ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 15 Сентябр 2017 11:11


Судон, Кения, Сомали, Уганда, Конго, Гвинея, Ангола, Эфиопия, Гаити... ин рӯйхати нопурраи давлатҳои қашшоқи ҷаҳони сеюм аст! Дар сархати навигариҳои “Дунё”-и ТВ Ҷаҳоннамо фақат оид ба бебарқию гуруснагию беобии ин кишварҳо наворҳо пахш мекунанду гумон доранд, ки рӯйдодҳои Зимбабве барои мо шавқовар асту ҷолиби диққат? Мӯҳтарам таҳиягарони “Дунё”! Худатон “ситораи хабарҳои сиёсии” барои мисол-давлати Эквадорро бо завқу ҳаваси зиёд тамошо мекунед, магар?! Иловатан, мусиқии “Матбуоти ҷаҳон”-и ТВ Ҷаҳоннамо хело вазнину нофорам аст, мисли “тяжелый рок” барои филмҳои мистикаю триллер (дар бораи ин музыкаи “ваҳмангез” 5 сол пеш низ навишту будам...)!!!

Маннон Махсумов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Истаравшан

Ҷумъа, 15 Сентябр 2017 10:56


Ёд дорам, яке аз донишмандтарин ва калонсоли деҳаи мо шодравон Талабшоҳ Алиев-иштирокчии ҶБВ ва маҷруҳи ҷанг, ҳангоми сура хондан ин дуои некро мегуфт: «Илоҳо, парвардигорам дар кишвар мулки амон, нархи арзон, баракат дар хонадонро зиёд намоед…». Боре ҳангоми сурахонии бобои Талабшо, ки дар ҳамсоягии мо мезист, дӯстам, шодравон Бӯрихон Амиров-узви ИЖТ охири асри гузашта, котиби рӯзномаи «Роҳи Ленини»-и собиқ вил.Кӯлобро ба ӯҳда дошт, бо шӯхӣ эрод гирифта гуфт: «Бобои Талабшоҳ, намедонам, аз чӣ бошад, ки доимо ҳангоми фотиҳахонӣ «мулки амон, нархи арзон» мегӯяду ҳеҷ не, ки нархҳо арзон шаванд. Баръакс нархҳо бо суръат хеста истодаанд». Воқеан, охирҳои солҳои 1980 фалаҷшавии СССР оғоз ёфта буду сол то сол нархҳо афзоиш меёфт. Ҳоло бошад шукронаи офаридгорро мекунем, ки дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони биҳиштосои ман тинҷу ободу зеботар шуда истодааст, ки ин боиси ифтихори кулли тоҷикистониён аст. Аммо нархҳо чӣ? Боиси таассуф аст, ки дар ҷумҳурӣ даҳҳо сохтору идораҳои давлатӣ фаъоланду ягонтои онҳо қобилияти зери назорат ва ба танзимдарории нархҳоро надоранд.


Ҷаббор Раҷабов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Кӯлоб

Ҷумъа, 15 Сентябр 2017 10:54


Узви Ихвон-ал-СССР, Назрихӯҷа Давронов, сокини деҳаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки чанд шумора пеш дар газетаи мардумии СССР, андешаи 1 шахси фарҳангиро бо номи «Тоҷик зодаи Қуръон аст» хондам ва дар тааҷҷуб мондам. Охир, пеш аз нузули Қуръони карим магар миллати Тоҷик набуд? Ин 1. Дувум, дар бораи Қуръону суннат ва ислом сухан кардан бояд илм-факту далел дошта бошем, яъне огоҳ бошем аз улуми китобу суннат. Инчунин 1 нафар дар СССР иддаъо карда буд, ки гӯё ҳадиси «Ҳуббулватан» саҳеҳ аст. Ин суханро агар ба уламои ҳадисшинос расонӣ бар ҳоли мо-Тоҷикон механданд, барои он ки аз илми ҳадисшиносӣ дурем. Охир, ин ҳадис ҳатто заиф ҳам не, балки мавзӯъ-дурӯғи бофташуда аст. Албатта ин ҷо мавзӯи баҳси он нест…

Ҷумъа, 15 Сентябр 2017 10:53


Маҷрӯҳи гурӯҳи 2, Мамлакат Валиева, сокини ноҳияи Шоҳмансур бо телефони 918 76 55 13 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман ба Дастгоҳи иҷроияи президент 1 арзи дили худро ба воситаи СССР расонданиям. Ман 1 зани танҳоям, фарзанд надорам. Ба бемории сил гирифторам. Аз масъулини дахлдори кишвар эҳтиромона хоҳиш дорам, ки маро бо манзили зист таъмин намоянд. Ҳоло бошад дар 1 хобгоҳи умумии Корхонаи нассоҷии Тоҷик муваққаттан зиндагӣ дораму шароитам ниҳоят вазнин...

Ҷумъа, 15 Сентябр 2017 10:37

Панҷшанбе, 14 Сентябр 2017 14:53


Мутаассифона, шояд мо дар ақсои олам ягона миллате бошем, ки акси ягон подшоҳи худро надорем. Акси Шоҳ Исмоили Сомонӣ-асосгузори империяи Тоҷикон, тавре огаҳон медонанд, сурати тасвиршуда аст, ки онро рассоми муосире кашидааст. На бешу на кам. Ҳарчанд аксу тасвираҳое, ки касе онро меофараду баъдан ба ҳамон мардум эмон меоварад, зиёданд дар олам, аммо оригинал дигар аст!
Мо дар тӯли 26 соли Истиқлолият натавонистем ва ё нахостем ақаллан акси Спитаменро, ки каллаи аз тан ҷудояш то ҳанӯз дар Рум ҳаст, барқарор кунем. Фармон аз Боло нашуд…
Дини ислом аз аккосӣ ва санъати тасвира садд мегузошт, ки барои манъи бутпарастӣ дар ҳамон қораи араб буд. Аммо аъроби ғосиб ва фанат ҳини тохти хеш тамомии аксу тасвирҳои шоҳони моро низ маҳв карданд. Ҳарчанд шоҳони мо аксу суратҳо доштанд…

Панҷшанбе, 14 Сентябр 2017 14:43


14.09.1917. Инқилоби февралӣ ҳукумати подшоҳиро дар Русия сарнагун кард ва Ҳукумати муваққат Русияро ҷумҳурӣ эълон намуд.

Панҷшанбе, 14 Сентябр 2017 09:52


Оиша-хоҳари Ғаффор Мирзоев (Седой) мегӯяд, акааш, ки тобистони имсол ба нишони эътироз зидди бозбинӣ нашудани делои худ гуруснанишинӣ эълон карда буд, ҳоло ҳаёти муқаррарӣ дар зиндонро идома медиҳад. Ӯ гуфтааст, ки вазъи бародараш хуб аст ва интизор меравад, моҳи ноябр бо ӯ дар зиндон мулоқот кунад. Ҷамила Комилова-адвокати генерали собиқ гуфтааст, то ҳол омбудсмен ва намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон барои шунидани даъвоҳои Ғаффор Мирзоев ба наздаш нарафтаанд ва эҳтимол ин кор рӯзҳои наздик сурат бигирад.

саҳ 10 аз 16

Китобҳо

Flag Counter