ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 27 Май 2020 09:13

 Муробдек Тухтаев, омӯзгор ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР аз н.Деваштич занг зада (тел: 92 822 27 79) қайд намуд, ки шабакаҳои телевизионии мо то ҳол кори худро намедонанд.

- Вақте ба ҳама шабакаҳои ватанӣ пайваст мешавӣ танҳо аз “коронавирус” сухан меравад ва ин кор ба фикри ман то ҷое тарси мардумро зиёдтар мекунад. Мефаҳмам, айни замон талаботи мардум ба иттилоот танҳо аз вирус шудааст, лекин ба ТВ “Баҳористон” чӣ алоқамандӣ дорад? Бигзор ҳар шабака кори худро кунад ва иттилоотро танҳо аз ТВ Ҷаҳонамо дастрас намоем. . Хубаш дигар шабакаҳо барои мо зиёдтар барномаҳои ҷолибу фароғатбаш омода намоянд, чунки тамошои вирус ба дили ҳама зад.

 

 

Чоршанбе, 27 Май 2020 09:07

 Аброр Ҳакимов, яке аз хонандагони доими газета аз ш.Душанбе, истиқоматкунандаи к.Исмолӣ Сомонӣ, бинои 61 занг зада аз номи сокинони бинои мазкур шикояте намуд.

- Дар назди бинои мо ва шифохонаи Қарияи боло 1 “бар” аст, ки ба оромии сокинон халал мерасонад. Мо ба якчанд мақомоту сохторҳои дахлдор дар бораи фаъолияти шабонаи он шикоят кардем, аммо бенатиҷа. Шояд назораткунандагон омада, ҳаққашонро гирифта боз ба онҳо иҷозаи фаъолият медиҳанд? Майзадаҳо омада менӯшанду дар кӯча доду вой бардошта, дар даруни “подъезд”-ҳо қазои ҳоҷат мекунанд,  хуллас ҳама атрофи бино аз дасти инҳо ифлос шудааст. Умедамон танҳо ба газетаи мардумии СССР аст, зеро ӯ метавонад!    

 

Чоршанбе, 27 Май 2020 09:02

Салом ҳафтаномаи дӯстдоштаи мардумӣ! Вақте вабои аср Ковид-19 дунёро ба таҳлука андохта, ба кишвари бо мо дӯсту ҳамсоя расид, роҳбарияти олии он тамоми чораҳои пешгирӣ ва муборизаро бар зидди он рӯи даст гирифт. Дар баробари давлат ашхоси меҳанпарасту сахии он ба халқу миллати хеш дасти мадад дароз намуданд. Яке аз онҳо шаҳрванди Руссия Алишер Усмонов-миллиардери ӯзбектабор аввал 20 миллион ва дертар 5 миллион доллари дигар барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон кӯмак намуд. Ана ватандустию олиҳимматӣ! Дар баробари хабар ёфтан аз канда шудани дамбаи обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарё 15 миллон доллари дигар 10 миллион ба ҳамдиёриёнаш ва 5 миллион ба шаҳрвандони Қазоқистон хайр намуд. Мутаасифона, Ковид-19 ба кишвари мо низ омада, мардумро ба таҳлука андохтааст. Албатта, ҳукумату давлати мо тамоми чораҳои муборизаро бар зидди он бурда истодаанд. Бо вуҷуди он маро андешае домангир аст, оё мо ҳам мисли Алишер Усмонов меҳанпарасти сахӣ ва дилсӯзи миллат надорем, то бо ғурур бигӯем, ки фалонӣ дар ин рӯзхои мушкил ба халқи азизамон (лоақал 1 миллион доллар) хайр намуд? 

Ҷумьабой Яҳёев, н.Деваштич, 

тел: 92 888 75 06.

 

 

Чоршанбе, 27 Май 2020 08:52

Ман гумон мекунам, ки дар тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ воситаҳои ахбори омма ва махсусан телевизионҳо бояд фаъол бошанд. Дар нигоҳи аввал ҳамин тавр ҳам мушоҳида мешавад, лекин на ба дараҷаи лозимӣ. Яъне бонувон- «наттоқон»-и телевизионҳо сару либоси миллӣ, махсусан чакан ва атласро тарғибу ташвиқ мекунанду худашон либосҳои миллиро кам мепӯшанд. Ва агар пӯшанд ҳам куртаи чакани танг, беостин, бо сари луч, ва ё бо мини-юбка ва юбкаи чакани бе подоман... Ҳатто  бонуҳои мансабдор ҳам дар ҷаласаҳо бо сару либоси чакани танг, беостин, бе подоман ва бо сари луч иштирок менамоянд. Магар ин аст ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ? Охир кадом мансабдор ё санъаткору ровӣ гуфта метавонад, ки модарҷону бибиҷонаш куртаи чакани танг, беподоман, бо сари луч ва ё юбкаю мини-юбка дар тӯю тамошо мерафт? Ҳеҷ гоҳ!

Дар риоя ва пӯшидани сару либоси миллӣ модари Президент намунаи оллӣ буд!

Воқеъан ҳам ҳар 1 бонуи тоҷик, ки худро зани боору номус, миллатдӯсту ватандӯст меҳисобад бояд аз модари Президент ибрат гирад. Шахсан ман ҳар вақте, ки дар ягон гӯшаи кишвари маҳбубамон расми калону зебои ин модарро мебинам, садҳо маротиба ифтихор аз Тоҷик буданам мекунам ва дарҳол симои модару бибии худамро, ки бештар вақт куртаи читу докаи сафед ба бар мекарданд, пеши назар меорам. Чунки ранги сафед аз сафедии дили поки модари тоҷик аз нияту орзуҳои поки ӯ дарак медиҳад. Ҳар шахсе, ки худро модари тоҷик, зани тоҷики тоза меҳисобад, бояд чунин пӯшад, вале агар либосҳои аврупоӣ пӯшидан хоҳад, бигзор пӯшад, аммо на  либосҳои омехтаи чакану миниюбка, ки таҳқири пӯшокаи миллист! Мо-халқ, ин ҳамаро мебинем, Мо Метавонем!

 

Ҷаббор Раҷабов, ш.Кӯлоб, 

хабарнигори мардумӣ  

 

Чоршанбе, 27 Май 2020 08:48

Агар ба саҳифаҳои иҷтимоӣ ва интернет назари сарсарие афганем, пас мебинем, ки аксарияти таслияту таъзияҳое, ки ин ҷо кишта мешаванд, ба ҷинси мард мутааллиқанд. Ба забони дигар мардон бештар аз коронавирус фавтидаанд. Теъдоди шифоёфтагон аз ин вабои аср бошад, боз ҳам занонанд. Яъне чӣ? Яъне бонувон нисбат ба мардон имунитети боқувват доранд? Шояд! 

Ва шод ҳам бояд буд, ки Худои мутаъол модарони моро дар паноҳи раҳмату исмати хеш нигоҳ медорад. Вале агар ба умқи масъала назар дӯзем мавзӯи наве бароямон ба ҷилва меояд…

-Мардон тарсутар аз занон шудаанд!!!

Яке аз аломатҳои фавти ин вирус, тавре, ки олимон муайян кардаанд, тарс аз гирифторӣ ба он будааст. Яъне мантиқан агар назар афганем, пас мо-мардон тарсутар аз бонувонем! Мардона инро бояд иқрор кард, ки чунин ҳастем...

1 рафиқам гуфт, вақте табб кардам, занам пойҳоямро оғӯш гирифта мегуфт, «Худо дарди ту маро гирад!». Оё мардеро дидаед, ки дар баробари марази занаш чунин даъво пеш орад? Ана ҳамин иддаоро, ҳар вақте, ки шахсан ман касал мешудам, аз забони модарам мешунидам: «Дарди ту маро гирад!». Ва очаҷонам аз сидқи дил инро мегуфту лаҳзае аз пешам дур намешуд, ҳарчанд хавфи мубтало шудан дошт. Фикр мекунам дигарон низ инро аз модаронашон шунидаанд. Вале аз забони падарон шунавидани ин даъво амрест муҳол. Яъне зан-модар ҳамеша омодааст, мардона, бидуни тарсу ваҳм дарду ранҷу вабову балову батари сари мардон омадаро дар худ ҷо кунад. Ва ҳамакнун баргардем сари иддаои Ибни Сино, ки мегуфт, «Тарс ваборо дар бадан ҷо мекунад!». Дарки ин тарс ва ун ҷасорат дар мавриди коронавирус, ба гуфтаи Аловуддин Абдуллоев «кори хирсро тамом!» мекунад. Яъне мушкили маргу мири мардон аз коронавирус мушаххасан муайян мегардад, ки за тарс аст.

Воқеан ҳам на танҳо дар Тоҷикистон мардон бештар аз бонувон аз ин вирус мефавтанд. Омори расмие, ки табибони Чин баъди 6 моҳи фарогиршавии пандемияи коронавирус ташхис кардаанд, ҳокӣ аз ҳамин далел аст, ки мардон бештар мемиранд!

Хитоиҳо исбот кардаанд, ки 70% фавтидагони коронавирус дар ақсои олам аз ҷинси мард будаанд. Ба забони дигар маргу мир миёни мардон дар нисбат ба занон 2,5 маротиба зиёдтар аст!!! Синни фавтидагонро низ бояд ба инобат гирифт. 76,8% мардони фавтида аз 66 то 90 сола мебошанд. Танҳо 13,2% аз 65 поинанд! Яъне чун мардон аслан тарсутар аз бонувонанд, бо гузашти умр тарсутарак мегарданд ва ин тарс аз марг, маризӣ, касалӣ…то охири умр давом мекунад.

Намунаи тарсончакии мардон ин ҳам ҳаст, ки бо гузашти сол «Марди Манум мегуфтагӣ», ба гуфтаи Бобои Ғулом, ба занаш ҳатман мегӯяд, ки «Маро дар пеши пои ту кушад!». Инро мардоне низ мегӯянд, ки то солзадагӣ бар зан ситам мекарданд. Қойил шавед, мардона, ки чунинем! Яъне бо гузашти сол мард тарсутар мегардад ва издивоҷи мӯсафедон баъди фавти ҳамсар, бо баҳонаи «ақаллан оби таҳоратам медиҳад», маҳз тарс аз танҳоӣ, тарс аз касалӣ ва тарс аз марг аст, на чизи дигар! Зеро агар на чунин мебуд, кампиракон низ шавҳар мекарданд, баъди сари шавҳар…

Вале суоли матраҳ ин аст, ки мо-мардон чаро чунин шудаем? 

Чанде муқаддам коромӯзи ҷавони мо-Омирона Достиева 1 матлаби аҷибе навишт, ки он вақт, то шуруъи пандемияи коронавирус, ба он аҳамият надодем. Ӯ гуфт, «занҳо боҷуръаттар ва ҷасуртар аз мардон шудаанд» ва мисол ҳам овард, ки духтарон, занҳо, кампиракон ҳини интервю нотарсона аз мушкилиҳо мегӯянд, аз наздикони маҳбасии хеш пуштибонӣ мекунанд, дари военкоматҳоро мегиранд ва аз каштали облавачиҳо меқаппанд ва ғ. ва ҳ….коре, ки мардон аслан намекунанд! Чаро? Суолест, риторикӣ!

Дӯсти газетаи мо, профессор, Хоналӣ Қурбонзода версияи аҷибе пеш меорад. Ӯ мегӯяд, яке аз сабабҳои сӯи ҷавонони «нимамардаки аврупоӣ» майл кардани тоҷикписарон ин хелеее кам будани омӯзгорони мардак дар синфҳои ибтидоист. Зеро чун устоди нахустини алфозбадаҳан зан аст, пас дар психология ва зершуъури писарбачча маҳз ӯ-муаллима, на муаллим(!), зан, на мард(!!), нақши ногусастание мебозад то охири умр! Ба забони дигар, агар мехоҳед, ҷавонмард тарбият кунем, бояд Вазорати маориф сафи муаллимони синфҳои ибтидоиро аз ҳисоби мардон беш кунад! Ва ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистони азиз, чун дар ақсои олам мураббии мардак дар кӯдакистонҳо аслан нест!!! Ҳамонгунае, ки дояҳо билкулл занонанд. Яъне чӣ? Яъне кӯдакро сар аз таваллуд, то боғча ва сипас то синфи 5-уми мактаби миёна танҳо занон тарбият мекунанд. Ба забони дигар 12-13 соли 1 писарбачча дар тарбияти зан мегузарад ва аз ин бачча мо ҷавонмардӣ талаб мекунем?! Хестед, ки хобе(м)д!!!

Албатта ин гипотеза аст, вале ҳар фарзия ҳуқуқи мавҷудият дорад ва онро низ олимони педагогика ва психология бояд мавриди пажӯҳиш қарор диҳанд. Мардонро аввал мардак бояд кард ва он гаҳ ҷасорат талаб. Дар сурати акс мо бо ҳамин тарс хоҳем мурду мурду мурд. 

PS: Воқеан хонандаи гиромӣ, фарқ миёни вожаи мАрд ва мУрд ҳамин 1 садонок(А-У) мебошад, ки дар алифбои ниёкон вуҷуд надорад ва марду мурд 1 хел навишта мешавад.

 Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 21 Май 2020 11:14

Рӯзи гузашта, 20.05.2020 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар ҶТ Коҳир Расулзода аз фаъолияти 1 қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустии кишвар дар пойтахт шинос шуданд.

Тавре дафтари матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, Сарвари давлат дар ш.Душанбе аз шароити Беморхонаи муваққатӣ, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”-и Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъсис ёфтааст, оғоз гардида, гуфта мешавад, ки он дар 1 ҳафта созмон дода шуда, барои фаро гирифтани 350 нафар бемор пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шудааст, шинос шуданд. Иншооти мазкур аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тибқи дастури Пешвои миллат 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории нави сироятӣ ҷой дода мешавад.

Дар саҳни ҳавлии хобгоҳи ДМТ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Гипроземи н.Синои пойтахт шинос шуданд. Беморхонаи мазкур бо ғунҷоиши 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи авввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад.

Пасон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ба Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ташриф оварда, аз вазъи иншоот, ки ҳамчун беморхонаи сироятии муваққатӣ барои қабули беморон ташкил гардидааст, шинос шуданд. Дар беморхонаи сироятии муваққатӣ барои бистарӣ кардан ва ба муолиҷа фаро гирифтани маризон 16 ҳуҷра бо 110 кати хоб таъмин мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар беморхона 4 кати функсионалӣ,  10 кати муолиҷаи шиддатнок бо хати оксиген ва 18 адад кати эҳёгарӣ тайёр буда, 2 адад оксигенатор, 1 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 дастгоҳи балғамкашакии барқӣ ва 2 дастгоҳи дефибриллятор барои муолиҷаи беморон мавҷуд аст. Беморхонаи сироятии муваққатӣ дорои шуъбаи мардона бо 55 кат ва занона бо 37 кат буда, дар он ҳуҷраи безараргардонӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият менамояд.

Баъдан, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ҳамчунин аз беморхонаи сайёр, ки дар варзишгоҳи “Бофанда” ташкил шудааст, боздид намуданд.

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар ин муассисаи тандурустӣ, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат анҷом дода шуд, таҳти назорати бевоситаи Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дошт.

Дар асоси нишондоди лоиҳа, беморхона дар масоҳати 3600 метри мураббаъ сохта шуда, барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятии коронавирус пешбинӣ шудааст. Беморхонаи сайёр бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз шуда, барои табибон ва беморон шароитҳои лозима фароҳам гардидааст. Ҳар як контейнер аз як ё ду ҳуҷраи хурд иборат мебошад, ки дар он барои табобат ва зист шароити лозима мавҷуд аст. Дар контейнерҳо вобаста ба ҳаҷмашон 4 ва 6 нафарӣ бемор ҷойгир хоҳанд шуд ва дар маҷмуъ имкон аст, ки 984 нафар ба табобат фаро гирифта шаванд.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар ш.Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони соҳаи тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.

 

 

Панҷшанбе, 21 Май 2020 10:57

Иди саиди моҳи шарифи Рамазон дар тамоми қаламрави ҶТрӯзи якшанбе, 24-уми май таҷлил карда шавад. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии ҶТ рӯзи гузашта қарор содир намуд.

Дар қарори Шӯрои уламо омадааст, мувофиқи ҳисоби илмӣ ва вобаста ба шароити пешомада ҳар як намозгузор дар вақти намози ид дар манзили худ самимона ба зикру ниёиш ва дуруду дуо машғул шавад. 

Тибқи ин қарор бо дарназардошти вазъи кунунӣ садақаи фитр ба ниёзмандону бенавоён ва закот дар баробари ба ниёзмандону маъюбон, ятимон, инчунин ба суратҳисоби махсуси ёрӣ ба беморони COVID-19 супорида  шавад.

 

Чоршанбе, 20 Май 2020 12:52

Ҳавопаймои хатсайри махсуси ширкати «Тоҷик эйр», ки шоми 19.05.2020 ба фурудгоҳи «Домодедово»-и Маскав парвоз карда буд, субҳи имрӯз бо 213 мусофир ва 28 тобути шаҳрвандони тоҷик ба Душанбе баргашт.

Тавре Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, тамоми мусофирон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пас аз ихроҷ-депортатсия дар боздоштгоҳҳои махсуси ин кишвар нигоҳ дошта мешуданду бо ибтикори сафорати ҶТ дар Россия ба рӯйхати ягона ворид карда, бо мусоидати сафорат барои парвоз ба Ватан роҳнамоӣ гардидаанд. Ҳамаи мусофирон пас аз бозгашт ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Инчунин, бо ин парвоз инчунин маводди доруворӣ ва муҳофизатӣ бо шумули доруҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшҳо ва айнакҳои тиббӣ аз ҳисоби ҳамватанони саховатпешаи муқими Русия ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд. 

 

 

саҳ 3 аз 8

Китобҳо

Flag Counter