Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ дар нишасти ахири матбуотӣ, ки рӯзи 19.07.2019 сурат гирифта, ба ҷамъбасти натиҷаҳои соҳаи маориф ва илми кишвар дар нимсолаи 1-уми соли ҷорӣ бахшида шуда буд, гуфт, ки вазорат ният дорад дар назди коллеҷи техники Донишгоҳи техники Тоҷикистон фабрикаи истеҳсоли пойафзоли бачагона таъсис диҳад ва барои ин кор алакай муттахассисон аз Ҳиндустон низ ҷалб шудаанд.
- Модоме, ки сарулибоси мактабӣ ягона аст, пас попӯш ҳам ягона мешавад. Чӣ бадӣ дорад, вақте хонандагони мактаб бо пойафзоли ватанӣ таъмин шаванд? Тасаввур кунед, 2 миллион хонанда ба ғайр аз студентҳо дорем. Агар дар 1 мавсим 1 хонанда се ҷуфт пойафзол пӯшад, солона шаш миллион ҷуфт ва шояд аз ин бештар шавад. Ҳоло мо донишҷӯёнро ҳисоб накардем. Дар тамоми гӯшаю канори мамлакат марҳила ба марҳила истеҳсоли пойафзори бачагона роҳандозӣ мешавад ва соҳибкорони ватанӣ низ ба ин раванд ҷалб гарданд. Гумон мекунам, ин қарор дуруст аст. Майда-майда истеҳсоли пойафзорро сар мекунем, фурӯш озод мешавад, - таъкид намуд Нуриддин Саид.
СССР