ХАБАРИ ДОҒ

Чаро афсарони Тоҷик мухлиси ДИИШанд?

  • Панҷшанбе, Дек 15 2016

   (Памфлет)

 

Боби 1. Сад накунӣ нав навай...

Ин иддаои Субҳон Ҷалилов-ровии радиоиро аз ролики таблиғотии мошини Ҳундай метавон корбасти ин моҷаро кард, вале ба андаке изофаву тағйирот:

Сад накунӣ-ИГИЛ дигарай!

ДИИШ ё худ ИГИЛ чун қаҳрабо, яъне магнит афсарони моро сӯи худ мекашад. Чаро? Ин суолест, ки бояд дар Шӯрои амнияту Вазорати мудофиа ва Кумитаи амният посух гӯянд, албатта, бо мушовара бо ВКД. Зеро афсарони ВКД низ замони ахир Давлати ба ном исломиро ҳадаф қарор додаанду касе намегӯяд, ЧАРО?

Неъ, агар ҷанг мерафтанд, ё даъвои рафтан мекарданд, мисли Рамзан Қодирови чечен 1 гапе буд. Инҳо мехоҳанд ба сафи ДИИШ пайванданд ва касеро дар садорати мақомоти қудратӣ парвое нест:

-Рафтед? Равед, 4 тарафтон қибла!-чунин мерасад ин бетафовутӣ....

Боби 2. Тоҷике, ки аз Армияи Русия ИГИЛ-рав шуд...

Ахиран дезертириҳои Тоҷиктаборон афсона шуд. Нафаре, ки 15 сол дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия хизмат мекард, чун мубаллиғ-вербовщики Давлати исломӣ ҳабс шуд. «КаХрамон»-ро донистан мехоҳед? Марҳамат! Пешвоз гиред:

Зафарбой Холов!

Зафарча, ё Зафарбой, ё Зафар-герой, ё просто Зафар сержанти калони қисмати ҳарбии Осетияи Шимолӣ барои ташвиқу тарғиби идеяҳои ДИИШ ва даъват ба пайвастани афсарони русӣ ба сафи ҷангиёни ин ниҳоди террористӣ, ки дар ақсои олам мамнуъ аст, боздошт ва 5 сол ҳукм гирифт. Акнун хеле мезанед, ки ҳамчун афсар ва ё сарбози калон-сержанту прапор Тоҷикеро ба хидмат даъват кунанд. Оре, 1 гови р...ин подаро ҷазир кард!

Боби 3. Сержант ҳам рутба аст?

Дақиқан ин гузориши пуртаҳлӯкаи русҳоро хонда, дар мақомоти қудратии мо 1 шикамсер ба ҳолашон хандидаанд. «Сержанти калон ҳам рутба аст? Дар мо полковникҳо пачка-пачка Сурия мераванду...».

Оре, касе дигар намепурсад, ки чигуна полковникҳои тоҷик ба сафи ДИИШ пайвастаанд ва ба назар мерасад, ки касеро, ба таъбири Ашӯр Сафари закӣ «пашол ҳам намебарад», яъне парвое нест. Гӯиё коре нашудаасту обрӯи мундири афсари Тоҷик нарехтааст. Аз равуои афсарон ба ДИИШ ҳатто 1 нафар «выговор» нагирифт!

Полковник Гулмурод Ҳалимов, ки чандум бор аст, «мемураду боз зинда мешавад», роҳат дар сафҳои ДИИШ террор карда гаштааст. Полковник Давлат Чолов кайҳо аз террору перрор ба  «отдых» гузашт. Тибқи овозаҳои ба ҳақиқат наздик, дар кишвари мо ин ягона манбаъи мӯътамад шудааст, Давлати Чол дар Сурия кушта шудааст.

Боби 4. Мо ҳатто генералҳои хиёнаткор дорем!!!

Ин ҳам боиси ифтихори мост, ки дар баробари доктору номзади илмҳои фаровон, ки ҳатто Дмитрий Медведев-сарвазири Русияро ба ҳолати шок оварда буд, мо генералҳои зиёд низ дорем. Ну, подумаеш, як-то ним-тояшон хиёнаткор мебароянд. Ну и что? За то дорем-ку!

Генерал-домулло Абдуҳалим Назаров, ки бо исми Ҳоҷӣ Ҳалим маъруфу машҳур буд, ҳамагӣ 1,4 сол қабл ба табаддулоти давлатӣ даст зад. Гап байни худамон дар ҳайъати ин хиёнаткорон чанд полковнику майору афсару аскар низ буданд, ки касе дар бораашон ҳарфе нагуфт. 

Худо моро бо амри тасодуфе аз хунрезии барзиёд, ки ин хиёнаткор дар назар дошт, раҳонид. Вале ким гуфта метавонад, ки бо ликвидатсияи генерал Назаров сафи хиёнаткорон пурра тоза карда шуд? Ким медонад, ки чанд генерали дигарамон дар зиндон пӯсида рафтан доранд?... То-та!

Анҷом

Маро 1 нукта ҳич ором намегузорад: чаро барои ҳаракати роҳро вайрон кардан, даҳҳо Гаишники бечора ҷазо мегиранду барои табаддулоти давлатӣ кардани генерале 1 масъули баландпоя ҳатто ҳайфи ту нашунид?

То ба ин сул посух нест, сафи афсару полковнику генералҳои хиёнаткор кам не, афзун хоҳад шуд. Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter