ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 18 Сентябр 2017 10:16


Тобистони с.1943 Артиши олмонӣ дар Фронти шарқӣ амалиёти "Цитадел"-ро оғоз намуд. Ин амалиёт дар қавсайн (дуга)-и Курск ба вуқӯъ пайваст ва немисҳо бори охир ният доштанд, вазъиятро таҳти тасарруфи худ бигиранд. Дар натиҷа, дар ин қавсайн задухӯрди шадиде миёни нерӯҳои олмонӣ ва Артиши Сурх сар зад.

Душанбе, 18 Сентябр 2017 10:04


Газетаи мардумии СССР дар баробари ошкор кардану навиштани камбудиҳои соҳаҳои мухталифи ҷомеа боз дар бораи рушду нумӯи ин ё он бахшу соҳаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат низ менависад. ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» яке аз чунин ҷамъиятҳоест, ки дар муддати 1 соли охир на танҳо бинои маъмурӣ, балки фаъолияти худро пурра таҷдиду иваз намуда, имрӯз ба яке аз корхонаҳои босамари кишвар табдил ёфтааст. ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» дар 8 моҳи с.2017 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ ва ширкати «Барқи тоҷик» дар самти сарфакорона истифода кардани захираҳои энергетикии кишвар, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти барқӣ ва бо барқи хушсифат таъмин намудани соҳаҳои хоҷагии халқи ш.Кӯлоб ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда равона кардааст. Мухбири мо дар остонаи Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони ин корхона буд ва бо фаъолият ва корҳои созандаи он ошно гашт.

Душанбе, 18 Сентябр 2017 09:57


Баъди манъи фурӯши машруботи спиртӣ дар остонаи Бозиҳои осиёӣ аз ҷониби Ҳукумати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-президенти Туркманистон, дар шаҳри Ашқобод акнун фурӯши ғайриқонунии он аз дохили мошинҳо шуруъ шудааст. Ба гуфтаи мардум, машруботро бо мошин ба маҳалли фармоишшуда мерасонанд

Душанбе, 18 Сентябр 2017 09:56


Президенти Ӯзбекистон-Шавкат Мирзиёев ҳини 1 сафар ба Бишкек дар сӯҳбат бо Алмосбек Отамбоев-президенти Қирғизистон гуфт, ки ҳар 2 дар мавриди масоили об бисёр ҷиддӣ сӯҳбат карда, ба созиш расиданд: "Мо дақиқан ба созиш расидем. Отамбоев гуфт, ки ҳеч кадом ГЭС бе ширкати Ӯзбекистон сохта намешавад. Мо комилан розием ва фаъолона ширкат мекунем, кӯмаки молӣ мерасонем ва агар зарур шавад масолеҳ ҳам медиҳем".

Душанбе, 18 Сентябр 2017 09:54


Тарафдорони Михаил Саакашвилӣ-собиқ президенти Гурҷистон ва раиси пешини вилояти Одессаи Украина шоми 10 сентябр “преграда”-монеаи зиндаи марзбонони Украинаро буррида, аз марзи Полша ба қаламрави Украина даромад. Мақомоти Киев бошад ӯро моҳе пеш аз шаҳрвандӣ маҳрум карда, гуфта буданд, ки дигар ӯро ба кишвар роҳ нахоҳанд дод. Миша ба хабарнигорон гуфт, ки ин кор бо дастури Киев сурат гирифтааст. Тарафдоронаш бошанд ҳини вуруди ӯ ба марзи Украина бо нидои "Миша! Миша!” шиор медоданд. Дар байни ин издиҳом Юлия Тимошенко-сарвазири собиқи Украина низ буд, ки Саакашвилиро шахсан дар роҳи бозгашт ба кишвар ҳамроҳӣ мекард.

Душанбе, 18 Сентябр 2017 09:39

Пурсарусадотарин парвандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бо мӯҳри «комилан сиррӣ» матраҳ мешуд, ба анҷом расид. Сияҳкунанда барои 10 тани боздоштшуда, ки ҳатто насаби на ҳамаашон маълум аст, 86 сол пурсидааст. 2 тан 21 сол ҳабс шудаанд. Қазияи дигарон ҳамин шабу рӯз маълум мешавад. Аҷобати кор маҳз дар сиррӣ будани парванда аст, ҳарчанд касе нест дар кишвар, ки дар ин бора чизе надонаду нагӯяд…

Душанбе, 18 Сентябр 2017 09:33

 

Моҷарои маргу зисти Гулмурод Ҳалимов-полковники фирории тоҷик, ба таҳқиқ монандӣ ба афсонаи машҳури русии “Кашей бессмертный”-ро дошт, ки 100 бор сарашро бурӣ ҳам боз зинда мешавад. Ва рамзист, ки ахиран русҳо гуфтанд “ну, убили мы вашего полковника”...

Душанбе, 18 Сентябр 2017 09:24


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! 3 шумора пеш дар газетаи СССР 1 андешаи ман бо номи «Шароби аз мулло дида беҳтар» чоп шуд. Дар шумораи гузаштаи СССР бошад 1 хонанда-Саид Камолзода аз н.Восеъ дар меҳмонхонаи СССР гуфтааст, ки “зидди навиштаҳои Ғ.Асоев ҳастам”. Ман ҳамеша зидди муллоҳо будам ва ҳастам. Ҳамин муллоҳое, ки шумо тарафашонро мегиред, давлати моро ба ҳамин рӯзҳои шум оварда расониданд. Онҳо буданд, ки ба мо сабӯсу ҷуворимакка доданд ва то ҳол ба худ намеоем! Шумо ТВ тамошо мекунед? Ҳамон муллоҳое, ки шумо пушташонро мегиред, ҳар руз ба воситаи ТВ «секс» мебинанд. Ростӣ, мо дар умрамон ба воситаи ТВ ҳамин қадар рӯирост аз каналҳои Тоҷикистон "секс»-и муллоҳоро тамошо накарда будем ва онро ҳам бо шарофати ана ҳамин муллоҳои «сексуалист» дидем. Ин ба шаъни муллоҳо айб аст! Дигар ин, ки ман арақнӯширо тавсиф накардаам, фақат гуфтам, ки он, яъне шароб аз баъзе муллоҳои «худозадаву» “беимон»-и мо дида болотар аст.


Ғуломалӣ Асоев,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод, тел: 93 701 46 01

саҳ 8 аз 16

Китобҳо

Flag Counter