Бо Қарори Раиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсуддинович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ озод карда шуд.
Бо Қарори Раиси Ҳукумати ҶТ ба ҷойи ӯ Давлатзода Дилмурод Ашурбек директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ таъин карда шуд.
Бо Қарори Ҳукумати ҶТ Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон сардори нави Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ таъин гардида, бо ин сабаб аз вазифаи муовини вазири нақлиёти ҶТ озод карда шуд.
Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дар ин вазифа Қурбонзода Хуршед Ҳазратро, ки дар пайи интиқоди Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи роҳҳои кишвар ва ҳаракати мошинҳои гаронвазн тавассути роҳҳои ба тозагӣ таъмиру таҷдидшуда, ки зимни мулоқот бо кормандони мақомотҳои гумруку андоз ва соҳаи молияву бонкдорӣ рӯзи 10.05.2019 сурат гирифт, аз ин мақом сабукдӯш карда шуд.
Бо Фармоиши Раиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон тибқи моддаи 32 Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба Каримзода Хуршед Абдураҳмон-сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ танбеҳ дода шуд. Инчунин, бо ҳамин сабаб ба Турсунзода Азим Ҳайдар-муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф-муовини сардори Хадамоти гумрук, Шерализода Хуршед-муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ҳам бо сабаби ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабиашон танбеҳ дода шуд. Бо Амри Президенти ҶТ ба Нурмаҳмадзода Ҷамшед-раиси БМТ, Нуралиев Ҷамолиддин Камолович-муовини якуми раиси БМТ, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло-муовини раиси БМТ, Салимова Лола Ҷумаевна-муовини раиси БМТ бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон танбеҳ дода шуд.
Парламенти Украина зери қонуне имзо гузошт, ки мақоми забони украиниро ҳамчун забони расмии давлатӣ таъйин мекунад. Петро Порошенко-президенти имрӯза, ки муҳлати раёсаташ моҳи июн ба поён мерасад, гуфт, то он замон қонуни мазкурро имзо мекунад. Дар қонун омадааст, ки ягона забони расмии давлатӣ дар Украина забони украинист.
Президенти Русия Владимир Путин тарҷумонеро, ки ӯро дар мулоқот бо сарвазири Шветсия Стефан Левен ҳамроҳӣ мекард, ислоҳ кард ва барои хатоии роҳдодааш ӯро шӯхиомез "бандит" номид. Тарҷумон калимаи "дӯст"-ро ба "ҳамкор" иваз кард ва Путин инро зуд пай бурду таъкид кард, ки "ҳамкор" не, "дӯст". Путин ҳини изҳороташ дар бораи ҳамкориҳои Русияву Шветсия тоҷирони шведро дӯстони Русия номид, ки ба иқтисоди кишвар 5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сар аз 1.04.2019 арзу доди шаҳрвандони кишварашро мустақиман ва билофосила шунидан дорад. Барои ин махсус дар шаҳри Тошканд-пойтахти Ӯзбекистон қабулгоҳ боз шудааст. Бахтиёр Ҷамолов, масъули Қабулгоҳи мардумии дастгоҳи президенти Узбекистон гуфтааст, бо касоне, ки дар рӯйхат номнавис шудаанд, Мирзиёев шахсан мулоқот мекунад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар