ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 04 Сентябр 2017 10:57


Узви Ихвон-ал-СССР, Камол Юсуфов, сокини шаҳри Душанбе бо телефони 92 616 80 44 ба СССР занг задаву гуфт, ки нахуст салому паёми худро ба кормандони гиромии СССР мерасонам, чун СССРро ҳамеша мехонам ва эътироф ҳам мекунам, ки мардумӣ аст. Ҳоло дар бораи 1 мушкил ё нофаҳмии техникӣ гуфтаниям. Дирӯз вақте бо 1 дӯстам сӯҳбат доштем, ки гап сари “техосмотр”-ташхиси техникии мошин рафт. Ӯ гуфт, ки нархи техосмотр дар давлати Қирғизистони ҳамсоя бо пули мо 65 сомонӣ аст! Дар мо бошад 1 техосмотр 810 сомонӣ! Аҷибаш ин аст, ки вақте 1 ҳафта пеш “Жигули”-и падарамро ба бозор баровардам, 3000 сомонӣ нарх гузоштанд! Техосмотр 800 сомонӣ, мошин бошад 3000! Ёбу гир!!! Ман ҳайронам ва намедонам, ки ба ин савол аз кӣ посух бигирам? Оё метавонад, ки раиси БДАи ҷумҳурӣ ба ин савол ҷавоб диҳад?

Душанбе, 04 Сентябр 2017 10:54


Узви ихвон-ал-СССР, Азиза Насимова, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Варзоб бо СССР телефонӣ дар тамос шуд ва гуфт, ки 1 хеши наздикам дар яке аз тарабхонаҳои барҳавои ш.Душанбе ба муносибати хонадоршавии фарзандаш зиёфати бошукӯҳ орост. Акнун савол: Чаро дар маъракаҳо ҳофизону барандагон ба ҷои бофарҳангона хизмат кардан, бо доду фиғон гап зада, асабро хароб мекунанд? Ҳамин садои барандаю сарояндаҳоро вақте аз тариқи радио, ТВ ва саҳнаи театр мешунавию мебинӣ, ҳаловат мебарӣ. Вале чун ба саҳни тӯйхона мебароянд, онҳоро шинохта намешавад ва бо диски пешакӣ сабтшуда (фонограмма) мехонанд. Фикр мекунам, вазири фарҳанг бо муовинону кормандони вазорат, роҳбарони идораҳои фарҳанг дар вилояту шаҳру ноҳияҳо, арбобони санъату маданият ба ягон тӯй намераванд ва аз мушкил дарак надоранд...

Душанбе, 04 Сентябр 2017 10:49


Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бешак бузургтарин дастовард дар таърихи навтарини Тоҷикистон ба шумор меравад. Бозсозии горбачевӣ таҳаввулоти азиме дар аввалин кишвари Шӯроҳо ба бор овард ва дар авохири даҳаи 1980 боди истиқлол дар тамоми қаламрави абарқудрати собиқ ба вазидан даромад. Аввалин шуда, кишварҳои назди Балтик-Эстония дар с.1988, Литва ва Латвия дар с.1989 итиқлолияти худро эълон карданд. Соли 1990 бошад ин 3 кишвар тамоман аз ҳайати СССР рафтанд. Баъди онҳо Озарбойҷон, аз ҷамоҳири он сӯи Қафқоз с.1989 Эъломияи соҳибистиқлолии худро ба имзо расонд. Майи с.1990 Гурҷистон низ худро соҳибистиқлол эълон кард. Гурҷиҳо шояд аз бештари халқҳои собиқ Иттиҳод фаъолтар буданд. Аз апрели с.1989 дар Тифлис ҳар рӯз мардуми зиёде гирдиҳамоӣ мекард ва талабашон барқарор кардани истиқлолияти давлатии Гурҷистон буд. Маскав, ки натавонист раванди ҷудоихоҳии ҷамоҳири назди Балтикро гирад, намехост Қафқозро низ аз даст диҳад ва 9.04.1989 Артиши Шӯравӣ гирдиҳамоии гурҷиҳоро бо истифодаи силоҳ пош дод. Баъди Гурҷистон Русия низ июни с.1990 Эъломияи истиқлолияти худро ба имзо расонд. Бо соҳибистиқлол шудани Русия дигар мондан дар қаламрави СССР ҳеҷ маънӣ надошт ва кишварҳои дигари собиқ Иттиҳод низ истиқлолияти худро яке пас аз дигар дар зарфи 1-2 моҳ эълон карданд. Аз кишварҳои Осиёи Миёна аввалин шуда, Узбекистон 20.06.1990 Эъломияи истиқлолиятро ба имзо расонид. РСС Тоҷикистон бошад Эъломияро 24.08.1990 дар нишасти 2-юми Шӯрои Олии кишвар (даъвати 12) ба имзо расонд. Албатта ин Эъломия истиқлолияти кишварро танҳо дар чаҳорчӯби қонунгузории СССР таъйид мекард. Тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангиро ба ҷуз масоили мутааллиқ ба доираи ҳуқуқии СССР дар ҳудуди худ мустақилона ҳаллу фасл мекард.

Душанбе, 04 Сентябр 2017 10:48


Рӯзи 18.08.2017 Владимир Василевич Квачков-собиқ полковники раёсати ҷосусӣ-(Главное разведывательное управление)-и Русия, ки бо изҳороташ дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон низ маъруф аст, боз ба 1,5 соли дигари зиндон маҳкум шуд. Тибқи иттилои ВАОи Русия Суди ҳарбии ҳавзаи Приволжский (вилояти Самара) Квачковро дар барангехтани кинаю адоват гунаҳкор донист ва бо назардошти ҳукми қаблӣ ӯ  боз 2 сол, дар ҷамъ 10 солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Душанбе, 04 Сентябр 2017 10:48

Душанбе, 04 Сентябр 2017 10:20


(Қирони саъд: 2 иди муҳимтарин дар 1 рӯз. Кӣ киро қурбон мекунад?)

саҳ 16 аз 16

Китобҳо

Flag Counter