҳо аз номи падару модарон, сохторҳои қудратӣ ва мардуми баору номуси тоҷик дар он солҳо ба унвони Вазорати маориф ва илм дар робита ба бесарусомониҳои чорабинии «Занги камолот», «Хайр боғча» ва «Хайр Алифбо» ворид гардида буд, ки аз вайрон гаштани низоми ин чорабиниҳо, хусусан «Занги камолот» дар муассисаҳои таълимӣ шаҳодат медоданд.

    Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки зина ба зина барои пурра аз байн бурдани чорабиниҳои номбаршуда аз тамоми имкониятҳо истифода намояд. Ҳоло ин чорабиниҳо ба пуррагӣ аз байн бурда шуда, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба ивази онҳо омодагии хонандагон ба имтиҳонҳо ва дарсҳои машваратӣ роҳандозӣ шудааст, ки ба манфиати хонанда, падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа мебошад.

 

 

 

Панҷшанбе, Май 30 2019

 Ширкати хитоии «Синохайдро» тасмим гирифтааст дар н.Данғара ва шаҳрҳои Леваканду Бохтар 3 мактаби замонавӣ бунёд намояд. Санги асоси ин муассисаҳои нави таълимӣ рӯзи 27.05.2019 ботантана гузошта шуд.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, сохтмони муассисаи таълимии №16 барои 640 ҷойи нишаст дар маркази н.Данғара, сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Леваканд ва Бохтари вилояти Хатлон сохтмони ин мактабҳо оғоз ёфт.

   Лоиҳаи сохтмони муассисаҳои мазкур аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абрис» омода гардида, фармоишгар Вазорати маориф ва илми ҶТбуда, дар доираи амалигардонии лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии Hepӯгоҳи барқи обии Сарбанд аз ҳисоби ширкати Хитоии «Синохайдро» сохта мешаванд.

   Муассисаи таълимии №16 дар маркази н.Данғара аз 24 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона барои 80 ҷой ва толори варзишӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.

   Лоиҳаҳои дар шаҳрҳои Леваканд ва Бохтар татбиқшаванда аз 13 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, китобхона бо толори хониш, толори маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 48 ҷой ва толори варзишӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат мебошанд.

 

Панҷшанбе, Май 30 2019

Дар ш.Бохтар бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Хатлон ва раиси ш.Бохтар Абдуалим Исмоилзода, инчунин намояндагони Ҷумҳурии Халқии Чин ва дигар масъулон санги асоси сохтмони муассисаи таълимӣ барои 320 нафар хонанда гузошта шуд. Гуфта шуд, ки ин муассиса бо шароити наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Муассисаи таълимӣ аз 18 синфхонаи дарсӣ, китобхона бо тарҳи нав, синфхонаҳои лаборатории физика, химия ва биология, синфхонаи компютерӣ иборат аст. Маҷлисгоҳ бо 200 ҷои нишаст, майдончаҳои варзишии волейбол, футбол ва баскетбол, толори варзишии калон ба нақша гирифта шудааст. Иншооти ёрирасон ва системаи гармидиҳии дохилӣ дар шакли муосир пешниҳод хоҳад шуд. Ба иттилои масъулини шуъбаи маорифи шаҳр дар ҳолати ба истифода супоридани муассисаи таълимии мазкур мушкилоти асосии соҳа, нарасидани ҷои нишаст барои хонандагон то андозае бартараф мегардад. Зеро имрӯз бо ин сабаб дар қисмате аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълим дар 2-3 баст ба роҳ монда шудааст.

Баҳодури Абдусалом, СССР ш. Бохтар

 

 

саҳ 30 аз 44

Китобҳо

Flag Counter