Футболбозони навраси мо, ки дар Чемпионати Осиё доди бозиро додаву то финал баромадаву бо ҳисоби минималӣ аз Ҷопон барин кишвари футболӣ шикаст хӯрданд, воқеан ҳам қаҳрамонони миллатанд! Медалҳои нуқра, ки Зайниддин Раҳимов&Co барои Тоҷикистон оварданд, 8 млн нафарро рӯҳбаланд сохт, ки ҳалолашон бод!
Беҳуда нест, ки ин қаҳрамонҳоро Рустами Эмомалӣ-президенти ФФТ дар аэропорт пешвоз гирифтаву арзи сипос кард. Баъдан, Эмомалӣ Раҳмон-Президенти ҶТ низ футболистонро қабул намуд! Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамин бачаҳо дар с.2019 дар Чемпионати Ҷаҳон миёни наврасони зери 17 сола (U17) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Боиси фахр аст, ки аз Осиёи Миёна ва ҳатто кишварҳои собиқ узви СССР танҳо мо-Тоҷикон дар ин сабқати бузургтарини ҷаҳонӣ ширкат мекунему бас! Брависсимо!!!
Оянда чӣ мешавад?
Вале суоли матраҳ ин аст, ки ояндаи ин наврасон чӣ мешавад? Дуруст аст, ки онҳо дар Лигаи 1 дар шакли 1 даста баромад кардаву маҳораташонро сайқал додаанд. Воқеан ҳам якдигарфаҳмӣ, ҳисси паси аввалу охир, дидани майдон на бо чашми сар, ки бо дил…ин ҳама аз вежагиҳои футболи муосиранд, ки ин ҳамаро Зайниддин ба онҳо талқин карда буд. Аммо баъди Чемпионати Ҷаҳон онҳо 18 сола мешаванд ва табиист, ки бояд дар клубҳои Лигаи Олӣ бозӣ кунанд. Аммо дар куҷо?
Лигаи Олӣ посухгӯи футболи муосир нест!
Бо кӯшишу талоши Рустами Эмомалӣ, Хуршед Мирзоев ва Шоҳрух Саидов футболи мо ба оҳистагӣ рушд карда истодааст. Аммо ин чеҳраҳои футболӣ бештар аз ман медонанд, ки Лигаи Олии мо ба талаботи футболи стандарти ҷаҳонӣ посухгӯ нест. Клубҳо заъифанд. Базаи пуливу молӣ, тармиму тарбият, академияҳои наздиклубӣ, мактабҳои варзишӣ, варзишгоҳҳои замонавӣ надоранд. Бархе клубҳо аслан худ намедонанд, ки соли дигар дар ин Лига мебозанд ё не?
Ин дар ҳолест, ки аз Лигаи 1 ба Лигаи Олӣ ҳатто ғолибон намеоянд! Чунки базаи иқтисодиву молиявӣ надоранд. Фарзи мисол, баъди чандин соли қаҳрамонӣ, танҳо имсол Кӯктош ба Лигаи Олӣ омад. Зимнан, масъулин талошҳо доранд, то барои ҷоннок кардани футболи ватанӣ бояд клубҳо дар навбати аввал иқтидори пуливу молӣ ва сипас базаҳои моддӣ-академияи футбол ва мактабҳои вежае дар назди худ дошта бошанд. Дар сурати акс, наврасони мо аз чемпионати ҷаҳон омада, дар Лигаи суст маҳораташонро аз даст медиҳанд.
Азару Бентеки ва Нуриддину Фатҳулло
Ёд доред, ки 12 сол муқаддам, дар Чемпионати Ҷаҳон, футболистони ҷавони зери 17-сола (U17) дабдалаи Амрикоро бароварда буданд? Ёд доред, ки онҳо танҳо ба Перу бозиро бохтанд? Ёд доред, ки Тоҷикистони нав аз ҷанг раҳо шуда, ба гурӯҳи 10 давлати футболаш рушдкарда шомил шуд? Он қаҳрамонҳоро ёд доред? Оё медонед онҳо куҷоянд?
Фарзи мисол, Азару Бентекии белгиявӣ имрӯз Шоҳони Футболи муосиранд. Зеро баргашта аз он чемпионат дар базаҳои бузургу қавии кишварашон тармим карданд ва ба клубҳои номӣ гузаштанд ва ин аст, ки Белгияи имрӯза, ки гавҳараш аз ҳамон бачаҳои U17 (соли 2006) таъсис ёфтааст, дар раддаи аввали ФИФА қарор дорад!
Аммо қаҳрамонҳои мо куҷо шуданд?
Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Давронҷон Тухтасунов, Эраҷ Холов, Манучеҳр Ҷалилов, Фарҳод Восиев…инҳоро замоне клуби Истиқлол «таки каш» карда, аз бӯҳрон раҳо сохт. Ҳоло низ онҳо бо ташаббуси бевоситаи Шоҳрух Саидов-президенти ин клуб шарафи футболи миллиро ҳифз мекунанд. Аксарият дар Истиқлоланд. Нуриддин Давронову Манучеҳр Ҷалилов дар Индонезия бозӣ доранду Фарҳод Восиев дар Русия. Эраҷ Холов…номаълум, ки куҷо ғайб зад. Ва аммо 17 қаҳрамони дигар дар куҷоянд? Онҳоро буҳрони футболии кишвар маҳв сохт. Аз футбол дур шуданд ва пайи зиндагонӣ рафтанд. Ҳарчанд синни 28-29 айни камолоти футбол аст!
Наврасонро ҳамин тақдир интизор аст…
Мунтахаби Зайниддин Раҳимовро низ айни чунин тақдир мунтазир аст, агар;
1. Клубҳои Лигаи Олӣ бақувват нашаванд;
2. Чемпионати мо дар ҳар 2 Лига бақувват нашавад;
3. Базаи молӣ ва иҷтимоии клубҳо бақувват нагарданд;
4. Равшану Далерон-Ӯротеппа ба Лигаи Олӣ барнагарданд;
5. Наврасон ба хориҷа фурӯхта нашаванд…
Роҷеъ ба хариду фурӯши ин бачаҳо суол зиёд аст. Агар онҳо дар Чемпионати Ҷаҳон худро нағз нишон диҳанд, шояд 2-3 нафари онҳоро зерклубҳои аврупоӣ харидорӣ кунанд. Дар сурати акс ҳамаашон ба Тоҷикистон бармегарданд ва то Чемпионати мо пурқувват нагардад, онҳо низ маҳораташонро сайқал дода наметавонанд.
Зимнан, ба фикри ин ҷониб, соате фаро расидааст, ки Рушди Футболи Миллӣ ва таҳкими Лигаи Олӣ ва Лигаи аввали футболи Тоҷик дар сатҳти баландтарини Ҳукумати Марказӣ баррасӣ гардад ва консепсияи рушди футбол қабул шавад. Бовар дорам, ки дар ин сурат, мунтахаби мо ба Чемпионати Осиё ва дар оянда ба Қаҳрамонии Ҷаҳон-Мундиал роҳ меёбад.
Мо миллати футболием ва Мо метавонем!
М. Мубориз
Махсус барои СССР