ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Окт 11 2018


Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои 18-19 октябр аз Узбекистон боздид мекунад. Дар доираи сафари расмии ӯ ба Тошканд нахустин форуми ҳамкориҳои байниминтақавии Узбекистону Русия баргузор хоҳад шуд. Русия дар ҳоли ҳозир, яке аз шарикони асосии тиҷоратии Узбекистон аст. Дар ин кишвар беш аз 960 корхона бо сармояи Русия фаъолият мекунад. Бино ба пешбиниҳои коршиносони Палатаи савдо ва саноати Узбекистон, шумори ин корхонаҳо то охири сол ба 1000 хоҳад расид.

Панҷшанбе, Окт 11 2018


Рамазон Қодиров-президенти Чеченистон дар ҳузури ходимони Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки ҳар як лашу луши фурӯхташуда аз ҳар канори дунё ба мурофиаи Аюб Титиев наояд. Ӯ фаъолони ҳуқуқи башарро террористу экстремист номида қавл дод, ки баъди додгоҳи Титиев Чеченистон барои онҳо қаламрави мамнӯъ хоҳад буд. Ба гуфти ӯ, фаъолони ҳуқуқи инсон намегузоранд, ки мардуми Чеченистон ором зиндагӣ кунад. Бояд гуфт, ки Қодиров корманди созмони "Мемориал" Аюбро, ки ба нигаҳдории маводи мухаддир муттаҳам шудааст, "наркоман" номид. Шӯрои Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ қазияи Титиевро сохта медонанд ва талаб кардаанд, ки ӯ оҷилан озод шавад.

Чоршанбе, Окт 03 2018


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов беш аз 1700 нафарро афв ва зиёда аз 740 касро ба шаҳрвандӣ қабул кард. Дар ин бора дар ҷаласаи васеи девони вазирони ин кишвар бо раҳбарии президент хабар дода шуд. Ҷаласаи васеи девони вазирон дар рӯзи оғози нахустин ҷаласаи Маҷлиси халқӣ баргузор гардид, ки бо сабабҳои номаълум ва бидуни шарҳ ба таъхир гузошта шуда буд.

Чоршанбе, Окт 03 2018


Игор Додон-президенти Молдова дар ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ перомуни сиёсати хориҷии кишвараш ва хитоб ба хатоиҳои Украина гуфт, ки «барои мо муҳим ин аст, ки иштибоҳҳои Украинаро такрор накунем. Боқӣ, ун қадар муҳим нест! Муҳим ин аст, ки Кремл аз мо наранҷад ва робитаи сиёсиро бо Русия дуруст нигоҳ бидорем!»

Ҷумъа, Сен 28 2018


Шоми 27.09.2018 дар Бӯстонсарои Ҳукумати ҶТ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд. Дар Шоми дӯстӣ муҳтарам Э.Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар Бӯстонсарои Ҳукумати ҶТ ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табии диёри биҳиштосои мо дидан карданд. Дар намоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табии кишвари мо ба маъраз гузошта шуда, ба меҳмонони олимақом хеле писанд омад. Воқеан ҳам Тоҷикистон кишвари офтобрӯяву дорои неъматҳои бебаҳои табии буда, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва дар ҷаҳон бо меваю сабзавоти аълосифат, хушкмеваҳо ва таомҳои лазизи миллӣ шуҳрати беандоза касб намудааст. Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзейи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он  ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд. Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полизиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату таъми ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд.
Тавре аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, маҳсулоти боғу токпарварони Тоҷикистон ва хушкмеваҳо, ки шоми имрӯз намудҳои гуногуни онҳо ба намоиш гузошта шуда буданд, аксаран маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб рафта, ҷониби кишвари мо омодааст, ки бо давлатҳои ҳавасманди аъзои ИДМ ва дигар давлатҳо ҷиҳати таъмини маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯзҳо ифтихори давлату миллати мо мебошанд одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму ойинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд. Сарвари давлати мо муҳтарам Э.Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд. Шоми дустӣ барои Сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои узви ИДМ хеле писанд омад ва меҳмонони олимақом бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.

Панҷшанбе, Сен 27 2018


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, аз корхонаи алюминийи тоҷик – ТАЛКО – дидан кард. Корхонаи алюминийи тоҷик дар шаҳри Турсунзода, дар наздикии марз бо Узбекистон ҷойгир аст. Мирзиёев бо ҳадафи иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) рӯзи 27-уми сентябр ба Тоҷикистон омад. Аз аввали имсол ин сафари дувуми ӯ ба кишвар аст. Дар ҳамин рӯз марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон – "ТАЛКО-КРАНТАС" низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин корхона тавлиди мошинҳои боркашро дар назар дорад. Ва ду тараф дар бораи бунёди корхона моҳи марти имсол ба тавофуқ расиданд.
Ҳоло ТАЛКО созишномаеро имзо кардааст, ки бар асоси он ҳар сол 10.000 тонна метали алюминийро аз Тоҷикистон ба Узбекистон интиқол хоҳад дод. Тоҷикистону Узбекистон якдигарро шарикони стратегӣ номиданд. Раҳбарони 2 кишвар рӯзи 27-уми сентябр гуфтанд, равобити хуби Тошканду Душанбе аз афзалиятҳои кори онҳост. Дар 6 моҳи аввали имсол Тоҷикистону Узбекистон ба маблағи 117 млн доллар додугирифт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар будааст. Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 66 миллион доллар маҳсулот содирот карда, аз ин кишвар ба маблағи 51 миллион доллар коло ворид намудааст. Нахустин сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзи 9-уми марти имсол сурат гирифт. Он замон миёни 2 кишвар 27 созишнома имзо шуд, ки шароити бидуни виза сафар кардани шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар то сӣ рӯз яке аз онҳост.

саҳ 50 аз 104

Китобҳо

Flag Counter