Дӯстам ҳасрат кард, ки нав ба ободонии дабистони деҳа сар кардаму таълимро ба роҳ мондам ва ситораам касеро маъқул нашуду ротатсия карданд.
Бале, директоронро ротатсия кардан имрӯз мӯд аст. Вақте директори поквиҷдону сарсупурдаеро аз кор мегиранд, пеши назарам симои бароям абадзиндаи Ҳазратқул Ҳусейнов-директори мактаби миёнаи №13-и деҳаи Некноти ш.Панҷакент меояд. Ӯ бе 2 по аз ҷанги Гирмон баргашта, бо пойҳои чӯбин 20 сол (1962-1982) директор буданд. Ин даврае буд, ки дабистони рустои Некнот дар тамоми қаламрави СССР машҳур шуда, тамоми хатмкунандаҳояш бе душворӣ шомили мактабҳои олӣ мешуданд. Шуҳрати дабистон, аллома Бобоҷон Ғафуров, нависандаи чирадаст Сотим Улуғзодаро бо таълимгоҳ овард. Дар ин давра садҳо олимону шоирон ба воя расида, генералҳои адлия доди қонунро доданд. Пас барои пешбурди таълиму тарбия роли сарвар бузург аст. Чаро инсофи покдил, дилсӯзи ҷомеа, шахси ба кори таълим дилсӯзро бо баҳонаи ротатсия аз кор ронем?
ЗанVSМард
Замоне мӯд шуд, ки бештар дар мактабҳо, ҳатто литсейҳо занҳоро сарвар пазируфтанд. Аз санҷишҳои гуногун маълум шуд, ки бархе занҳо дар қаллобию дуздӣ аз мардҳо ҷасуртаранд. Оид ба ин даъво фактҳои зиёде дорем, аммо «сар кафад-зери тоқӣ». 1 замон дар даврони Шӯравӣ равоншиносон талаб ва даъво карда буданд, ки бояд сарварии боғчаҳоро ба мардон супоранд, то кӯдакон характери мардона пайдо кунанд. Бо ин даъво ҳеҷ гоҳ бонувонро паст заданӣ наям, аммо аз ҳақиқат ҷои гурез нест. Камина 100% тарафдори ротатсия ҳастам, аммо чаро роҳбаре, ки дилсӯзи ҷомеаю коллектив ва байни ҳамкорон эътибор дошта бошад, аз кор равад? Чаро фидоии таълиму тарбия бо баҳонаи ротатсия аз кор раваду лагандбардоре зимоми таълимро ба даст гирад? Барои бархе ротатсия ин баҳонаест, ки шахсиятҳои «нолозим» аз байн мераванд.
Ротатсияро нисбати директорони тасодуфӣ, чаласавод, бемаърифату бефарҳанг ҷорӣ бояд кард. Ҳусейнов оилаи калон дошт. Аммо ҳосили боғи дабистони Некнотро фурӯхта, ба ятимону камбизоатон сару либос мехарид, то хонанду одам шаванд. Ҳоло онҳо омӯзгор, муҳандис, шоир, олим, ҳуқуқшиносанду 1 умр устоди пойҳояш чӯбини хешро фаромӯш намекунанд. Мактаби Некнот туфайли сахтгириҳои ӯ дар ақсои Давлати Шӯравӣ ном бароварда буд. Ёдат ба хайр бод устоди некном.
Китоб намехонем(анд)
Имрӯз ҷомеа китоб намехонад. Мо ҷавонони солҳои 70 рӯзнома намеёфтем хонем. Имрӯз садҳо ҳафтанома бе хонандаанд. Радиову ТВ, интернет манбаи донишанд, аммо ягонтои онҳо ҷои рӯзномаву китобро гирифта наметавонанд. Сартосар «Паём»-и президентро хондам. Он танҳо созанда, эҷодкунанда аст. Он ташаббусро мехоҳад. Аммо мо натавонистем дар замони сохтмонҳои бузург роҳи мошингарди Душанбе-Қароқурум-Қулма, Душанбе-Бӯстон-Чаноқ, нақбҳои Шар-шар Анзоб, Шаҳристон образи одии адабӣ офарем. Бархе адибони мо рӯ ба таърих оварда, бархеи дигар овораи зиндагии хешанд. Пас чиро хонад хонанда? Вақто таълим, тадрис, мутолиа бо пул пайваст оқибат надорад. Имрӯз дар ҷомеа оид ба афзудани ҷинояткорӣ, хосса, дуздӣ ҳарф мезананд. Охир, ҷавонон бекоранд, пас чӣ кор кунанд? Оё бекориро метавон ротатсия кард? Асло! Корхонаро бо ном месозанд, дар асл н.Панҷакент ҷое надорад ҷавонон ба кор раванд. Писарони мансабдорон ҷойҳои муҳимро банд кардаанд, фарзандони қишри камбизоати ҷомеа бо дипломҳои маълумоти олӣ бекоранд. Дар саҳифаҳои ВАО он қадар росту дурӯғ таъриф мекунем, ки ба назарамон рост менамояд. Кайҳо биҳишти аъло сохтаему худ бехабар мондаем. Инчунин сатҳи дониш пасту онро осмонкаф тавсиф мекунем. Ротатсияро нисбати директори камҳавсала дар амал татбиқ кардан шарт аст. Аммо директоре, ки дилаш ба кор месӯзад, фидоист, ӯро дастгирӣ бояд кард. Ҳусейновҳоро пайдо бояд кард, то ки дилсӯзи фарзандони мардум бошанд, фарзанди мардумро фарзанди худ донанд, барои маориф ва пешрафти он ҷони худро фидо кунанд. Ҳоло директори бечора рӯз мешуморад, ки кай ротатсия мешавад, кай вазифаро месупорад: Ӯ дар фикри ротатсия аст, на таълим.
Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент