ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 06 2019

 

Муҳорибаи Сталинград яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҶБВ аст. Маҳз дар рафти ин ҳарб артиши шикастнопазири Гитлер бори аввал дар рафти ҶБВ ба муҳосира гирифта шуд. Нерӯҳои олмонӣ то ин ҳин дар ҳеҷ ҷанг муҳосира нашуда буданд ва Фюрери олмонӣ аслан ба хаёлаш ҳам намеомад, ки артишаш дар ин ҳол меафтад. Лек Сталинград инро ба воқеъият табдил дод. Муҳориба ҳанӯз тобистони с.1942 оғоз шуд ва то октябр немисҳо қариб пурра Сталинградро ба тасарруфи худ дароварданд. Аммо Артиши Сурх 19.10.1942 ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт. Амалиёт Уран ном гирифта, дар натиҷаи он армияи 6-и фелдмаршал Паулюс ба муҳосира гирифта шуд. Дар набарди Сталинград зидди нерӯҳои СССР дар қатори артиши Рейхи 3-ум инчунин нерӯҳои мусаллаҳи Руминия, Италия ва Венгрия низ ширкат карда буданд. Ҷанг барои Сталинград 2.02.1943 поён ёфт. Онро бисёриҳо хунинтарин даргирӣ дар таърихи инсоният донистаанд ва тибқи оморҳои расмӣ, талафоти ҳар 2 тараф, аз 2 млн. нафар зиёдро ташкил додааст.

Бисёре аз муаррихон бар инанд, ки дар амалкарди фармондеҳии шӯравӣ мунаҷҷимон дахл доштанд. Ба андешаи онҳо Уран ном гирифтани ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх маҳз бо пешниҳоди ситорашиносон сурат гирифт. Ба диди ситорашиносон артиши олмонӣ ба сайёраи Уран вобастагӣ дошт ва 19.11.1942 ҳини оғози ҳуҷуми шӯравӣ ин сайёра, нуқтаи болораванда (ботия) дар сайёраи Марс қарор дошта, нуқтаи поинии эклептикӣ бошад ба сайёраи Уран рост меомад. Мавориди аҷибу ғариби дигаре низ дар рафти муҳориба ба чашм мерасиданд. Масалан, дар армияи 51-и шӯравӣ дастаи автоматдорон бо сардории лейтенанти калон Александр Невский амал мекард.

Чоршанбе, Янв 30 2019


Дафни беназир
Дар авохири моҳи октябр ва аввали ноябри с.1923 барои роҳбарияти ҳизби болшевикӣ аён шуд, ки Владимир Ленин-поярези инқилоби Октябрӣ нафасҳои вопасинашро мекашад. Баъди дарёфти ҳақиқат миёни роҳбарияти ҳизб бо ташаббуси Иосиф Сталин дидори махфие сурат гирифт. Дар он Калинин, Бухарин, Тротский, Каменев ва Риков ширкат варзиданд. Ӯ ба ҳозирин гуфт, ки доҳӣ рӯзҳои охири ҳаёташро паси сар мекунад ва эҳтимол ҳар лаҳза бимирад. Калинин низ гуфт, “марги доҳӣ набояд барои ҳизб амри ғофилгирона бошад ва бояд фикри дафни ӯро кард. Маросими дафн бояд тавре амалӣ шавад, ки дунё назирашро надида бошад”. Сталин аз ӯ ҷонибдорӣ карда гуфт, “баъзе рафиқон аз музофот зидди сӯзондани ҷасади доҳиянд ва мегӯянд, илми имрӯз қудрат дорад ба василаи мумиёкунӣ тани мурдаро мӯҳлати зиёд нигаҳ дорад, то шуури меҳнаткашон ба ин фикр, ки Ленин дигар дар миёни мо нест, одат кунад”. Лек Тротский зидди пешниҳод баромада гуфт: "Пештар турбати Сергей Радонежский ва Серафим Саровский вуҷуд доштанд, акнун турбати В.Илич. Бисёр мехостам бо ин рафиқон, ки ба гуфтаи Сталин пешниҳод мекунанд, Ленинро мумиёи кунем, шинос шавам. Ман ба онҳо мегуфтам, ки онҳо бо марксизм ҳеҷ рабте надоранд”. Бухарин низ зидди ин пешниҳод баромада гуфт: “Мӯмиёкунии Ленин таҳқири хотираи ӯст ва ин ақида комилан зидди ҷаҳонбинии доҳист”.

