ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 20 Май 2020 08:50

Нуралӣ Қурбонов, яке аз хонандагони газетаи СССР аз н.Файзобод (тел: 935 86 55 89) занг зада гуфт, ки заминҳои маро ғайриқонунӣ аз дастам гирифтанд.

   - Фахриддин Ганҷов, муллои деҳа 101 га заминеро, ки ба номи ман ҳуҷҷатгузорӣ  шуда буд, аз ман гирифт. Дар ҳоле, ки ин 101 га замин замини чарогоҳӣ буда, ман онро барои чарои гӯсфандони худ истифода мекардам, лекин Ганҷов танҳо як гов дораду халос. Назди раиси ноҳия даромада, аз ғайриқонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудани заминҳоям ба номи дигар кас шикоят кардам. Аммо бе натиҷа, ҷавоби раис танҳо ҳамин буд, ки “мо ин масъаларо мебинем”. Илова бар ин дар якчанд мақомоти дигар шикоят кардам, аммо ҳама медонанду хомӯшанд. Чӣ тӯмору сеҳре доштааст ин мулло нафаҳмидам...

 

Чоршанбе, 20 Май 2020 08:40

Салом СССР-и азиз!  Руҷуъ ба "худкушии Гитлер": 

“Эй, Гитлери худозадае о, худат ку гуноҳ карда мурдӣ, чива Евара бева намондию куштӣ. Занаки хушру бдай, хайф шидай (ба яг гуфто дхта бдай). О, намондӣ, ки ягон тоҷики бечораи безан (ҳаму вақто Берлин пури тоҷик буд) мегирифтуш, Тоҷикистон миёвардуш, зан мекардуш, заводи трактр месохтан ҳардуш, номи трактршона мемонданд Ол-Тоҷруш, баъди кор садтайӣ мекардан нуш. Э, вардората Худо Адолфи ватанфурӯш”

Суханони айнан нақлшудаи як муйсафеди носфуруш,

Намедонум чӣ буд номуш, чунки кардам фаромуш.

Саттори Равшан, н. Ҷ.Балхӣ, тел: 935544689

 

Чоршанбе, 20 Май 2020 08:38

Дар аксари давлатҳо хизмати алоқаи мобилӣ ё интернет арзон мебошад. Вале дар ҷумҳурии мо ин хизмат рӯ ба қимматшавӣ дорад. Чаро? Бек Сабур-сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ҳамин қадар мардуми моро дар якчанд соли охир  ба ташвиш андохт, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Масалан, ман, нафақахӯр дар як моҳ ба ширкати «Мегафон» ба маблағи 15 сомонӣ супорида, аз он истифода мебурдам, ҳоло бошад аз 1.04.2020, ҳамин хизмат 30 сомонӣ шудааст. Яку якбора 100 фоиз гарон! Ин кори ширкатҳо аз адолат дур аст.

Бозорбой Пӯлодов, н.Данғара

 

Чоршанбе, 20 Май 2020 08:33

(Памфлет )

(Тибқи дастури нави пешкашнамудаи Вазири Адлияи ҶТ дар кишвари мо 1 тан метавонад ба насабаш то 17 суффикси насабсоз интихоб ва илова намояд!!!)

Буд набуд, STOP! Ҳама медонад, будгор буд. Вале чаро СТОПи Тоҷикӣ неву STOP-и лотинӣ навиштам? Зеро матерсам! Аз чӣ, пурсидед уко, аз чӣ? Коронавирус? Неъ! Аз коронавирус баъди компанияи таъсиснамудаи псевдомуллоҳои авру-осиё-араб-туркман-яҳдиямон ҳама метарсад! Ва ин тарс ҳоло мӯд шудааст? Натарсӣ айб аст. Ҳатто вазирон бо муовинонашон бо телефон гап мезананд. Қабулгоҳ пури одаму вазир танҳо дар кабинет. Муовинон касал-пасал мешаванд, им на… Ҳой-ҳой, уко, қитиқ-қитиқ чӣ механдед?... «Наплевать» гуфтанӣ гап ҳаст. Шунидагитон не-мӣ?!

«Как это при чём, яҳудиён?». А при том, ки, уко, Ҳазрати Шакарбег ё Суккерберги еврей, ба ин бетутуруқҳои авруамрикоӣ майдони фаррох додаасту аспи беҷилав, ки маҳмез мезананду мардумро метарсонанд. Туркман ҳам доранд. Арабпарастанд, ҳарчанд шаурмаи урупоӣ мехӯранд. Вале 1 Тоҷики асил надоранд, ки гӯяд, ҳуй буродаро, о, бо ҳукумат ситеза кунед, агар оппозитсияед, вале на бо миллати худ охир... 

Вале дигар ҷо рафтем, уко, STOP. Ҳатман Стопи лотинӣ, ки метарсам, тоҷикии сирилик нависам, Кумитаи забон ва истилоҳот штрафам накунад. Чӣ хел Шарофзода дигар несту ҷони забон дамид? Ҳой, буродар, ун касо ҳоло депутат ва муовинашон низ дар ун ҷо. Дидед, ки чигуна аз лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», депутат Матробиён кам не-ғам не…13 хатоӣ ёфт, ҳарчанд ба онҳо аккурат фаҳмониданд, ки ин камбуиҳои ёфтаашонро бояд дар Шӯро баҳс мекарданд, на маҷлиси парлумон ва ин ташаббуси Ҳукумат аст! Фикр мекунед, наМетавонанд? 2-каса метавонанд,! Ва ещё как!-гуфти Бобои Ғулом.

Неъ, укои саросемаам, Бобои Ғулом ин фраза, яъне иқтибоси урусиро дар парлумон нагуфтааст. Ба кадом Гитлер? Ҳа, унаш-ми? Шояд ба Адолф-ако мегуфт, агар ахирӣ аз тарси омад-омади Бобои Ғулом ва дигар тоҷикон расо 70 сол, заҳри ҳалоил намехӯрду аловаш намезаданд. Бобои Ғулом бошад, барои он «Ещё как метавонанд!» гуфт, ки дар арафаи ана ҳамин 70-солагии ғалабаи фардияш бар Гитлери бетутуруқ, ба ӯ 15 сомонӣ ҷубронпулии барқ додаву ба сурат-ҳисобаш дар ш. Кӯлоби 2714 сола…аккурат 1143 сомонӣ «обсчёт» гузоштанд. Бечора барқчиҳо, боз аз кӣ қарзҳояшонро ҷамъ кунанд? Иштирокчиёни ҶБВ ва фотеҳони Гитлер мӯл мондагӣ-3 нафар дар 1 шаҳр. Киро ғорат, э, мебахшед, кидат, э воееее…ҳурмат кунанд, дигар? Инҳоро-де!

STOP! Ҳатман лотиниш. Дигар сӯ бурафтем. Бармегардем, уко. Ана ҳамин парлумоне, ки нав ба кор шуруъ кард, қабл аз карантин шуданаш, 3 ҷаласа баргузор намуд. Ва дар якеи он насаби нави Тоҷикони ориёиро баррасӣ сохт. Вазири нави адлия. Ҳа, офарин, Шумо ун каса мешносам, мегӯед, уко? Хайр ана гӯед, ки чӣ ном дорад?  Ашӯрян? Ҳа-ҳа-ҳаааа наёфтед! Ашӯриён! Чӣ-чӣ? «Ён»-и талаффузи мо дар асл ҳамон часпаки насабии «Ян»-и армЯНҳост? Ну, вот не знал! Яъне дар талаффузи дилхоҳ рус, ки шарики стротегии мостанду ҳамеша гузоришот аз Тоҷикистон ба урусӣ пахш мекунанд, касе дар ном суффикси насабсози «ён» дошта бошад, ӯро арман меҳисобанд? Канӣ мисол биор чӣ?

-Ашӯрян, Қурбонян, Сафолян, Армян, Ереван…

Ҳой уко, ун тарафтари бад наравед-дия. Ереван пойтахт аст, между прочем…

STOP! Ҳатман стопи лотинӣ… Ана ҳамин Музаффар Ашӯриён-вазири нави адлия болои даҳҳо суффиксу часпаки насабсоз боз 2-тои дигар илова намуд. Духт, Пур. Кадом духтарпур? А, кӯчаҳои пойтахт шабона аз духтар пур мешавад, мегӯед? Панел…Панелаш боз чӣ? Не, уко. Ин ҷо гап сари духтарони беш намеравад. Ашӯрян, неъ, уко, маҳз Ашӯриён (!) аз депутатҳои навтаъин дархост намуд, ки суффиксҳои насабсози Духт ва Пур-ро қабул кунанд. Э, медонам, медонам, ки бо исми Пури Ҷаҳонофарин нафаре ину онро танқид мекард. Ун аз тарс набуд. Ҳар нафаре имкон дорад, ки бар худ тахаллус, лақаб, куният, псевдоним гирад. Инро касе манъ кардагиш неъ! Вале акнун бинед, ки дар насабномаи 1 миллати 9 миллионафара минбаъд 1 ном бо чанд шева хоҳад омад. Мисол орам-мӣ? Пож…марҳамат:

Хирсзода, Хирсзод, Хирсёр, Хирсиён, Хирсиян, Хирспур, Хирсдухт, Хирсниё, Хирсон, Хирсфар ва табиист, ки Хирсова, Хирсева, Хирсев, Хирсов, Хирсский, Хирс-оглӣ, Хирс-гулӣ, де Хирс, Хирсман, Хирсовский (агар миллаташ ғайритоҷик бошад)

Ҳоло, насабҳои тозаро хонда, дигар намедонӣ, кӣ мард асту ким зан. Ба гуфтаи Ҳазрати Бедил «То пушт барнатобад, бар зан яқин, кӣ дорад?». Яъне то сураташро набинӣ, надонӣ, ба кадом ҷинс тааллуқ дорад?! Аз паспорт ва ё шунуфти исми ҳатто давлатмардон, ростӣ, намедонӣ, ким кию кӣ ктост? Масалан, уко, худи Шумо бо шунидани ин ному насаб кадом ҷинсро дармеёбед?

Завқизода Завқӣ,…Исматуллозода Ширини Исматулло…

То аксашонро набинӣ-намедонӣ. А, ту бошӣ бар Ашӯриёну Ашӯрян эрод мегирӣ.

1 мардаки баақл буд… Неъ, уко, намурдааст, ҳоло ҳам ҳаст. Просто дигар касеро насиҳат намекунад, зеро гапаш ҷое нагузашт. Чунки ҳоло калламағзиҳои забону миллатдӯст мӯл шудагӣ, зимнан ҳар касе сари кору вазифа омад, 1 навоварӣ бар забону грамматикаву ному насаб изофа мекунад. Ҳамин калламағзиҳоянд, ки худамон намедонем, чанд ҳарф дорему дар кӯҷо «ӯ» гузорему дар чо «у» хонем…

STOP! Ҳатман лотинӣ! Хуллас ҳамон баақл мегӯяд, забон бой аст, медонем (шумо, уко, ғайри забони эсперанто забонеро медонед, ки камбағал бошад?), вале барои насабсозӣ бояд 1 суффикси занонаву мардона интихоб намоему 1 часпак, кофист: Фарзи мисол СайёфИ Мизроб, ё МизробЗОД Сайёф, маълум, ки мард аст. Вале агар МизробЗОДА шуд, агар ришу бурут ҳам монад, донед, ки зан аст. Яъне ба исми бонувон суффикси насабсози ЗОДА ва ба мардон ЗОД навишта шавад. Олам Гулистон!

А, фарзи мисол, чун ба адабиёт рӯ оваранд, бигзор Мизробян, Мизробиён, Мизробёр, Мизробов, Мизробова, Мизробдухт, Мизробпур ва ҳатто Мизробкам бошанд. Шумо чӣ гуфтед, укои гиромӣ ва қанду асалаки серҷоғам?

Метавонем=ми-Пур-Духт?

 

Сешанбе, 19 Май 2020 14:31

Ҷумъа, 08 Май 2020 13:14

Имрӯз серистеъмолтарин вожа дар рӯи олам Коронавирус шудааст. Ин вожа ҷои вожаҳои пуркорбасти Ишқ, Муҳаббат, Самимият, Ҷанг, ИГИЛ, ДИИШ, терроризмро гирифт. Вале оё ин вирус марази нав аст? Барои равшанӣ андохтан ба мавзуъ хабарнигори мардумии СССР муруре ба таърихи он кард. Вақте мо журналу газетаҳои тиббии асри ХХ-ро варқ задем (он вақт интернет набуд!) кулоҳамон аз сар уфтоду даҳонамон воз монд. Маълум мешавад, ки коронавирус ягон майда касалии нав набудаву то ин дам низ вуҷуд дошт ва дар бораи ӯ ҳатто дар авохири асри 19 ва авоили асри 20, дақиқан солҳои 1920-30 тадқиқот вуҷуд доштааст. Вале биёед аз аввал гирем…

 

ЗОЖ ва коронавирус

Ба иттилоъи журнали укроинии ЗОЖ№19 (327) аз сентябри соли 2003, коронавирус дар асри ХХ чанд бор хуруҷ кардаву сипас хомӯш шудааст. ЗОЖ  (Здоровый Образ Жизни) менависад, ҳанӯз дар солҳои 20-30 нафароне мубтало ба ин вирус мушаххас шудаанд. Дар Хитой ва Ветнам ин вирус, ки наздикие ба Вараҷаи геморологӣ (геморологическсая лихорадка) дошт, аввалин бора ба қайд гирифта шуд. Дар давлати шӯравӣ-СССР, қабл аз шуруъи ҶБВ ҳамагӣ 1 нафар дар Брест мубтало шудаву сипас шифо ёфт.

Аз ин мараз духутроне, ки вирусро ташхис мекарданд, ба таври мармуз фавтиданд. Авҷи нуқтаи баландтарини коронавирус ба солҳои 1997-99 рост меояд. Барои равшантар шудани матлаб ва барои он, ки хонанда фикр накунад, ин ҳама бофтаи муаллиф аст, биёед порае аз онро бо забони асл-русӣ ин ҷо оварем. Боз дар ҳоле, ки ҳама хонандагони СССР ин забонро хуб медонанду муҳимтар аз ҳама Гавҳар Шарофзода дигар садри Кумитаи забон ва истилоҳот нест, ки штрафамон кунад:

-От коронавируса в то время погиб представитель ВОЗ, итальянец Карло Урбани. Умер также профессор-патологоанатом из Китая, который делал вскрытие погибшего от тяжелого острого респираторного заболевания жителя Вьетнама.

Как писали Факты ICTV, в университетском госпитале Базеля провели вскрытие 20 тел пациентов, умерших от Covid-19. Среди умерших преобладали мужчины, которые имели повреждения коронарных сосудов, треть пациентов болели диабетом.

 

Корона тоҷ аст ё на?

Аҳамият деҳ, хонанда, ки номи ин вабо аз куҷо гирифта шудааст. Он бештар ба «коронарные сосуды» зиён меоварад. Зимнан номашро низ аз ҳамин ҷо гирифтааст. Вале имрӯз, ки дастрасӣ ба интернет беш асту ҳар нафаре метавонад фантазияи хешро тарроҳӣ кунад, онро шабеҳи корона-Тоҷ кардаанд, ки ба тибби асри ХХ мувофиқат намекунад. Хуб, коронарные сосуды худ чист? Боз ҳам бо забони асл далел меорем:

Сосуды, которые доставляют к миокарду насыщенную кислородом (артериальную) кровь, называются коронарными артериями. Сосуды, по которым от сердечной мышцы оттекает деоксигенированная (венозная) кровь, называются коронарными венами.Коронарные артерии, располагающиеся на поверхности сердца, называются эпикардиальными.

Ҳамин аст, ки коронавирус роҳи нафасро мебандад ва бештари мардум аз нарасидани ҳаво бар шуш ва қалб мефавтанду шифои аслияш нафаси сунъист!

Ва инро дар соли 2003 навиштаанд. Яъне 17 сол муқаддам!!! Худатон варақ занед: «Журнал ЗОЖ №9 (237) 2003, Коронавирус становится агрессивным»

 

Дар олам чӣ гап?

Дар ақсои олам, ин вирус мутатсия, яъне мутобиқ гардидаву рушд ёфта, бедодгарӣ дорад. Фарзи мисол, рӯзи 27.04.2020 дар олам 81363 нафар ва дар ҷамъ 3 млн кас мубтало ба ин вирус шудаанд. Аз ин теъдод 876000 мариз шифо ёфт (дар 1 шаби гузашта 47456 тан). Фавтидагон низ мутаассуф ҳастанд. Аз 3 млн мубталошуда 208000 нафар (шаби гузашта 4461 тан) фавтид.

Агар ба ОМОР таваҷҷӯҳ кунем, мебинем, ки Шукри Худо теъдоди мубталоёну фавтидагон коста шуда, сафи шифоёфтагон меафзояд. Худат бин, хонанда, агар дар олам, то 28.04.2020. соати 10:58 дақиқа 7 млрд 794 млн 105 ҳазору 977 кас ба сар барад (ин омор ҳар сония тағйир меёбад!) ва дар 1 шаб беш аз 80 ҳазор кас мариз шудаву 47 ҳазори онҳо, яъне 65-70% шифо ёфтаанд, омори нигаронкунанда нест. Теъдоди фавтидагон низ рӯ ба коҳиш аст. Яъне чӣ? Яъне ин мараз буд, ҳаст ва хоҳад монд! Ба он чун бо дигар маразҳои одамкуш, мисли саратон (рак), сактаи қалб, СПИД, сифилис, туберкулёз, малярия, тиф, гулӯзиндонак ва ғ. ва ҳ. бояд одат кард.

 

Тарсро аз дил канор гузоред

Дақиқан ё ҳабб (пилюля)-и онро меёбанд, ё эмашро. Ва агар нашуд, организми Одам худ зидди ин вирус мубориза бурда, онро ба худ мутобиқ мекунад, мисле, ки аксарияти касалиҳоро кардааст. Ҳоло зиёд сари будан ё набудани коронавирус дар Тоҷикистон баҳс мегузарад. Галина Перфилева- раҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳатто 100% бар бовар нест, ки ин вирус вуҷуд дорад ё на, дар ҶТ. Вале корҳои эҳтиётӣ, карантин эълон кардани мактабҳои миёна мардумро ваҳмзада кард. Ҳоло вазиру раисон бо муовинон ва корафтодагон тавассути телефон сӯҳбат мекунанд. Рӯзи шанберо интизор мешавем, ки раисони шаҳру навоҳӣ дар вохӯрӣ бо мардум аз чӣ усуле кор мегиранд:

1.Телефон, 2. Видеокнофронс, 3.Мулоқоти маъмулӣ…

Дақиқан намедонам, ки ин вирус ҳаст дар мо ё нест?! Зеро мутахассис нестаму то ҷое мани дилетант омӯхтам, коронавирус аз гриппу сармохӯрдагӣ, илтиҳоби шуш чандон тафриқае надорад. Вале бешакку шубҳа он вуҷуд дорад. Зимнан аз эҳтиёт бояд кор гирифт, ки гуфтаанд:

-Эҳтиёт ними ҳаёт!

Худ ва пайвандонатон, ҳаққу ҳамсоя ва муҳимтар аз ҳама солхӯрдагонро ҳатиёт кунед: дастҳоятонро бештар бо собун шӯед, даҳонбанд гиред, фосилаи сӯҳбат нигоҳ доред (1,5-2 метр) ва бештар об ва чойи кабуд нӯшед. Ва муҳимтар аз ҳама картошкаро камтар истеъмол кунед!

Мо Метавонем!!!

М. Мубориз

Махсус барои СССР

PS: Қариб фаромӯш кунам. Дар соли 1997-99 бар ин мараз бо истифода аз Рибоверин ва Преднизолон пирӯз омаданд. Биёед факти охиринро низ аз ЗОЖ гирем, ки чӣ менависад:

-Какие лекарства помогают этим больным? Есть антивирусный препарат-Рибоверин. Все, кто принимал его на ранних стадиях болезни, получили хороший результат. Когда возникает отдышка, помогает Рибоверин в сочетании с Преднизолоном или Дексазаном… 

Тамом вассалом. Саломат бошед ва ҳеҷ гоҳ касал нашавед!

 

Ҷумъа, 08 Май 2020 13:02

 

Ҷумъа, 08 Май 2020 12:59

МИҲД ноҳияи Файзобод фелетони «Сафари Афандӣ ба Мискинобод»-ро, ки дар шумораи №10 (599) ҳафтаномаи «СССР» рӯзи 12 марти соли 2020, нашр гардидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Бояд қайд намуд, ки дар ҳақиқат нафақахур Назиров  Раҷаб ба соҳибкорӣ машғул буда, дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш бинои хизматрасонии дуошёна дорад. Дар ошёнаи якуми бино мағозаи молҳои ниёзи ҳамарӯза ва дар ошёнаи дуюми он кошонаи ҳусн ва сартарошхона ҷойгир шудааст. Соҳибкор Қурбонов низ дар асоси қонун ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, дар мавзеи зикршуда, ба бунёди маркази хизматрасонӣ, ки сохтмонаш идома дорад, вобаста шудааст. Дар ҳақиқат дар ҳудуди номбурда аз тарафи сокинон ғайриқонунӣ чанд вагон ва хаймаҳо гузошта шудаанд, ки ба рафту омади одамон ҳалал мерасонанд. Бинобар ин дар маҷлиси назоратии раиси ноҳия ба масъулин супориш дода шуд, ки онҳоро дар муҳлати наздиктарин бартараф намоянд ва дар ин самт корҳои амалӣ рафта истодааст. 

Маълумот дар бораи он ки гӯё дар натиҷаи фаъолияти соҳибкорони номбурда роҳи байни деҳаҳои Мискинобод ва Заркамар халалдор гардида, садамаҳои нақлиётӣ рух дода бошанд, асоси воқеӣ надорад. Роҳи мазкур, ки деҳаҳои номбурдаро мепайвандад, беш аз 3 километр масофа дошта, 3 сол қабл аз ҷониби соҳибкорони деҳа пурра азнавсозиву  мумфарш шуда, дар ҳолати хуби истифодабарӣ қарор дорад.

Р. Сафаров,  муовини раиси ноҳия           

 

саҳ 6 аз 8

Китобҳо

Flag Counter