ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Сен 20 2018

  
Дар пайи интиқоди президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартибот дар маркази ВМКБ, хосса ш.Хоруғ Маҳтобшозода Арамбегим Бозор аз вазифаи раиси ш.Хоруғ барканор шуда, ба ҷойи ӯ Кишвар Шамиров раиси ин шаҳр таъин гардид.
Инчунин, бо фармонҳои президенти кишвар Имомназар Хӯчаназаров аз вазифаи раиси н.Рӯшон барканор шуда, ба ҷойи ӯ Фаррух Додихудоев ба ин мақом омада, ба ҷойи раиси н.Роштқалъа Юсуф Султонноёбов Давлатшо Мамадшоев таъин гашт.



Панҷшанбе, Сен 13 2018


  Рӯзи 12.09.2018 бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба сохтмони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Хоруғ санги асос гузошта шуд.
   Бояд қайд намуд, ки бинои нави ҳукумат дар масоҳати 1 га. бунёд ёфта, он аз 7 ошёна иборат хоҳад шуд. Дар ошёнаҳои аз 1 то 7-уми бино ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсатҳои мақомоти шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, идораву ташкилотҳои давлатии шаҳрӣ, толори калони маҷлис бо 400 ҷой, ошхона бо 140 ҷой ва ғайра ҷойгир карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, иншооти муосир дорои 150 ҳуҷра бо 300 ҷойи корӣ мегардад.
   Ёдовар мешавем, ки аз 11 то 15 сентябри соли ҷорӣ президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо сафари кори дар шаҳру ноҳияҳои ВМБК қарор дошта, боздиди хешро нахуст аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз оғоз намуда, сипас ба Рошқалъа ва Хоруғ сафар кардааст.


Чоршанбе, Сен 12 2018


Президенти Русия Владимир Путин дар 1 муроҷиати телевизионӣ ба мардуми кишвараш гуфт, ки “баъди ислоҳоти нафақа занҳо метавонанд дар синни 60, на 63-солагӣ, ки дар пешниҳоди қаблии ҳукумат буд, ба нафақа бароянд”. Ҳоло дар Русия синни бознишастагӣ барои мардҳо 60 ва барои занҳо 55 аст. Путин ҳамчунин пешниҳод кард, ки ислоҳот ҳуқуқи модарони серфарзандро барои нафақаи барвақтӣ дар назар бигирад ва барои аз кор рондани афроди синни нафақа масъулият таъин кунад.

Чоршанбе, Сен 12 2018


Президенти Украина Петро Порошенко зери тарҳи тағйирот ба Қонуни асосие имзо гузошт, ки ба ҳамоиши Украина бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупо бастагӣ дорад. Порошенко ҳамчунин ба парламенти кишвараш пешниҳод кард, аз Қонуни асосӣ бандеро бардоранд, ки ба иҷораи пойгоҳҳои низомии кишвар аз тарафи нерӯҳои хориҷӣ иҷоза намедиҳад. Ҳамкории Петро бо НАТО дар ҳолест, ки Александр Захарченко-раҳбари ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Украина дар натиҷаи 1 таркиш, назди қаҳвахонае дар ш.Донетск ҷон дод. Ҳоло Кремли путинӣ мақомоти Украинаро дар ин суиқасд муттаҳам кардаанд.

Панҷшанбе, Сен 06 2018


Александр Лукашенко-президенти Беларуссия гуфт, ки барои эҷоди сулҳ,  бозсозии Сурия ҳаматарафа кумак хоҳад кард. Ӯ дар 1 барқия гуфтааст, аз муборизаи Сурия алайҳи терроризм ва ҳамчунин, аз президентии Башор Асад пуштибонӣ мекунад. Асад бошад маблағи барқарории Сурияро 400 млрд. доллар ҳисоб кардааст.

Панҷшанбе, Сен 06 2018


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар саммити Бунёди байналмилалии ҳифзи баҳри Арал (IFSAS) масъалаи маҳдудияти тақсими об дар Осиёи Марказӣ ва ҷадвали саҳмгузории кишварҳои минтақа ба бунёди Аралро пешниҳод кард. Ӯ аз фаъолияти IFSAS танқид карда гуфт, ки бунёд ва сохторҳои он бо назардошти манофеъи кишварҳои болооб навсозӣ шаванд. Ӯ ҳамчунин гуфт, бояд ҷуброни обҳое пардохта шавад, ки дар замони СССР ва баъд аз он барои обёрӣ кардани заминҳои Қазоқистону Узбекистон аз обанбори Қирғизистон истифода шудаанд. Бояд гуфт, ки раҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ-Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон барои ёфтани роҳи ҳифзи Баҳри Арал дар Туркманистон ҷамъ шуданд.

саҳ 52 аз 104

Китобҳо

Flag Counter