ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 27 Май 2020 17:05

Ҳамкасбони гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад аз паҳншавии бемории илтиҳоби шуш дар канор намондааст. 

Роҳбарияти мамлакат ҷиҳати ҳифзи ҷомеъа ва бехатарии аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ як қатор чораҳоро андешида истодааст, ки амалӣ кардани онҳо низ қарзи шаҳрвандии ҳар як корманди Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва мизоҷони он мебошад. 

Мутахассисон муқаррар карданд, ки сироятшавӣ бо бемории илтиҳоби шуш бештар бо роҳи расидани заррачаҳои луоби даҳон ба чашму бинӣ, дастони ифлос ва риоя накардани дигар қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба амал меояд.

Барои пешгирии ҳолатҳои пайдоиши бемории илтиҳоби шуш зарур аст, ки қоидаҳо ва шароитҳои зерин дар миёни кормандон ва дар хизматросонихо ба мизоҷон риоя карда шавад:

1. Пеш аз ҳама муҳим он аст, ки ба таҳлука ва воҳима дода нашавед, ҳаминро донед, ки шумораи сироятёфтагон ва фавтидагон аз шумораи онҳое, ки ба бемории илтиҳоби шуш, дар солҳои қаблӣ гирифтор шуда буданд, зиёд нест. 

2. Ҳамаи кормандон дар хонаву кӯчаҳо  ва дар ҷои кор бо ниқоб таъмин бошанд.

3. Ҷойҳои корӣ бо маводҳои зиддимикробӣ коркард карда шуда, ҳар як соат ҳавои утоқҳои корӣ бо кушодани дару тирезаҳо тоза карда шавад.

4. Дастҳо зуд-зуд бо маводҳои моегии антисептикии спиртдор ва собунҳои либосшӯии оддӣ  шуста шаванд.

5. Барои нагузаштани ҳар гуна микробҳо аз расонидани дасту ангуштон ба даҳон, бинӣ ва чашм худдорӣ карда шавад.

6. Ҷойҳои даромади биноҳо тариқи ҳатмӣ бо маҳлули хлор коркард карда шуда, дар дохили биноҳо ва ҷойҳои корӣ ба таври доимӣ аз дуди ҳазориспанд истифода карда шавад.

7. Аз ҳама мизоҷон талаб карда шавад, ки ба биноҳои  филиалҳо ва МХБ-ҳо бо истифода аз ниқоб дароянд. Дар хизматрасониҳо масофаҳои байни мизоҷон ва кормандон  дар ҳудуди  на кам аз 1,5 метр риоя карда шавад.

8. Аз саломи дастакӣ бо якдигар ва мизоҷон худдорӣ карда шавад.

9. Бо тавсияи мутахассисон ҳамарӯза аз доруҳои зиддимикробӣ истифода карда шавад.

10. Кормандони синну солашон аз 60 сола боло ва кормандони бо нишонаҳои бемориҳои гирифтори қанд, фишорбаландӣ ва дигар намуди бемориҳои роҳи нафас ба рухсатӣ равона карда шаванд.

11. Ҳангоми пайдоиши нишонаҳои аввалини бемории сироятии мазкур ба худмуолиҷакунӣ машғул нашуда,  ҳатман ба табибон муроҷиат кардан зарур аст. Ҳар яки мо дар андешаи саломатии худ, аҳли оила, наздикон ва мизоҷони бонк бошем. 

12. Фаъолияти мунтазами филиалҳо, МХБ тариқи реҷаҳои бегоҳирузӣ ва шабонарузӣ пурра нигоҳ дошта шавад.

13. Ҳама бонкоматҳо ба таври доимӣ бо пули нақд таъмин карда шуда, хизматрасониҳо ба нафақагирон, муаллимон ва дигарон ҷиҳати пардохти саривақтии маблағҳои нафақа ва музди маошу дигар кӯмакпулиҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

14. Муҳлати пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳаи кишоварзӣ то санаи 1-июни соли 2020 тамдид карда шудааст. Соҳибкорон ва ширкату ҷамъиятҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ғалладона машғул мебошанд дар кӯтоҳтарин муҳлат бо маблағҳои зарурӣ тариқи додани қарз таъмин карда шаванд.

