ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Нояб 13 2017


Дар масҷидҳои Узбекистон истифодаи баландгӯяк-микрофон барои гуфтани азони намозҳоро иҷозат додаанд. Ёдрас мешавем, ки муфтиёти Узбекистон моҳи гузашта аз президент Шавкат Мирзиёев хоста буд, ки истифодаи баландгӯяк барои гуфтани азон ва ҳамчунин пӯшидани ҳиҷоб барои занонро иҷозат дода, дар мактабҳо фанни диншиносӣ ҷорӣ кунанд. Инак, чанд рӯз боз дар масҷидҳои Узбекистон азонро бо микрофон мехонанд.

Душанбе, Нояб 13 2017


Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров зимни 1 баромади телевизионии худ даъват кард, ки ҷасади Владимир Ленин-доҳии пролетариати ҷаҳонро аз мавзолей бароварда, ба хок супоранд. "Бас аст мурдаро тамошо кардан",- гуфт ӯ. Ба назари Қодиров дуруст нест, ки дар пойтахти Русия, дар Майдони сурх, тобуту ҷасад нигоҳ дошта шавад.

Душанбе, Нояб 13 2017


Афсари собиқи КГБ-и шӯравӣ, Владимир Путин-президенти Русия дар шаҳри Маскав зимни таҷлил аз 100-солагии Инқилоби Кабири Октябр суқути шӯравиро “бузургтарин фалокати геополотикӣ” дар қарни 20 номид. Вале ӯ худи Ленинро дар соли 2016 танқид карда буд, ки ба қавли ӯ, дар Русия “бомбаи соатӣ” гузошт.

Чоршанбе, Нояб 08 2017


Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф субҳи имрӯз-8.11.2017 ба Душанбе омад. ВКХ ҶТ аз масъалаи шарҳи ҳадафҳои сафари Зариф худдорӣ меварзад. Агентии хабарии «Fars» ҳадафи аслии сафари ӯро ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Тоҷикистон унвон карда, ҳамчунин гуфтааст, ки дар ҷараёни сафар вохӯрии ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст. Дар ин сафар Зарифро вазири энергетика ва масъалаҳои захираҳои оби Эрон Ризо Ардакониён ҳамроҳӣ мекунад.

Душанбе, Нояб 06 2017


Нашрияҳои мустақили Ӯзбекистон нахустин бор аз фактҳои дигари “автобиография”-и Ислом Каримов хабар доданд: Президенти раҳматӣ ғайр аз 2 духтар, 1 фарзанди дигар ҳам доштааст, ки то имрӯз ягон манбаъи расмӣ аз он нагуфта буд. Инак, бори аввал сайти расмии Маҷмааи маърифативу илмии Ислом Каримов дар тарҷумаи ҳоли ӯ менависад, ки Каримов соҳиби 3 фарзанд ва 6 набера буд. Агентии хабарии “kun.uz” дар 1 гузориш навиштааст, ки Каримов бори аввал 1.03.1960 ба Наталя Петровна Кучма ном зане оиладор шудааст. Онҳо баъди соҳиби 1 писар шудан, аз ҳам ҷудо мешаванд. Ислом Каримов бори дуввум Татяна Акбаровнаро ба занӣ мегирад. Аз ин никоҳ ӯ 2 духтар дорад-Гулнора (с.тав.1972) ва Лола (1978). Ҳамсари аввали ӯ-Наталя Кучма с.2008 дар Тошканд вафот кардааст. Писари онҳо-Петр Каримов ҳоло дар вилояти назди Маскави Русия мезияд. Воқеан ҳам дар бораи Петр Каримов газетаи мардумии СССР кайҳо навишта буд. Мо Метавонем!

Душанбе, Нояб 06 2017


Баъди он, ки президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳамсоякишвараш-Қазоқистонро барои дахолат дар корҳои интихоботи президентияш муттаҳам кард, мақомоти Остона дар тӯли беш аз ним моҳи санҷиши мошинҳои ҷониби Бишкек дар марз садҳо ҳолати қонуншиканиро ошкор намуданд. “Намояндагони кумитаи нақлиёти Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон аз 10 то 30.10.2017 360 қонуншикании мошинҳои борбари қирғизро ошкор кардаанд. Дар ин давра дар ҷамъ 3054 воситаи нақлиёт санҷида шуд”, - омадааст дар ахбороти вазорат.

саҳ 71 аз 104

Китобҳо

Flag Counter