ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июл 10 2017


Шавкат Мирзиёев-президенти Узбакистон дар суҳбат бо беш аз 10.000 имому намояндагони мақомот ва сокинон дар шаҳри Тошканд аз имомону сокинони ин кишвар хост, ки хонаводаи афроди муттаҳам ба ифротгароиро радди маърака накарда, дар “изолятсия” қарор надиҳанд. Ӯ гуфт, омодааст, аъзои гурӯҳҳои террористиро аз ҳаққи шаҳрвандии Узбакистон маҳрум кунад. “Бояд коре кард, ки онҳо бинанд, донанд ва эҳсос намоянд, ки дили мо самимона месӯзад. Шояд, баъд аз ин, чашми дилашон боз шавад ва ба роҳи дуруст дароянд. Гумроҳшавии 1 нафар кулфат ба сари 1 оила не, балки тамоми ҷомеа аст”.

Душанбе, Июл 10 2017


ТВ "Дождь" бо такя ба сухангӯи ҳаракати “"Русский марш"-Денис Романов хабар дод, ки Вячеслав Мальцев-яке аз мухолифони ҳукумати В.Путин-президенти Русия тарки кишвар кард. Ба гуфтаи Денис, ҷаноби Мальцев ба сабаби он, ки дар Русия зидди ӯ ба иттиҳоми “таъсиси созмони ифротгаро”, делои ҷиноятӣ боз шудааст, аз кишвар баромада рафтааст.

Ҷумъа, Июл 07 2017


Туркманистон барои истифодаи об то охири с.2017 маҳдудият ҷорӣ кард. Қарори расмиро дар ин бора Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-президенти Туркманистон дар ҷаласаи васеи ҳукуматаш ба имзо расонд. Ин иқдом дар доираи Кодекси оби Туркманистон бо мақсади истифодаи боэҳтиёти захираҳои обӣ гирифта шудааст. Обу газ ва барқ ба рӯйхати имтиёзҳои давлатиии Туркманистон шомиланд, ки аз с.1990 ба ин сӯ ба сокинон ройгон дода мешуд.

Ҷумъа, Июл 07 2017


Чанд шаб пеш дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон шахсони ношинос фаъоли 68-солаи созмони байналмилалии ҳуқуқи инсони "Клуби қалбҳои оташин"-Исмоил Маллабоев, яке аз мунаққидони собиқ президенти Ӯбекистон-Ислом Каримовро латукӯб карданд. "Афроди номаълум ба ман ҳамла карданд ва маҷбур шудам, ёрии таъҷилиро даъват кунам ва онҳо низ дар навбати худ ба пулис хабар доданд. Ҳоло пулис ҳодисаро таҳқиқ дорад. Фикр мекунам, ин қазия ба фаъолияти касбии ман рабт дорад", - гуфтааст Маллабоев.

Панҷшанбе, Июл 06 2017


Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июл то 15 августи соли 2017 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд. Дар ин бора ба мухбири СССР аз маркази матбуоти МНМО хабар доданд.
Депутатҳо 16 август ба Парлумон баргашта, то 30 сентябри  соли равон дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд. Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум 1 октябри соли равон оғоз мегардад.

СССР


Панҷшанбе, Июн 29 2017


1 суд дар Боку-пойтахти Озарбойҷон Фуад Аҳмадлӣ-намояндаи ҳизби мухолифи “Фронти халқии Озарбойҷон”-ро 4 сол суд кард. Фуад гуфт, ки дело ва ҳукми ӯ 100% сиёсӣ аст. Мунаққидони Илҳом Алиев-раҳбари ин кишвар мегӯянд, ки президент талош дорад, мухолифони худ, аз ҷумла, фаъолони сиёсӣ, хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи маданиро бо ҳар роҳ суд кунад, ё даҳонашонро бибандад.

саҳ 82 аз 104

Китобҳо

Flag Counter