Генпрокуратураи Украина президенти собиқи ин кишвар Виктор Януковичро ба табаддулоти конститутсионӣ, ё ғасби қудрат дар с.2010 муттаҳам кард. Дар ин бора Генпрокурор-Юрий Луценко дар саҳифаи Фейсбукии худ навишт. Ҳоло бар зидди Виктор чандин дело боз шудааст. Янукович, ки феълан дар Русия пинҳон аст, ба куштори шаҳрвандон дар митингҳои соли 2013-2014, таҷовуз ба тамомияти ҳудудии Украина, хиёнат ба ватан ва ҷурмҳои дигар муттаҳам мешавад.
Ба ҳамин теъдод Тоҷикони шердилу багурда дар назди Маркази Савдои «Москва»-и ФР ҷамъ шуданд, то адаби чанд беадаберо диҳанд, ки ба 1 Тоҷики ҳаммол зӯргӯӣ кардаанд.
Ба иттилоъи Каромат Шарипов-садри яке аз ҷамъиятҳои Тоҷикӣ дар Маскав, рӯзи чоршанбеи 20.09.2017 посбонони МС «Москва» 1 ҳаммол-грузчики Тоҷикро бе ягон далел мурданивор лату кӯб кардаву бадани нимзиндаву ниммурдаи ӯро ба кафане печонида, ба кӯча андохтаанд. Табиист, ки ин вандализми шовинистона ғазаби Тоҷикони ҷасурро ба бор оварду онҳо омаданд, то бо ин шағол-посбонон мардонавор ҳисоббаробарӣ кунанд.
Посбонон аз тарс пулис ҷеғ задаанд. Пулиси рус, ки таври маълум моломол аз афсарони фашистмаъоб аст, бе ягон пурсу ҷӯ 50 Тоҷикро дастгир кардааст. Аммо дар баробари посбонони ҷинояткор амалеро поин наовардааст.
Зимнан газетаи мардумии СССР сареҳатан аз Сафорати ҶТ дар ФР қотеъона талаб дорад, ки ба ин кор дахолат кунад ва манофеи сокинони кишвари хешро ҳифз намоянд. Наход Сафири ҶТ дар Маскав алоқадри Каромат Шарипов дар ғами ҳамватанон набошад?
Мавзуъро пайгир мемонем.
Мо Метавонем!
Баъди манъи фурӯши машруботи спиртӣ дар остонаи Бозиҳои осиёӣ аз ҷониби Ҳукумати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-президенти Туркманистон, дар шаҳри Ашқобод акнун фурӯши ғайриқонунии он аз дохили мошинҳо шуруъ шудааст. Ба гуфтаи мардум, машруботро бо мошин ба маҳалли фармоишшуда мерасонанд
Президенти Ӯзбекистон-Шавкат Мирзиёев ҳини 1 сафар ба Бишкек дар сӯҳбат бо Алмосбек Отамбоев-президенти Қирғизистон гуфт, ки ҳар 2 дар мавриди масоили об бисёр ҷиддӣ сӯҳбат карда, ба созиш расиданд: "Мо дақиқан ба созиш расидем. Отамбоев гуфт, ки ҳеч кадом ГЭС бе ширкати Ӯзбекистон сохта намешавад. Мо комилан розием ва фаъолона ширкат мекунем, кӯмаки молӣ мерасонем ва агар зарур шавад масолеҳ ҳам медиҳем".
Тарафдорони Михаил Саакашвилӣ-собиқ президенти Гурҷистон ва раиси пешини вилояти Одессаи Украина шоми 10 сентябр “преграда”-монеаи зиндаи марзбонони Украинаро буррида, аз марзи Полша ба қаламрави Украина даромад. Мақомоти Киев бошад ӯро моҳе пеш аз шаҳрвандӣ маҳрум карда, гуфта буданд, ки дигар ӯро ба кишвар роҳ нахоҳанд дод. Миша ба хабарнигорон гуфт, ки ин кор бо дастури Киев сурат гирифтааст. Тарафдоронаш бошанд ҳини вуруди ӯ ба марзи Украина бо нидои "Миша! Миша!” шиор медоданд. Дар байни ин издиҳом Юлия Тимошенко-сарвазири собиқи Украина низ буд, ки Саакашвилиро шахсан дар роҳи бозгашт ба кишвар ҳамроҳӣ мекард.
Оиша-хоҳари Ғаффор Мирзоев (Седой) мегӯяд, акааш, ки тобистони имсол ба нишони эътироз зидди бозбинӣ нашудани делои худ гуруснанишинӣ эълон карда буд, ҳоло ҳаёти муқаррарӣ дар зиндонро идома медиҳад. Ӯ гуфтааст, ки вазъи бародараш хуб аст ва интизор меравад, моҳи ноябр бо ӯ дар зиндон мулоқот кунад. Ҷамила Комилова-адвокати генерали собиқ гуфтааст, то ҳол омбудсмен ва намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон барои шунидани даъвоҳои Ғаффор Мирзоев ба наздаш нарафтаанд ва эҳтимол ин кор рӯзҳои наздик сурат бигирад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар