ХАБАРИ ДОҒ

Мактаби фиреб, ё фиреби мактаб?

  • Душанбе, Апр 03 2017


Салом, СССР! Дар н.Истаравшан бо вуҷуди пешравӣ камбудиҳо низ дар соҳаи мактабу маориф ҷой доранд, ки он мушкилии асосию хавфноктарин буда, бинобар бемасъулиятиву хунукназарии шахсони масъули Раёсати маориф, ҷамоати деҳот ва дигар бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Истаравшан ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Суғд боиси ташвиши хонандагону омӯзгорон ва сокинони деҳоти Обҷувоз, Болғалӣ ва шаҳраки «Дилшод»-и ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и ш.Истаравшан шудааст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо бинои МТМУ №50 ба номи Шариф Каримови деҳаи Обҷувоз аст. Ин бино ҳанӯз с.1959 ба таври ҳашари умумихалқӣ бунёд шуда, айни замон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бояд гуфт, ки 1 қисми бинои ин мактаб бинобар корношоям шуданаш дар соли таҳсили 2008-09 бо ташаббуси сарвари мактаб ва бо иҷозати шахсони масъули шаҳр вайрон карда шуда, боз бо кӯмаку дастгирии сокинони деҳаҳои мазкур дар 1 гӯшаи саҳни мактаб бо хишти хому масолеҳи пастсифати сохтмонӣ тариқи ҳашари оммавӣ 10 синфхонаи иловагӣ сохта шуд. Мутаассифона, таҳкурсии бино с.1970 гузошта шуда, роҳравҳои бино хеле танг буда, бинобар дар дохили синфхонаҳо боз шудани дари синфхонаҳо ва ба талаботи зиддисӯхторӣ ҷавобгӯ набуданаш таҳсили хонандагонро дар ин бино ашхоси масъули ҚМҲ- 10-уми хадамоти давлатии оташфишони Истаравшан (Камолов Ф.) қатъиян манъ карданд. Вале раиси маорифи шаҳр (Фозилов Р.) дар якҷоягӣ бо мутасаддиёни Истаравшан бинои мазкурро бинобар сабаби ба синфхонаҳои таълимӣ эҳтиёҷот доштани хонандагон мавриди истифода қарор дода, аз тақдири насли наврас, ки ояндаи миллату давлатанд, андеша накарданд.
Ногуфта намонад, ки дар мактаби мазкур 692 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки баҳри таълиму тарбияи онҳо 42 омӯзгори дорои маълумоти олӣ ва таҷрибаи бойи корӣ, пайваста заҳмат мекашанд. Дар мактаб бошад барои ҷалби хонандагон ба соҳаи варзиш ва гузаронидани ҷамъомаду чорабиниҳои мактабӣ тӯли чанд сол паст, ки толору майдончаи варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, инчунин барои инкишофи зеҳнию равонии муҳассилин толори хониш ва китобхонае ба талабот ҷавобгӯ нест! Ҳарчанд, мо сокинон муддати чанд соли Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудӣ ва сохтмони наву замонавии мактаби мазкур ба унвонии мақомоти дахлдори шаҳру вил.Суғд муроҷиат намуда бошем ҳам, вале афсӯс, ки ба муроҷиати чандинкаратаи мо бо вуҷуди аз ин ҳолати ногувор бохабар будани шасхони масъули мақомотҳо ягон чораю тадбирҳои зарурӣ андешида нашуд. Ҳол он ки дар асоси ҷавобҳои бешумори аз тарафи масъулини мақомоти дахлдор ба мо дастрасшуда, бояд сохтмони мактаби нав аз буҷети вилоят дар рӯйхати иншооти сохтмони асосии вилоят дар солҳои 2014-15 ворид карда шуда, ба маблағи 1800000 сомонӣ бунёд карда мешуд, вале то имрӯз бо иваз шудани ҳар 1 роҳбар мушкилии мо ташвишовар боқӣ монда, ҷавобҳо рӯи коғаз мондааст! Ваъдабозиҳои ҳокимон то кай давом мекарда бошад?!


Хуршеди Азиз, Холов Мурод ва дигар сокинони
деҳаи Обҷувоз, ш.Истаравшан, тел: 92 608 28 28

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter