Рӯзи гузашта дар шаҳраки олимпии шаҳри Ҷакарта-мизбони 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё маросими парчамбардории дастаи мунтахаби Тоҷикистон баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар, аз ҷумла 81 варзишгар аз рӯи 16 намуди варзиш: футболи бонувон, варзиши сабук, шиноварӣ, гӯштин, таэквондо, каратэ, дзюдо, кураш, самбо, ҷиу-ҷитсу, вазнбардорӣ, камонварӣ, тирандозӣ, бокс, қайиқронӣ ва ушу иштирок мекунад. То имрӯз дастаи футболи бонувон, варзишгарон аз намудҳои таэквондо, гӯштин, вазнбардорӣ ва тирандозӣ ба маҳали бозиҳо расиданд.
Дар ҳамин маврид расонаҳои хориҷӣ ва тоблуҳои футболӣ чандин бор акси 1 Тоҷикеро нашр карданд, ки дар сар тоқии чоргула бо ришу фаши сафеди дароз аз ин ё он даста мухлисӣ мекард. Маълум гардид, ки ин нафар Бобоназар Сайидмуртазои ховалингӣ будааст, ки даҳҳо ҳазор рубл харҷ карда, 3 бозиро дидааст. Сайидмуртазо аз мухлисони ашаддии Равшани Кӯлоб буда, қариб ҳама бозиҳои ин дастаро мухлисӣ мекард.
Бобоназаров Сайидмуртазо Субҳонқулович 28.12.1968 дар ноҳияи Ховалинги вил.Кӯлоб, дар деҳаи Ҷаҳонбахт ба дунё омадааст. Рӯзҳои 23-ум, 26-ум ва 30-уми июн дар бозии Олмон-Шветсия, Австралия-Перу ва Португалия-Уругвай дар шаҳри Сочии Русия мухлисӣ кардааст. Ӯ ба ҳар бозӣ бо 9600 рубл дар ҷамъ 28.800 рубл дода, билет харидорӣ намудааст. Ин мухлиси Тоҷик ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст:
"Расму усули тоҷикиамро ба мухлисон ва ҷаҳониён нишон додам. Тоқӣ ва риш маро бисёр мавриди таваҷҷуҳи мухлисони хориҷӣ мекард. Дар варзишгоҳ наворбардорӣ аз ҷониби ФИФА мешудааст. Ман бехабар дар телевизионҳо омадам. Пас аз тамошои ман аз хонадон ба ман тамос гирифта гуфтанд, «отаҷон, Шуморо дар телевизион дидем!» Мухлисони хориҷӣ низ бисёр ба ман мутаваҷҷеҳ мешуданд, бо забони инглисӣ ва русӣ мепурсиданд, ки «Шумо аз куҷо ҳастед» ва ман мегуфтам аз Тоҷикистон ва банда мухлисони хориҷиро ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба Тоҷикистони азиз даъват менамудам"…
М. Мубориз
Махсус барои СССР
Игор Лякин-Фролов, сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мухлисони футболи Тоҷик, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 ба тими миллии футболи Россия мухлисӣ карданд, арзи сипос намуд. Лякин-Фролов дар саҳифаи фейсбукии сафорати ин кишвар бо гузоштани 1 паём навиштааст:
«Тоҷикистониёни азиз! Ташаккур барои дастгириатон аз тими миллии Россия! Арзи сипос барои эҳсосоте, ки шумо дар баробари русҳо ба мо дар тӯли 3 ҳафтаи бозӣ тӯҳфа намудед. Шумо девонавор, сахту сангин мухлисӣ кардед ва мо ҳамеша инро медидем. Раҳмати калон барои зангҳои бешумор, паёмакҳо, шарҳҳо дар шабакаҳои ичтимоӣ ва табассумҳои дӯстонаи шумо! Ташаккур, ки дар ин рӯзҳо бо мо будед! Бигузор ин ҳавои идона, ки дар Россия имрӯзҳо ҳукмфармост-ин моҳи футбол муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро мустаҳкам намуда, дӯстӣ ва муносибатҳои стратегии моро тақвият бахшад! Сафири Россия дар Тоҷикистон»
«Дорогие таджикистанцы, друзья! Спасибо вам за ту поддержку, которую вы оказали российской сборной! Спасибо за те искренние и неподдельные эмоции, которые вы вместе с россиянами дарили каждому нашему футболисту на протяжении этих волнительных и захватывающих дух трех недель.
Вы болели неистово, мощно и слаженно – и мы всегда чувствовали и видели эту поддержку. Спасибо за огромное количество звонков, сообщений, постов в соцсетях и просто дружеских улыбок. Спасибо, что все эти дни вы были с нами! И пусть праздничная атмосфера, которая царит в России и во всем мире в этот месяц футбола, наполнит и укрепит российско-таджикские отношения дружбы и стратегического взаимодействия!»
Посол России в Таджикистане
Дар ҳудуди ш.Бохтар 5 идораи букмекерӣ фаъолият мекунад ва имрӯз бо идомаи Ҷоми ҷаҳонии футбол бозори онҳо хеле гарм шудааст. 3.07.2018 аз назди яке аз идораҳои букмекерӣ гузашта, шоҳиди ҷанҷоли 1 гурӯҳ ҷавонон шудам. Сабаби ҷанҷол бошад фиреби фолбин будааст, ки барояшон рафти бозӣ ва анҷоми ниҳонии онро нодуруст пешгӯӣ намудааст.
Аз сӯҳбати онҳо пай бурдам, ки фолбине ба онҳо гуфтааст, ки дар бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол тими Колубия дастаи Англияро мағлуб хоҳад кард ва ҷавонон дастаҷамона барои ғолибияти тими Колубия беш аз 3000 сомонӣ маблағ гузоштаанд. Дар натиҷа дастаи Англия Колумбияро ба ҳисоби 2-1 мағлуб кардааст. Ҷоми ҷаҳонӣ футбол 1 гурӯҳ ҷавонони ш.Бохтарро ба хонаи фолбин бурда, онҳоро «банкрот» кард, тақдири фолбини фиребгар чӣ мешуда бошад?
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
Сенсатсия мехостед? Марҳамат қаппед!!! Германия-гранди футболи олам, чемпиони феълии ҷаҳон, супер-гиганти футболи Аврупо шармандавор Мундиали Русияро тарк кард! Вале сенсатсия ин нест, ки Машинаи Олмонӣ бозии ахирини худро ба мунтахаби миёнаҳоли Осиё-Кореяи Ҷанубӣ бохт. Сенсатсия ин аст, ки Германияи таърифӣ ва мунодии футболи Аврупо 2 бозияшро ба намояндагони қораи Амрико (Мексика) ва Осиё (Корея) бохта, исбот кард, ки футболи Аврупо варшикаста шудааст. Шербаччаҳои амрикоиву осиёӣ барои шарафу номуси ватан бозӣ мекардаанду гургбаччаҳои аврупоӣ барои пул.
Эххх, охир ҳақ аст, Сӯҳробшои Фаррухшо-шореҳи варзишии мо, ки баъди шикасти Олмон аз Корея бо ҳисоби шармшикани 0:2 гуфта буд:
-Кай немисҳо дар Русия ғалаба карда буданд?...
Ҳайл Корея!!!
Ҳамин дирӯз фаҳмидам, ки Ҳайл (Хайл Гитлер-тибқи кинофилмҳои шӯравӣ)… маънии «Зинда бод!» не, ки Муқаддас (святой) доштааст. Ва дар ин шом Корея воқеан ҳам, ҳадди ақалл барои аҳолии 2 кишвар-Мексика ва Шветсия ҲАЙЛ, яъне Муқаддас шуд. Зеро кореявиҳо Олмонро шикаст намедоданд, яке аз ин дастаҳо дақиқан ба 1\16 финал намебаромад.
Воқеан ҳам Шветсия Мексикаеро, ки ҳам Кореяву ҳам Германияро шикаст дода буд, бо ҳисоби бузурги 3:0 мағлуб кард. Аммо ин бохт ҳаргиз монеъи давоми қаҳрамонии Мексикоиҳо дар Мундиал намешавад. Зеро тавре гуфтем, Корея дабдалаи Германияро баровард!
Бразилия, Ховартия, Аргентина ва ғ.
Месси&Co бо азоби алиму азияти солим ахиран тавонистанд роҳхат ба плей-оффро ба даст оваранд. Месси голи нахустинро дар қисмати аввал ба дарвозаи Нигерия заду фикр кардем, «кори хирс тамом!». Аммо «не тут-то было!»-гуфти бародарони рус. Мозес дар қисмати 2-ум аз пеналтӣ голи зебое зад (Оре, ин гол воқеан зебо ва таҳқиромез буд!). Сиёҳбаччаҳо (тарҷумаи таҳтуллафзи нигерийцы) боз метавонистанд аз пеналти гол зананд. Аммо туркбачча-Текир тӯби ба дасти Рохо расидаро ҷарима набаст ва хуб ҳам кард. Зеро тӯб баъди расиш ба дасти ӯ пеши пои нигериявӣ омад, ки қариб гол мезад. Дар навбати худ, Рохо ин мини-хатояшро бо голи афсонавӣ талофӣ кард. Аргентина Нигерия 2:1 ва мунтахаби Месси дар 1\16 финал. Ошашон шавад! Метавонанд.
Вале Хорватия усулан дар ин пирӯзии Аргентина даст гузошт, ки Исландияро шикаст дод! Дар акси ҳол Месси 1\16 финалро чун 2 гӯши сихаш намедид! Коре кард Хорватия, ки набояд мекард. Зеро бе ин пирӯзӣ низ Хорватия ба плей-офф баромада буд…
Неймар бошад бо бозии олирутба ва олиҷанобаш Бразилияро бе ягон ишкол ба даври навбатӣ баровард.
Роналдо, Неймар, Месси, Суарес, Гризманн, Кейн дар 1\16 финал
Ба ин галаситораҳо метавон исми Кавани, Погба, Мбапе, Куадрадо, Инйеста, Пике, Стерлинг, Рэшфорд, Азар, Витсел, Фелаини ва ғ. ва ҳ. шомил кард. Аммо даст рӯи сина бояд гуфт, ки мо бештар аз ҳаминҳо чашми умед дорем, ки ин Чемпионатро низ орову торо медиҳанд…
Дар ҷамъ ин дастаҳо ба плей-офф баромадаву байни ҳам сабқат мекунанд:
Русия-Испания
Уругвай-Португалия
Аргентина-Фаронса
Хорватия-Дания
Мексика-Бразилия
Шветсия-Шветсария
Ғолибони 2 гурӯҳи дигар шоми 28.06. муайян мешаванд. Шаби 30.06. марҳалаи бурдбарак-плей-офф бо бозиҳои Фаронса-Аргентина ва Уругвай-Португалия сар мешаванд.
Диққат ва Таваҷҷӯҳ:
СССР ба пирӯзии Аргентина гарав мебандад. Қаблан инро мегӯем. Мо Метавонем!
Аниқ…доти Ноларду
Нуралӣ Хоркашев-шореҳи футболи СССР дирӯз гуфт:
-Назди хона баромадам, ки нафаре пурсид, маълими Нуралӣ, Нолардуро мешиносӣ? Ана ҳамонро баъди бозии Аргентина дилаш задааст.
Нуралӣ фикр кардааст, ки Ноларду гуфта сароғоз ин маст Роналдоро дар назар дорад. Вале таври маълум дар ун бозӣ дили…Марадона зада буд…
Ана ҳамин хел мухлисин дорем. Мо Метавонем!
Шореҳи футболи дар Русия бо сухани қабеҳу дағалаш маъруф, Василий Вячеславович Уткин, дар сафҳаи Твиттераш Равшан Ирматов-реферии баландмақоми ӯзбектабори ФИФА-ро писари хар (ишачий сын), ё худ, хутик хонд. Ӯ навиштааст, «Равшан Ирматов-ишачий сын где карточки?». Аллакай дар сайтҳои иҷтимоӣ мрдум талаб мекунанд, ки Уткини бадахлоқ аз Ирматови довари ӯзбек расман бахшиш пурсад.
Хотиррас мешавем, ки ба фарқ аз Уткини «хартабиат», ки ҳанӯзам дар сар андешаи фашистӣ-бадбинии миллатҳои собиқи шӯравиро дорад, Ирматов реферии тозатарини ФИФА аст. Чемпионати мазкур, саввумин қаҳрамонии олам оид ба футбол аст, ки Равшани тошкандӣ дар он доварӣ мекунад.
Дебюти Равшан-ако аз ҶҶ дар соли 2010 шуруъ шуд, ки дар Африқо баргузор гардида буду Испания чемпион шуд. Он замон Равшан ҷавонтарин реферии бозиҳо буд (32 сол).
Баъдан дар соли 2014, дар Бразилия низ ӯ ҳунарнамоӣ кард.
Ҳоло ҳадс зада мешавад, ки Равшан Ирматов шояд дар финали ин сабқат, дар Москва доварӣ кунад.
Дар ҷамъ Ирматови 40-сола 5 бор беҳтарин довари Осиё ва 10 маротиба судяи хубтарини Ӯзбакистон баргузида шудааст. Дар соли 2015 бошад ӯ Ҷоизаи беҳтарин довари оламро гирифта буд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар