ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Дек 15 2017


Бонки марказии Русия пешниҳоди чопи пул бо портрети президент Владимир Путинро рад кард. Аз ин пештар 1 иттиҳодияи соҳибкорони Русия хоста буд, ки бо назардошти хидматҳояш пули 10.000-рублиро бо портрети Путин чоп кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон пули нав бо акси президент Назарбоев аллакай чоп шуда буд.

Ҷумъа, Дек 15 2017


Шавкат Мирзиёев-президенти Ӯзбекистон зери фармоне имзо гузошт, ки ба эътибор гирифтани эътирофи гуноҳҳоро зери шиканҷа манъ мекунад. Дар фармон омадааст, ки давоми 3 моҳ боздоштгоҳҳо бояд бо дурбинҳои назоратӣ таъмин шаванд. Тибқи ин фармон, аз ин пас дар Ӯзбекистон шоҳидии шоҳидон, ҷабрдида, гумонбар, айбдоршаванда, судшаванда, хулосаи тиббӣ, далели шайъӣ, сабти садо ва навор, ки бо вайрон кардани қонунгузории мурофиавӣ ба даст омадаанд, ба эътибор гирифта нахоҳанд шуд...

Душанбе, Дек 04 2017


Собиқ президенти Гурҷистон-Михаил Саакашвили (раҳбари пешини вилояти Одесса), ҳоло лидери «Руха новых сил» (“Ҳаракати нерӯи ҷадид”)-и украиниро то охири ҳамин сол аз қаламрави ин кишвар абадан ронданиянд. Дар ин амалиёт раҳбарияти Киев омодагии сахт мебинад. Тибқи сарчашмаҳои хабарӣ, Михаил на ба Гурҷистон, балки ба Полша ва ё дигар кишвари хориҷӣ “депорт” хоҳад шуд. Дар дигар кишвар низ ин интригант ҳатман ягон инқилоб хоҳад карду мардуд хоҳад шуд. Неши ақраб...

Душанбе, Дек 04 2017


Президенти ҷадиди Қирғизистон-Сооронбой Ҷеенбеков ба президенти пешин Алмосбек Отамбоев унвони "Қаҳрамони миллӣ"-ро дар 1 маҷлиси тантанавӣ тақдим кард. Маъмурияти президенти нав гуфтааст, унвони "Қаҳрамони миллии Қирғизистон" ва медали "Шоҳини сафед” ба Отамбоев барои хизматҳояш дар таҳкими давлати Қирғизистон тақдим шуд. Аз рӯи Қонуни асосии Қирғизистон Отамбоев ҳақ дошт барои 1 даври дигар президент интихоб шавад, аммо нахост.

Душанбе, Дек 04 2017


Сардори Раёсати муҳофизати давлатии Украина-Валерий Гелетей дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки соли 2014 чандин бор ба ҷони Петро Порошенко-президенти ин кишвар суиқасд анҷом шудааст, ки то ҳол касе дар ин хусус намедонад. Ҳатто дар вақти савгандёдкунии президент ӯро бо снайпер нишон гирифта буданд, аммо хушбахтона тир хато хӯрд.

Душанбе, Нояб 27 2017


Тибқи 1 назарсанҷии "Левада-Центр" русиягиҳо камбудии аслии Владимир Путин-президенти кишварашонро «набуди додугирифти наздик бо одамони оддӣ" номидаанд. Дар ин бора ТВ РБК низ гузориш дод. Аз ин миён 7% инчунин норозиянд, ки президент бо фасодкорӣ мубориза намебарад ва дуздҳоро дар атрофаш ҷамъ кардааст. Ҳамзамон 20%-и пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки Путин ягон камбудӣ надорад.

саҳ 69 аз 104

Китобҳо

Flag Counter