15. Филиалҳоро зарур аст, ки аз пешниҳоди қарзҳои калон худдорӣ намуда, баргардонидани қарзҳои додашударо саривақт таъмин намоянд.

16. Захиракунии маводи хӯрока аз ҳисоби ғалладонагиҳо, картошка ва ҳар гуна ғизоҳои истеъмоли ҳамарӯза, пӯхтани мураббо, ҷем ва ғайраҳо ба роҳ монда шавад.

17. Ҷиҳати истифодаи самараноки замин барои гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъа бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шавад. Махсусан филиалҳое, ки дар ноҳияҳои кишоварзӣ қарор доранд, нагузоред, ки як ваҷаб замин бекор монад. 

18. Ба бонувони Бонк супориш дода шавад, ки аз матоҳои мувофиқ ниқоб дӯхта,  эҳтиёҷоти худ ва ҳамкоронро таъмин намоянд.

 19. Ба мизоҷон тавсия дода мешавад, ки барои бехатарии худ ва атрофиён аз хизматрасониҳои Амонат Онлайн  ва СМС-паёмак ба таври васеъ истифода баранд. 

20. Мизоҷони Бонк огоҳ карда шаванд, ки ҳангоми хизматрасониҳо тавассути бонкоматҳо аз тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб, ки дар овезаҳои дар ҷойҳои намоёни биноҳои филиалҳо ва марказҳи хизматрасонии бонкӣ  насб шудаанд,  дуруст истифода баранд.

Пешниҳод менамудам, ки маоши якмоҳаи Раиси Раёсат ба ҳисоби махсуси дастгирии беморону табибон дар мубориза ба вабои COVID-19 гузаронида шавад ва аз ҳамаи кормандони соҳа даъват ба амал меовардам, ки маоши якрӯзаашонро ба ин ҳисоб гузаронанд. 

Мудирони филиалҳо вазифадор карда мешаванд, ки мазмуну моҳияти муроҷиатномаро ба ҳар як корманд ва мизоҷи Бонк расонида, иҷрои пурраи вазифаҳо ва супоришҳои дар он омадаро таъмин намуда, хизматрасониҳоро боз ҳам дар сатҳи баланди касбӣ қарор дода, аз рафти корҳои созмондода мунтазам ба ситоди Бонк маълумот пешниҳод намоянд.

 

Сироҷиддин ИКРОМӣ, 

Раиси Раёсат

 

АМОНАТБОНК ДАР ХИЗМАТИ МИЗОҶОН АСТ

Дар тамоми филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” бонкоматҳо бо пули нақд таъмин буда, хизматрасониҳо ба нафақагирон, муаллимон ва дигарон ҷиҳати пардохти саривақтии маблағҳои нафақа ва музди маош, интиқоли маблағҳо  дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷойҳои кории кормандони Бонк ва нуқтаҳои мубодилаи асъору интиқоли маблағҳо бо маводҳои зиддимикробӣ коркард карда шуда, ҳар як соат ҳавои утоқҳои корӣ бо кушодани дару тирезаҳо тоза шуда, дар назди бино ва банкаматҳо шиору овезаҳои тавсиявии зидди бемориҳои сирояти овезон ҳастанд.

 Мизоҷони муҳтарам, ҳангоми рух додани ҳолатҳои ногувор: дар бонкомат мондаги корт, истифодаи нодурусти Амонат Онлайн, СМС- Паёмак ё кор накардани бонкомат дар назди маҳалли худ метавонед ба Телефони Тамос 1885, ки 24 соат фаъол аст, муроҷиат намоед. Мутахассисони Бонк омодаанд мушкилии Шуморо дар муддати кӯтоҳ бартараф намоянд.

 

ЁДУ НОМИ РУҲУЛЛО ҲАКИМЗОДА АБАДАН БОҚӣ ХОҲАД МОНД

Роҳбарият ва ҳайати кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз марги нобаҳангоми собик Раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" Руҳулло Ҳакимзода ва писараш Кароматулло Руҳуллозода, ки санаи 11.05.2020 аз олам чашм пӯшиданд, сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонашон таъзия баён намуда, сабри ҷамил хохонанд. 

Руҳулло Ҳакимзода аз соли 2015-2019 дар Амонатбонк ба ҳайси Раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" фаъолият намуда, барои пешрафти сиёсати пулии мамлакат нақши худро гузоштаанд. Хизматхои Ҳакимзода ҷихати пешравии фаъолияти бонк арзандаи васф аст. Ин марди ватанпарвар тавонистанд, ки бо татбики сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як катор дастовархо ноил гарданд. Ёду номи Руҳулло Ҳакимзода дар хотири наздикону дӯстон ҳамчун инсони хештаншиносу ватандуст, саховатпеша ва ҳалиму меҳрубон абадан боқи хоҳад монд. 

Руҳатон шод ва манзили охирататон обод бод!

 

Чоршанбе, 27 Май 2020 16:56

Фахриддин Ганҷов, сокини деҳаи Оби-сангбури н.Файзобод ва ҳамзамон имоми масҷиди деҳаи мазкур вобаста ба нашри шикояти сокини ҳамин деҳа Нуралӣ Қурбонов, ки ҳафтае қабл дар газета рӯи чоп омада буду мавсуф аз ғасби чарогоҳ шикоят мекард, изҳори нигаронӣ намуд.

-Соли 2014 аз тарафи хоҷагии ҷангали н.Файзобод 101 га заминро, ки ба хоҷагии ҷангал маҳсуб ва ба деҳаи Оби-сангбур вобаста гардида буд, ба Нуралӣ Қурбонов тариқи шартнома доданд. Бо гузашти вақт эшон бо ин қаноат накарда, боз 200 га замини чарогоҳи деҳаро низ иҷборӣ аз худ карду ба муроҷиати сокинони деҳа, ки ӯро аз ин кораш огоҳ намуданд, беэътиноӣ намуд. Идораи хоҷагии ҷангал, Кумитаи замини ноҳия ва ҳатто раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода низ сари замин рафта, исбот намуданд, ки номбурда ин заминҳоро худсарона ғасб карда, дигар ба мардум доданӣ нест. Мардум ҳиссаи худро талаб доранду Нуралӣ Қурбонов бошад саркашӣ карда, кораш фақат навис-навис. Чунин рафтори ӯро дида, хоҷагии ҷангал шартномаашро бекор кард, ки сабабаш огоҳӣ ва санадҳои бешумор буд, ки Қурбонов онҳоро иҷро ва риоя намекард. Бо интихоби дастаҷамъонаи сокинони деҳа 101 га замин ҳамчун шахси боваринок ва бо истифодаи оммавӣ ба ман супорида, ҳуҷҷат карда шуду ҳоло моли ҳама дар ҳамин чарогоҳ мечарад, дигар ягон мушкил дар инҷо нест! 

 

Чоршанбе, 27 Май 2020 16:37

 Алифамоҳ Ҳикматова, сокини деҳаи Ғаллаободи Фахробод ба редаксия омада, гуфт, ки ба хотири фарзанддор шудан бо шавҳарам дари тамоми беморхонаҳоро кубидему қариб 10 ҳазор доллари ИМА ба хотири муолиҷа харҷ кардем. Ҳатто ба шаҳри Москва сафар намуда, тули чандин моҳ худро табобат кардем, лекин фоидае надидем.  Ҳамдеҳагонамон ҳар рӯз ба ман таслият карда, мегӯянд, ки фарзандони мо аз шумост-ку ҳамсоя. Ҳамин, ки фарзандони моро нағз тарбият карда, дар ҷомеа саҳмгузорашон кардаед, басанда аст. Бо фарзандони ҳамсоягон ва инчунин 2 дӯструякони бародари шавҳарам рӯзи дароз якҷо сурудхонӣ намуда, ба онҳо китобхонӣ, одобу ахлоқ, муошират бо калонсолон ва инчунин кору бори хона ва парвариши гулу бутаҳоро меомӯзонам. Бо кумаки онҳо кам-кам аз фикри бефарзандӣ дур мешавам. Вале 100 накунӣ, фарзанди худат дигар аст. Ҳоло ба мардум гуфтаниам, ки аз коронавирус натарсед, гузаранда аст, ман дарди бефарзандиро паси сар кардам, ки он вазнинтар будӣ...

 

Чоршанбе, 27 Май 2020 16:28

 

21.05.1919. Дар РСФСР Декрети ШКХ ба тасвиб расид, ки тибқи он дар кишвар сензураи пешакии китобҳо ҷорӣ карда шуда, таъсиси нашриётҳои хусусӣ қатъият манъ гардид.

21.05.1942. Дар рафти ҶБВ, тавассути қаъри кӯли Ладога хатти лӯлаӣ барои таъмини Ленингради муҳосирашуда бо сӯзишворӣ гузаронида шуд.

21.05.1991. Дар Маскав Анҷумани IV-уми вакилони мардумии РСФСР доир гардид, ки дар он Қонун бобати Президенти РСФСР қабул карда шуд.

22.05.1919. Бо сабаби ҳуҷуми нерӯҳои сафеди генерал Юденич ба Петроград, КМ РКП (б) бо шиори «Ҳама ба мудофиаи Петроград» ба тамоми меҳнаткашони шаҳр муроҷиат кард. Дар муроҷиатнома аз коргарон талаб карда мешуд ба ҳеҷ ваҷҳ шаҳрро ба нерӯҳи Юденич таслим накунанд.

22.05.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аввалин чемпионати СССР оид ба футбол ифтитоҳ гардид. Аввалин бозӣ миёни дастаҳои «Динамо”-и Ленинград ва «Локомитив»-и Маскав баргузор карда шуд.

22.05.1940. Дар СССР Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ бобати таъсиси медали тиллоии «Досу Болға», ки нишонгари Қаҳрамои Меҳнати Сотсиалистиро дошт, ба тасвиб расид.

 22.05.1959. Дар СССР Қарори махсуси КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР «Бобати омодасозии инсон барои парвоз ба кайҳон» ба тасвиб расид.

22.05.1972. Сафари расмии президенти ИМА Ричард Никсон ба СССР. Никсон аввалин президенти ИМА ба шумор меравад, ки ба СССР сафари расмӣ доир намуд.

23.05.1924. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав

Чоршанбе, 27 Май 2020 11:57

 

24 майи соли 1937 маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Тухачевский аз сафи ВКП(б) хориҷ карда шуд ва Сталин ба ҳабси ӯ ризоят дод. Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳи 30-юм, болотарин рутбаи ҳарбӣ дар Артиши Сурх ба шумор мерафту дар сафи артиш 5 маршал вуҷуд дошт. Дар рафти тозакунии Артиши Сурх аз ин 5 маршал 3 нафарашон (Тухачевский, Блюхер ва Егоров) кушта шуданд, ду маршали дигар-Ворошилов ва Будёнийро зинда монданд.

Мухолифин дар Артиш

Маълумот бобати вуҷуди мухолифин дар Артиши Сурх бо сарварии Тухачевский, бори аввал соли 1929 аз ҷониби духтари генерал Зайончковский садо дод. Соли 1932 ҳамин гуна маълумотро ҷосуси шӯравӣ Адолф Хайровский (бо тахаллуси «Сюрприз») ба Маскав ирсол намуд. Солҳои 1934 ва 1936 ду ҷосуси дигари шӯравӣ Илинич ва «Венера» ҳам, ингуна маълумотро дода буданд. Аммо ин маълумот танҳо моҳи январи соли 1937 аз ҷониби роҳбарияти ниҳодҳои ҷосусии шӯравӣ (мактуби А.Х. Артузов) ба иттилоъи роҳбарияти олии кишвар расонида шуд. Ногуфта намонад, ки маълумотро бобати норозигии афсарони олирутба дар Артиши Сурх, худи ниҳодҳои қудратии шӯравӣ, аз ҷумла ОГПУ ҳангоми баргузории амалиёти маъруфи «Трест» ва «Синдикат-4» дар хориҷ аз СССР паҳн карда буданд. Албатта чекистон бо паҳн кардани ин маълумоти дурӯғин мехостанд роҳабрияти нерӯҳои зидди шӯравиро ба СССР даъват кунанд. Аз ҷумла чекистон ба хадамоти ҷосусии як қатор кишварҳо (Фаронса ва Полша) ному насаби Тухачевскийро ҳам гушзад карда буданд. 

Куштори Сталин

Ҳанӯз тсоли 1930 ОГПУ кори ҷиноиро алайҳи як қатор роҳбарони олирутбаи Артиши Сурх оғоз намуда буд. Чекистон он замон иддао доштанд, ки маршал Тухачевский бо сарварии як қатор фармондеҳони олирутбаи дигар, мехоҳанд қудратро дар СССР ғасб кунанд ва Сталинро ба қатл расонанд. Ин маълумотро чанд нафар устодони Академияи ҳарбӣ, ки чанде қабл ба ҳабс гирифта шуда буданд ба чекистон маълумот доданд. Аз ҷумла муаллимони калони Академияи ҳарбӣ Н. Какурин ва И.Троитский. Аммо Сталин он замон ба ҳарфи устодони Академияи ҳарбӣ бовар накарду кори ҷиноии сарлашкарон мутаваққиф гардид. Моҳи октябри соли 1930 бошад миёни Тухачевский ва Какурину Троитский дидори мустақим баргузор карда шуд ва Тухачевский ба пуррагӣ сафед гардид.   

Нақшаи Гейдрих

Дар оғози соли 1937 генерали собиқи артиши сафед Скоблин ба сардори «полиси бехатарии» Рейхи саввум Рейнхард Гейдрих, асноде ирсол намуд, ки дар он нишон дода мешуд, ки дар роҳбарияти болоии Артиши Сурх мухолифат бо Сталин вуҷуд дорад. Гейдрих қарор дод, ин аснодро дар бозии худ алайҳи роҳбарияти шӯравӣ истифода барад. Ӯ фикри худро ба иттилоъи Гитлер расонд. Аммо Гитлер ба таври худ рафтор кард ва ба асноди Скоблин чанд ҳуҷҷати дигарро изофа намуда, ҳамаро ба тарафи СССР интиқол дод. Ин аснод ба андешаи Фюрер, мебоист Сталинро мутақоид мекарданд, ки миёни роҳбарияти артиши олмонӣ «Вермахт» ва Артиши Сурх созиш вуҷуд дорад. Сталин бояд бовар мекард, ки гурӯҳи афсарони олирутбаи Артиш мехоҳанд ӯро шахсан нобуд кунанд ва дар Маскав низоми тарафдори олмониро барқарор намоянд.         

Чоршанбе, 27 Май 2020 11:48

 

Чоршанбе, 27 Май 2020 11:43

 

Чоршанбе, 27 Май 2020 09:14

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Данғара мақолаи Бозорбой Пӯлодовро дар шумораи №6 (595) аз 13 феврали соли 2020 ба номи «Дискоклубҳои Данғара фаъоланд» мавриди омӯзиш қарор дод. Тӯли солҳои истиқлолият н.Данғара хеле ободу дигаргун гардида, барои толибилмони муассисаҳои олии ноҳия ҳамаи шароитҳо фаровам оварда шудааст. Онҳо дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс, рӯзҳои истироҳат метавонанд аз мавзеъҳои истироҳатии ноҳия фаровон истифода намоянд. Имрӯзҳо дар ноҳия боғи марказӣ-фароғатии «Хуррамшаҳр», гулгаштҳо дар назди «Қасри фарҳанг», «Хушаи гандум», «Сари қалъа» дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара ба назар мерасанд. Шабонгоҳон кӯчаҳои ноҳия чароғон аст.

Донишҷӯён, ҷавонон метавонанд, ки аз китобхонаҳои дохили ноҳия истифода бурда, фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» иштирок намоянд. Деҳаҳо низ обод шуда истода, дар дурдасттарин деҳаҳо низ китобхонаҳо, марказҳои фароғатӣ бунёд шудааст. 

Б. Файзиддинзода, муовини раиси н.Данғара

 

 

саҳ 2 аз 8

Китобҳо

Flag Counter