ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Сен 14 2017


Дилдор Мақсудшоев, сардори фурудгоҳи Хоруғ замоне ки президент Эмомалӣ Раҳмонро аз н.Дарвоз ба Душанбе гусел мекарданд, аз боди чархбол ба санге бархӯрда дар роҳ ба беморхона ҷон додааст. Маросими дафни Мақсудшоев 14 сентябр баргузор мешавад.

Душанбе, Сен 11 2017


Ҳазорон нафар дар шаҳри Грозний-пойтахти Чеченистон зидди қатли мусалмонон дар Мянмар ба майдонҳо рехтанд. Лидери Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, ки агар ҳукумати Русия аз мусулмонҳои Мянмар пуштибонӣ накунад, зидди Кремл қадам хоҳад бардошт. Ӯ ҳамчунин таҳқиқи байналмилалии ҳаводиси Мянмарро хост ва гуфт, афроди гунаҳкор дар ҷиноятҳо ба зидди башарият бояд ҷазо гиранд. Қодиров ҳамчунин ба ҷавобгарӣ кашидани ҳукумати кишварҳоеро талаб кард, ки марзҳои худро ба паноҳҷӯён-қабилаи мусалмони Роҳинҷа бастаанд. Танҳо баъди ин таҳдиди Рамзан Путин аз қатли мусалмонон дар Мянмар интиқод кард. Хотиррас мешавем, ки Русияву Чин бар зидди қатъномаи СММ дар Шӯрои амнияти ин ниҳод овоз додаву намегузоранд, хунрезии мусалмонон дар кишвари будпарастон қатъ гардад.

Душанбе, Сен 11 2017


Маркази таҳқиқи коррупсия ва ҷиноятҳоии созмонёфта (Центр по исследованию коррупции и организованной преступности) хабар додааст, ки Ҳукумати Илҳом Алиев-президенти Озарбойҷон дар солҳои 2012-14 қариб 3 млрд долларро ба воситаи ширкатҳои қалбакӣ шустаанд. Ба қавли ин марказ, ин миллиардҳо барои харидани ашёи гаронбаҳо ва ришва ба сиёсатмадорони Аврупо сарф шудааст, то ки аз манфиатҳои Озарбойҷон дар Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ ва аз қатъномаҳои маҳкумкунанда барои нақзи ҳуқуқи инсон пешгирӣ кунанд.

Душанбе, Сен 04 2017


Лола Каримова-Тилоеваи 39-сола, духтари хурдии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалие дар шаҳри Самарқанд гуфт, баъди 9 соли фаъолият аз вазифаи намояндаи Ӯзбекистон дар ЮНЕСКО истеъфо медиҳад. Ба қавли ӯ, акнун мехоҳад бештар ба хонаводааш, ҳадафҳои шахсиаш ва барномаҳое машғул шавад, ки дар Бунёди Ислом Каримов иҷро мешаванд.

Душанбе, Сен 04 2017


Михаил Саакашвилӣ-собиқ президенти Гурҷистон ва раҳбари пешини вилояти Одессаи Украина дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки Тифлису Киев ӯро барои гӯё тарҳрезии табаддулот дар Гурҷистон муттаҳам карданианд. Ба гуфти ӯ, мақомоти Гурҷистон дар ин маврид бо мақомоти Украина дар ҳамкорӣ ҳастанд. "Онҳо ба Петро Порошенко-президенти Украина ваъда додаанд, ки ин масъала пеш аз 10 сентябр дар план аст" навиштааст Миша. Ҳукумати Гурҷистон Мишкаро дар латту кӯби намояндаи парламент, харҷи беҳудаи 4 млн доллар... ва Украина ба авомфиребӣ ва шпионаж муттаҳам мекунанд.

Душанбе, Сен 04 2017


Президенти Украина-Петр Порошенко сокинони шаҳри Донетскро бо Рӯзи Шаҳр таҳният гуфта, иброз дошт: “Мо дар бораи тақдири имрӯзу ояндаи шумо ҷиддӣ меандешем ва бовар дорем, ки Донетск хоҳу нохоҳ бо Украина хоҳад монд...” Ин дар ҳолест, ки худи мардуми ин вилоят аз Киев ҷудо шудаанд.

саҳ 77 аз 104

Китобҳо

Flag Counter