ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Сен 21 2017


 Cанаи 20-уми августи соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди самти “Ҷаббор Расулов – Хуҷанд”-и ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи “Хундай-Портер”, рақами давлатиаш 0859КЕ02, таҳти ронандагии шаҳрванд Ҷ.Д., соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, ҳангоми азназаргузаронӣ боздошт гардид.
Дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 2000 кг хӯроки паррандаи навъи “Калтсий трифосфат”-и истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба худи ронанда Ҷ.Д. тааллуқ дошта, номбурда онро аз деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ба ӯ ношиноси қирғиззабон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш ба шаҳри Хуҷанд интиқол диҳад.
  
Ҳамин тавр, шаҳрванд Ҷ.Д. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
 Дар асоси далелҳои мавҷуда бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати номбурда мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқувайронкунӣ оғоз карда шудааст.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Панҷшанбе, Сен 21 2017


20.09.2017, тахминан соати 12:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Юсуфов Наимҷон Мирсаъдиевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ҳангоми ба сабқат баромадани автомашинаи газкашони тамғаи “Чанган”, таҳти идораи Ниматов Сайдаҳмад Саидҷаъфарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Фархор, ба автомашинаи самти муқобили ҳаракат омада истодаи тамғаи “Либеро”, таҳти идораи Улмасов Рустам Раҳматович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, бархӯрдааст.
Баъдан, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанган” Ниматов С. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар он Усмонов Фахриддин Аҳмадович, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Истаравшан савора буд, пахш намуда, чаппа шудааст.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Либеро” Улмасов Р., ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Юсуфов Н. ва мусофирони дохили автомашина тамғаи “Опел-Зефира” Абдураҳмонова Муҳаррам Бобоевна, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, Сатторова Муътабар Бобоевна, соли таваллудаш 1975, шаҳри Бӯстон, Иззатова Руқиямоҳ Ҳукуматуллоевна, соли таваллудаш 1963, сокини ш.Душанбе ва савораи харароба, Усмонов Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”: Эсоев Собит, соли таваллудаш 1958, сокини ш.Душанбе, Ҳасанова Малоҳат Бобоевна, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, Убайдуллоева Ойбону, соли таваллудаш 1963, сокини н.Б.Ғафуров, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Либеро” Муллоев Даврон Бурҳонович, соли таваллудаш 1961, сокини н.Ҷ.Расулов ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанган” Ниматов С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.



Чоршанбе, Сен 20 2017

Марзшиканони афғонӣ боз 1 шаҳрванди тоҷикро ба гарав бурданд. Вале бо гузашти 5 рӯз ҳанӯз ҳам аҳволи шаҳрванди тоҷик норӯшан боқӣ мондааст.

Сешанбе, Сен 19 2017


Имрӯз Суди олии Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода, 1 корманди баландпояи Агентии зидди фасодро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Дар баробари ин, бо ҳукми суд молу амволи номбурда низ мусодира хоҳад гашт.
Фирӯз Холмуродзода пас аз ба итмом расидани ҷазо боз 5 соли дигар ҳуқуқи гирифтани мансабро нахоҳад дошт.

СССР



Панҷшанбе, Сен 14 2017


Дафтари матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки зимни доир кардани чорабинҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 32-солаи сокини пойтахтро бо гумони ташкили фоҳишахона қапидаанд. Гумонбаршуда 12.09.2017, тахминан соати 15:30-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанберо ба шаҳрвандон-ҷавондухтари 18-сола ва марди 27-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Чоршанбе, Сен 06 2017

Имрӯз, 6 сентябр, манбаъи мӯътамади СССР хабар дод, ки Рустам Мирзоев-осебшинос-«травматолог»-и Беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ҳангоми гирифтани пора аз бемор ба миқдори 2000 сомонӣ ва 600$, аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бо фасоди молии вил.Хатлон, боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки Мирзоев-домоди Файзалӣ Назаров-собиқ Сардухтури ҳамин беморхона буда, ҳоло сардухтури беморхонаи ш.Қӯрғонтеппа аст. Ин хабарро 1 масъули Оҷонсии мазкур тасдиқ карда гуфт, ки ҳоло 2000 сомонӣ пора гирифтани Мирзоев тасдиқ шудаасту 600 доллари ИМА дақиқ нест ва тафтишот идома дорад.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

саҳ 41 аз 83

Китобҳо

Flag Counter