Президенти Беларус Александр Лукашенко нақл кард, ки бо ташаббуси ӯ дар кишвар амалиёти тафтиши кормандони ГАИ ба роҳ монда шудааст: “Мо хостем бифаҳмем, ки кормандони ГАИ-и мо ришва мегиранд ё не?”. Президенти Беларус аз натиҷаи тафтиш изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: “Дар тафтиши охирин ҳатто 1 нафар ҳам ришва нагирифт. Яке аз онҳо, дар ҳамин майдони назди Қасри Истиқлолият мегуфт, не намегирам, на имрӯз ва на фардо. Биравед! Яъне ӯ ба таъбире “чуткааш” ба кор даромад ва вазъиятро фаҳмид. Ин боиси ифтихор аст”. Лукашенко инчунин аз тарафдоронаш хост, миёнҳоро маҳкам бибанданд ва ба ҳам омада, ин давраи мураккабро пушти сар кунанд.
PS: Албатта, Батко мехоҳад Беларусро мисли Аврупо ҷилва диҳад. Аммо шояд ГАИ-ҳо медонистанд, ки кай тафтиш мешаванд ва ҳамон рӯз ришва нагирифтанд?!
Президенти Россия Владимир Путин қабри президенти аввали ин кишвар Борис Елтсинро зиёрат кард. Путин Елтсинро масъулиятшинос хонд ва хеле аз ӯ ситоиш карда, гуфт: Елтсин Россияро дар яке аз сахттарин давраҳои таърихӣ, гуфтан мумкин давраи ҳассос сарварӣ кард. Елтсин аз дигарҳо бо ин фарқ мекард, ки ҳеҷ гоҳ аз пазируфтани масъулият намеҳаросид. Қисмат ба дӯши ин мард масъулияте гузошт ва Борис Николаевич бо сарбаландӣ ин масъулиятро иҷро кард. Кишвар бояд ҳеҷ гоҳ ин гуна афродро фаромӯш накунад.
PS. Владмир Владимирович каме иғроқ мекунад. Ин Елтсин буд, ки Россияро ба он ҳолати “ҳассос” расонид. Чандон масъулиятшинос ҳам набуд. Ҳазорон ваъдаи хушку холӣ доду ҳеҷ кадомашро иҷро накард. Вале Путин дуруст мегӯяд кишвар бояд Елтсину елтсинбаринҳоро дар хотир дошта бошад ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунад...
Президенти Беларус Александр Лукашенко ворид кардани сензура ё маҳдудиятро ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар сар то сари ҷаҳон як амри зарурӣ қаламдод карда, гуфт: “Шояд касе, ки ин морро сохт ва аз кӯза берун кард, худаш ин равандро оғоз кунад. Мо ин корро, аслан карда наметавонем. Агар 1 ҷо масдуд кардем, инҳо аз ҷои дигар сар мебароранд”. Лукашенко, шадидан муқобили дахолат ба ҳарими хусусӣ ва зиндагии шахсии афрод ва тахриби сохти иҷтимоӣ-сиёсии давлатҳо баромад карда, гуфт: “Бо ёрии шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенджерҳо, ҳоло мешавад инқилобӣ сайёравиро роҳандозӣ кард”.
Батко дақиқан Амрико ва тазоҳуроти азхирӣ дар ин давлатро дар назар дошт, ки Кохи Сафед харобкорони вашингтониро “Террористи худӣ” муаррифӣ кардасту хулиганҳои беларусиро “демократ”.
Президенти Украина Владимир Зеленский мардуми кишварашро бо Рӯзи ваҳдат табрик кард ва орзуи ҳамаи украиниҳоро ошкор сохт. Ба гуфти Зеленский, орзуи асосӣ ин ваҳдати миллат мебошад, на ваҳдати заминҳо ва ҳудуд. Зеленский гуфт: “Ин Рӯзи ифтихори мост. Рӯзест, ки аҷдододони мо ба ҳам пайвастанд ва мубориза барои Украинаи мустақил оғоз гардид. Мутаасифона, он ҳангом ба ходимони давлатӣ ҳикмат ва фаҳмиши комил нарасид, то кишвари мустақили худро нигаҳ доранд. Ва ин Рӯз барои мо дардовар ҳам ҳаст. Чун 100 сол баъд аз он, Қрим ва қисмате аз Донбас ҳам аз Украина канда шуд”.
Президенти Русия Владимир Путин бобати натиҷаи дидораш бо сарварони Арманистон ва Озарбойҷон, ки дар Маскав ба вуқӯъ пайваст ибрози назар кард.
Путин гуфт: “Маскав, Ереван ва Боку гурӯҳи кориро барои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи Қарабоғи Кӯҳӣ созмон медиҳанд. Дар кӯтоҳтарин фурсат, муовинони сарвазирони се кишвар, нақшаҳои мушаххаси рушди зерсохторҳои ҳамлу нақл ва иқтисодии минтақаро пешкаш мекунанд. Аввалин нишасти гурӯҳ 30 январ доир мегардад”.
Путин инчунин қайд кард, ки тарафҳо оташбасро дар минтақа риоят мекунанд ва ҳеҷ даргирии ҷиддие аз замони имзои созишномаи сулҳ, дар Қарабоғ рух надодааст. Ба гуфти Путин аллакай 48 000 гуреза дар Қарабоғ ба хонаҳояшон баргаштаанд.
Президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев марги наберааш Айсултон Назарбоевро талафоти бузург барои оилаашон унвон кард. Назарбоев гуфт: “Мутаасифона дар соли 2020 мо 1 набераамонро аз даст додем, ки хеле ба ман монанд буд. Ман аз марги ӯ хеле мутаассифам, ӯ хеле зуд моро тарк кард”
Ба гуфти Назарбоев, оилаи онҳо Айсултонро дар Маскав ва Лондон табобат кард, вале бе натиҷа. Президенти аввалини Қазоқистон гуфт: “Албатта мешуд ӯро ба ҳеҷ ҷо нафиристем, аммо ӯ аллакай ғуломи ин кор шуда буд ва наметавонист аз он даст кашад”. Ногуфта намонад, ки Айсултон Назарбоев писари духтари президенти собиқи Қазоқистон Дарига Назарбоева ва марҳум Роҳат Алиев буда, дар Лондон аз нашъамандӣ табобат мегирифту зидди бобояш амал мекард ва аз оппозитсияи қазоқ маҳсуб мерафт. Падараш-Роҳат Алиев мисли небари Нурсултон дар зиндони Австрия бо иллати тамоман номаълум фавтида буд...
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар