ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 20 Май 2020 09:38

Эй тоҷикони ориёинажоди озодаву шарафманду сарбаланду боғурур ва тоҷикистониёни азиз! Обу ҳаво, офтоб, гиёҳҳо, сабзавоту меваҳои ватанамон ҳамаашон табобативу шифобахшанд. Мо бояд шукрона намоем, ки чунин Ватани биҳиштосо дорем ва дар он зиндагонӣ менамоем. Аз ин вирусу бактерияву воҳимаҳо наҳаросед! 

Бузургтарин бало тарс ва ноумедист

Аксарияти ҳоло беморшудагон аз риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва тарсу ҳарос, яъне бими марг (страх смерти) бемор шудаанд. Имрӯз дар тамоми расонаҳо фақат хабари негатив оиди коронавирус ин бемориро машҳур кардааст. Дар ковокии даҳон, бинӣ, бронхҳо, шушҳо ва рӯдаҳо дар ҳолати нормалӣ микробу вирусҳо ҳастанд, ки онҳо шартан зараровар (условно-патогенние микробы) мебошанд. Дар ҳолати тарс, ноумедӣ, шамолкашӣ, норасоии витаминҳо ва мондашавии ҷисм (аз меҳнати фикрӣ ва ҷисмонии зиёд) сатҳи иммунитет паст мешавад, дар ҳамин ҳолат микробу вирусҳои худи организм бо микробу вирусҳои аз берун дохилшуда якҷоя (ассосиатсия) шуда, сирояти дуюмро (вторычная инфекция) ба вуҷуд оварда, инсонро бемор месозанд. Масалан, пневмонияи шушҳо дар натиҷаи сирояти дуюм ба вуҷуд омадааст. 

Ниқоб - маска душмани саломатӣ

Ҳар вақте нафас мегирем ва нафас мебарорем 1 миқдори муайяни ҳаво дар шушҳо боқӣ мемонад. Нафаси мекашидаамон 21% оксигену нафаси мебаровардаамон 16% оксиген дорад. Дар ҳолати девор ё монеа (ниқоби тамизнашуда) будан барои нафаскашӣ, ҳавои омехта бо вирусу микробҳои зиёди худи организм, боз ба роҳи нафас баргашта, бемориҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Дар кӯҳу саҳро ва лаби дарё ниқоб умуман зарурият надорад. Истифодаи ниқоб дар ҳолате дуруст аст, ки агар ҳар 2 соат бо тамизшудааш иваз карда шавад. Дар акси ҳол ниқоби чиркин аҳолиро боз бемортар мегардонад. На ҳар оила қудрати иваз намудани ниқобро дорад. На ҳар пешниҳоди ташкилотҳои байналхалқии саломатӣ ба менталитети мардуми мо созгор аст. Норасоии оксиген – гипоксия ба тамоми ҷисм зарар оварда, ҳатто ҳуҷайраҳои мағзи сарро ба тағйиротҳои ҷуброннопазир меоварад. Нафаскашии дуруст аз ҳавои тоза, ханда, хайру саховат, ҷасорат, имони комил, хӯроки серғизо, меҳрубонӣ, меҳнати ҷисмонӣ дар ҳавои тоза, мусиқии дилчасп, пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек ва тозагии ҷисму рӯҳ тамоми бемориҳоро шифо мебахшад, ҳатто коронавируси “қаҳрамон”-ро! Зиёда аз 80%-и беморони мубталои коронавирус бемориро номаълум мегузаронанд. 16% дар сатҳи миёна, 4% - и боқимонда дар ҳолати табобат нагирифтан мумкин вазнинтар гузаронанд. Аз тамоми беморшудагон фавт на бештар аз 2% мебошад.

Аз Беларусия ибрат гирем!

Бояд мо ба мисли Ҷумҳурии Беларус ба карантини нарм гузарем ва зиндагӣ ба маҷрои муқарарӣ баргардад.  Мо тоҷикон бояд ҳамеша фахр дошта бошем, ки чунин фарзонафарзанди оламшумул – Сино дорем. Табибони олам омада, аз мо– ворисони Синои бузург таҷриба омӯзанд. Китоби “Ал-Қонун”-и А. Сино 500 сол китоби рӯимизии табибони аврупо буд. Символи тибб дар ҷаҳон аз ривояти ҷом ва мори Сино гирифта шудааст. Медитсина – мадади Сино мебошад. Худи Сино гуфтааст “Агар аз вабо натарсед, ӯ аз шумо мегурезад”.

Шаҳрвандони азиз! Аз мушкилиҳо наҳаросед, пушти сар мешавад, фақат нотарсу сарҷамъ ва бо сабру меҳрубон бошед! Мо бояд новобаста аз чи касбу вазифа доштан, беш аз ҳарвақта дар атрофи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, боғайрату меҳнатдӯст бошем ва Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо намуда, ба ҳифзи Ватан ҳамеша омода бошем!!! Кори мо некисту ростӣ ва Худованд бо мост! Ва Мо Метавонем!

 

Рустам Шеров,

доктор ш. Панҷакент тел: 927299977

 

Чоршанбе, 20 Май 2020 09:28

 

9 Май дар собиқ СССР ва ҳатто баъди азҳампошии он ҳам, чун Рӯзи ғалаба бар фашизми олмонӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо дар Аврупо ин ҷашнро як рӯз қабл-8 Май ҷашн мегиранд. Аммо ин, ки чаро дар собиқ СССР ва Аврупо Рӯзи Ғалабро дар рӯзҳои гуногун ҷашн мегиранд, барои бисёриҳо муаммост.

 Фоҷеаи Рейх

Дар аввали соли 1945 вазъи Олмони фашистӣ дар ҷанг фоҷеабор гардид. Ҳуҷуми Артиши Сурх аз Шарқ ва артишҳои иттифоқчиён аз Ғарб, шикасти Рейхи саввумро ба як воқеъият табдил дод. Дар ин шароит артиши олмониро як хараҷу мараҷе фаро гирифу немисҳо дар соли 1945 ҳатто талафоти худро ҳам сабт намекарданд ва дар ин бобат маълумоти дақиқ то ба ҳол вуҷуд надорад.16 апрели соли 1945 Артиши Сурх амалиёти таҳоҷумии худро ба самти Берлин оғоз намуд ва баъди панҷ рӯзи амалиёт, 21 апрел аввалин ҷузъу томҳои Артиши Сурх ба қисмати шарқӣ ва ҷанубу шарқии Берлин зада даромаданд. 22 апрел дар қароргоҳи Гитлер нишасти фармондеҳони олмонӣ баргузор гардида, дар он қарор дода шуд, армияи 12-уми генерал Венкро аз фронти Ғарбӣ гирифта ба муқобили нерӯҳои Артиши Сурх равона кунанд. Ин охирин кӯшиши фармондеҳии олмонӣ барои таъсир расондан ба натиҷаи амалиёт буд. Аммо ин кӯшиш низ бе натиҷа анҷом гирифт. 25 апрел гурӯҳҳои зарбазании Артиши Сурх ба маркази Берлин баромаданд ва худи ҳамон рӯз дар соҳили дарёи Элба, нерӯҳои шӯравӣ бо нерӯҳои амрикоиҳо пайвастанд. Дар натиҷа нерӯҳои олмонӣ, ки барои пойтахташон меҷангиданд аз ҳам ҷудо гардида, иртиботашон бо ҳам қатъ гардид. Баъди ҷангҳои шадид, бегоҳии 28 апрел нерӯҳои Артиши Сурх ба наздикии Рейхстаг, маркази Рейхи саввум наздик шуданд. Субҳи  30 апрел бинои Вазорати корҳои дохилии Олмон ишғол карда шуд ва баъдти ин, роҳ ба сӯи Рейхстаг боз гардид. 

Худкушии Фюрер

Адолф Гитлер он ҳангом дар бинои зеризаминии Рейхсконселярия қарор дошт. Ба шаҳодати ҳаммаслаконаш, Гитлер дар рӯзҳои охир сахт метарсид, ки русҳо бинои зеризаминиро бо бомбҳои гази хоболуддошта бомбаборон кунанд ва ӯро асир гирифта, ба Маскав баранд ва дар қафас дар малаи диди мардум қарор диҳанд. Аз тарси ин паёмад Адолф Гитлер нисфирӯзии 30 апрел бо ҳамроҳии маъшуқааш Ева Браун ва яке аз ҳаммаслакони содиқаш Йозеф Геббелс даст ба худкушӣ зад.

Чоршанбе, 20 Май 2020 09:24

6. 05. 1917. Дар Русия Қонун бобати таъсиси кумитаҳои заводӣ ба тасвиб расид. Ин кумитаҳо қабули коргарон ва хориҷ кардани онҳоро аз корхона назорат мекарданд.

6. 05. 1920. Нерӯҳои Артиши полякӣ дар рафти ҷанги Полша бо РСФСР пойтахти Украина-шаҳри Киевро ба тассаруф дароварданд.

7. 05. 1934. Дар вилояти Амури СССР, Вилояти Мухтори Яҳудиён таъсис дода шуд. Пойтахти вилояти навтаъсис шаҳри Биробиҷан интихоб гардид.

7. 05. 1945. Соати 21:41 дақиқа, дар шаҳри Реймси Олмон, аввалин санади таслими бе чунучароӣ Олмони фашистӣ ба имзо расид.

7. 05. 1951. Кумитаи байналмиллалии Олимпӣ аз СССР даъват кард дар бозиҳои Олимпии соли 1952 ширкат варзад.

7. 05.1985. Шӯрои Вазирони СССР қарор "Бобати чораҳо барои рафъи майзадагӣ ва алкоголизм ва аз байн бурдани самогонпазӣ"-ро ба тасвиб расонид. Акнун дар СССР фурӯши маҳсулоти алкоголӣ танҳо дар ҷойҳои махсус ва дар соатҳои муаян амалӣ мегардид.

7. 05.1988. Дар СССР маҷлиси муассисони "Иттиҳоди демократӣ" доир гардид.  Иттиҳоди демократӣ, аввалин ҳизби сиёсии мухолифи ҲКИШ ба шумор мерафт ва ба он Валерия Наводворская сарварӣ мекард.

8. 05.1945. Дар СССР Рӯзи ғалаба муқаррар карда шуд ва онро 9 Май ҷашн мегирифтанд.

9. 05.1917. Ҳукумати Муваққати Русия эълон намуд, ки дар кишвар сензураи матбуот барҳам дода мешавад.

9.05.1945. Дар майдони ҳавоии Марказии ба номи М. Фрунзе, тайёраи Ли-2 ба сарварии сарнишин И. Семенков фуруд омад. Семенков ба Маскав хабари бениҳоят хуш, санади таслими бечунучарои Олмони фашистиро овард.

9.05.1992. Дар рафти ҷанги арману озарӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ артиши арманиҳо, шаҳри калидии Шушаро ба тассаруф даровард. Баъди суқути Шуша, Қарабоғ ба пуррагӣ ба тассаруфи арманиҳо даромад.

Чоршанбе, 20 Май 2020 09:19

Паҳншавии пандемияи сирояти нави коронавирус (COVID-19) таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонида истода, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна бетаъсир намонд.

Бонки миллии Тоҷикистон  баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ ва бо мақсади пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии пандемия Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия намуда, барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ситод ташкил додааст.

Бо мақсади тақвият додани корҳо дар бозори пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, истифодаи фишангҳои самараноки пулию қарзӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои зеринро андешида истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст карда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар намуд.

Захираҳои ҳатмӣ яке аз фишангҳои асосии татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, механизми танзими пардохтпазирии умумии низоми бонкиро, ки барои назорати унсурҳои пулӣ (дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот) истифода мешавад, ифода мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи cирояти нави коронавирус (COVID-19) вобаста, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд. Иқдоми мазкур метавонад имкониятҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.

Руйдодҳои вақтҳои охир, яъне паҳншавии бемории коронавирус (СOVID–19) дар ҷаҳон ва таъғирёбии нархи нафт ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонида истодааст. Ҷорӣ намудани ҳолатҳои карантинӣ дар мамлакатҳои шарикони стратегӣ, баста шудани сарҳадҳо ва давомёбии чунин ҳолатҳо метавонад хафвҳои эҳтимолиро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкии кишвар баланд бардошта, фаъолияти самараноки низоми бонкии кишварро халалдор намояд.

Вобаста ба ин, бо назардошти муҳиммияти масъала бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани зиёдшавии ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирӣ ва ғ. Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мактуби хеш №05.1-630/1591 аз 15.04.2020с. вазифадор намудааст, ки нақшаи чорабинии дахлдор омода намуда, ҷараёни иҷроиши онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.  

Дар баробари ин, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти воридотивазкунанда бо назардошти пешгирии хавфҳои бонкӣ, тавсияҳои дахлдор дода шуд.

Ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки бо назардошти таъмин намудани ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ то 1 августи соли 2020 фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои бонкии муаммодор ва зараровари худро мувақаттан мавқуф гузоранд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии  низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзии молиявиро аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми автоматишудаи байнибонкӣ (RTGS) ва низоми автоматишудаи байнибонкӣ (АБС) то 01 сентябри соли 2020 озод карда, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия додааст, ки ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкиро ба мизоҷони худ таҷдиди назар намоянд.     

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзӣ, айни ҳол ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён қисми қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доранд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда истодаанд.

Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси сироятии COVID-19 чораҳои дахлдор андешида, лавозимоти санитарӣ-гигиениро дар ташкилотҳои хеш таъмин намоянд.

Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз аз пайдо шудани пандемияи   COVID-19 дар Осиёи Марказӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута пешниҳодҳоро оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва низоми бонкӣ ирсол намуд.

Алҳол Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, назири Хазинаи Байналмилалии Асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди АвруОсиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷи наздику дур ҳамкории судманд роҳандозӣ намудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод.

 

Меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуд

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ, бинобар эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи коронавируси COVID-19, инчунин дар семоҳаи минбаъда бо назардошти эҳтимоли кам шудани хавфҳои таварруми дохилӣ аз ҳисоби нисбатан зиёд шудани таклифот бинобар ҷамъоварии ҳосили нави соҳаи кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, маҳдуд намудани содироти баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ аз ҷониби Кумита пешниҳод гардид, ки меъёри бозтамвил, ҳамчун инъикоскунандаи мавқеи сиёсати пулию қарзӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шавад.

Сатҳи таваррум ва омилҳои таъсиррасон. Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таварруми солона дар моҳи марти соли ҷорӣ ба 9,3 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,5 банди фоизӣ зиёд мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо дар натиҷаи таъсири омилҳои дорои хусусияти мавсимӣ, таклифотӣ ва фишорҳои берунӣ ба вуқӯъ пайваст.

Интизориҳо ва хавфҳо. Мавриди зикр аст, ки аз интиҳои моҳи декабри соли 2019 то инҷониб бинобар пайдо шудани вируси сироятии “коронавирус” дар Ҷумҳурии Мардумии Чин садҳо ҳазор нафар одамон гирифтори он гардида, даҳҳо ҳазор ба ҳалокат расиданд. Ин вирус аллакай аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Мутобиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ то санаи 27 апрели соли 2020, дар ҷаҳон зиёда аз 2 млн. 971 ҳаз. нафар гирифтори ин беморӣ гардиданд, ки аз давлатҳои шарикони асосии савдои кишвар бошад, ба Туркия 110,1 ҳазор нафар, Федератсияи Русия 80,9 ҳазор нафар, Қазоқистон 2,7 ҳаз. нафар, Ӯзбекистон 1,9 ҳаз. нафар, Афғонистон 1,5 ҳаз. нафар, ва Қирғизистон 682 нафар рост меояд.

Дар Федератсияи Русия ҳамчун яке аз кишварҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай аз таъсири вируси мазкур номуайяниву ноустувории иқтисодӣ, коҳишёбии қурби рубли русӣ ва мушкилоти тиҷорати байналмилалӣ ба амал омадааст. Тибқи дурнамои Хазинаи Байналмилалии Асъор (апрели соли 2020) дар соли 2020 иқтисодиёти Федератсияи Русия 5,5 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.

Бояд зикр намуд, ки ба санаи 26 апрели соли 2020 нархи нафти навъи брент (Brent) дар биржаҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна барои 1 баррел ба 25,1 доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба 31 декабри соли 2019 62,0 фоиз коҳиш ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт яке аз нишондиҳандаи муҳим барои иқтисодиёти Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, коҳишёбии он ба қурби пули миллии ин кишвар (рубли русӣ) таъсири зиёд дорад. Ба ҳолати 27 апрели соли 2020 қурби рубли Русия нисбат ба доллари ИМА дар муқоиса ба аввали сол 20,7 фоиз коҳиш ёфт.

Вобаста ба ҳолати пандемияи коронавирус (COVID-19), кам шудани талабот, суст шудани фаъолнокии иқтисодиёт ва дигар омилҳо аксари бонкҳои марказии давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёт сиёсати ҳавасмандгардонии монетариро амалӣ намуда истодаанд, аз ҷумла, дар минтақаи Аврупо, Русия, Туркия, ИМА, Канада, Покистон, Молдова, Хитой, Арманистон, Украина, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо.

Паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонида истода, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонниз бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ метавонад бо роҳи болоравии нархи молу маҳсулотҳои воридотӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, инчунин тавассути коҳишёбии қурби пули миллӣ ва эҳтимолияти зиёд гардидани хавфҳои молиявӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи кутоҳмуддат таъсири худро расонад.

Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ. Бо дарназардошти омилҳои эҳтимолии болозикр ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ аз ҷониби Кумита қарор қабул карда шуд, ки меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона аз 1 майи соли 2020 муқаррар карда шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод. 

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

Чоршанбе, 20 Май 2020 09:08

 

Чоршанбе, 20 Май 2020 09:00

Чоршанбе, 20 Май 2020 08:55

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Левакант нисбати мақолаи «Левакант: Дар вагон зиндагӣ дорем…» (Рӯзномаи СССР,9 апрели соли 2020, №13 (602)) маълум менамояд, ки ҳақиқатан сокини н.Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки «Бохтариён» маҳаллаи Сари пул-1, Ҷонакова Муҳаббат бо шавҳараш Бобохон Беков ва 3 нафар фарзандонаш дар вагони мансуб ба шаҳрванди ш.Левакант Изатуллоев Даврон, ки дар қитъаи хоҷагии деҳқонии «Фаридун» Ҷамоати деҳоти «Гулистон»- и шаҳр гузошта шудааст, муваққатан истиқомат доштанд.

Бинобар сабаби дар қайди ҳудуд-Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и ш.Левакант қарор надоштани Ҷонакова Муҳаббат ва шавҳараш Бобохон Беков мо имкон ва ҳуқуқи ба манзил таъмин намудани онҳоро надорем ва барои ба манзил таъмин намудани онҳо ваъда надодаем.

Модоме, ки МИҲД н.Кӯшониён барои сокинони худ, ки чанде боз дар вагонҳову бошишгоҳҳои саҳроӣ ва анборҳо умр ба сар мебаранд, ваъдаи «Қитъаи замин» ҷудо кардан додаанд, имкон дорад, ки аз ҷойи истиқомати асосиашон хоҳиши онҳо қонеъ гардонида шавад.

Заррина Давлатзода, раиси ш.Левакант

 

Чоршанбе, 20 Май 2020 08:53

Яке аз мухлисони доимии ҳафтаномаи СССР аз н.Файзобод Ғуломалӣ Асоев занг зада (тел: 935 55 79 63) пешниҳоди хубе намуд:

-Хонандагони азизи ҳафтаномаи СССР ман мехоҳам ба 1 саволи худ  ҷавоб ёбам. Барои чи мо тоҷикон ҳар 4-5 сол пас ному насаб ва шиносномаи худро иваз мекунем? Ҳар нафаре ба ин савол ҷавоб ёбад аз ҳисоби редаксияи СССР 100 сомонӣ туҳфа.

Эъзоҳ: Кӯшиш накунед, зеро ин савол бе ҷавоб аст! 

Аз редаксия: Суоли ҷолиб. Ҷавоби онро бояд дар агентии мубориза бо коррупсия ёбанд...

 

саҳ 5 аз 8

Китобҳо

Flag Counter