Чоршанбе, Янв 23 2019


Терроризми ҷаҳонӣ ва шӯъбаи "Т"
22.01.1969 хизматчии одии Артиши Шӯравӣ Виктор Иванович Илин ба ҷони котиби аввали КМ ҲКИШ Леонид Брежнев суиқасд кард. Он шабу рӯз дар СССР истиқболи тантанавии кайҳоннавардон доир шуд. Он ҳангом кайҳон яке аз соҳаҳои афзалиятноки давлатӣ буд ва аз абарқудратии СССР дарак медод. Ҳайати киштиҳои кайҳонии Союз-4 ва Союз-5 нав аз фазо ба замин фуруд омада, мардуми зиёд дар Маскав ба истиқболи онҳо баромада буд. Он шабу рӯз кайҳоннавардони шӯравӣ боз ғалабаи навбатӣ ба даст оварда, 2 киштӣ дар фазои озод ба ҳам васл гашта буданд. Дар лаҳазоте, ки кайҳоннавардони қаҳрамонро дар майдони ҳавоии ҳукуматии "Внуково-2" пешвоз мегирифтанд, ҷавоне либоси милиса бар тан, бе ҳеҷ мамониат ба Кремл наздик шуда, дар сафи милисаҳои пояндаи роҳ қарор мегирад... Авохири солҳои 1960-ро мешавад мавҷи амалҳои террористӣ дар дунё номид. Дар ҷаҳон ташкилотҳои террористии зиёд мисли ЭТА дар Испониё, "Бригадаҳои сурх" дар Итолиё, "Артиши ҷумҳурихоҳи Ирландия" дар Бритониё, фаластиниҳо дар Ховари Миёна... фаъол буданд.

Чоршанбе, Янв 16 2019


Амалиёти “гинеколог”
10.01.1996 дастаи ҷангиёни 256-нафараи чечен бо сарварии Салмон Радуев ба ш.Кизляри Доғистон дарафтоданд. Тибқи иттилои чеченҳо дар Кизляр базаи чархболии нерӯҳои рус қарор дошт ва русҳо ҳамвора аз ин ҷо ҳудуди Ичкерияро бомбаборон мекарданд. Аммо ин маълумотҳо тасдиқ нашуданд ва чеченҳо дар майдони ҳавоии Кизляр танҳо 2 чархболи МИ 8-и вайронаро ёфтанду халос. Чеченҳо чархболҳоро сӯзонда, баъди даргирӣ ақиб нишастанд. Майдончаи ҳавоӣ дар канори Кизляр ҷой гирифта буд. Ҷангиён вориди шаҳр шуда, дар даргириҳои аввалин 35 танро аз даст дода, дар таваллудхонаи Кизляр мустақар шуданд. Чеченҳо аз биноҳои атроф мардумро гаравгон гирифта ба бинои зоишгоҳ интиқол медоданд. Дар натиҷа Радуев тавонист 3700 касро гаравгон гирад. Баъдан иддао кард, нақша надоштанд касеро гаравгон гиранд, лек вазъ чунон пеш рафт, ки ӯ барои наҷоти дастааш чорае ҷуз гаравгонгирӣ надошт. Дар зимн маҳз ба хотири тасарруфи таваллудхона баъдан бо тахаллуси "гинеколог" маъруф шуд. Баъди гирифтани гаравгонон ӯ аз Маскав талаб кард, нерӯҳоро на танҳо аз Чеченистон, балки ба пуррагӣ аз Қафқози Шимолӣ барорад. Табиист, ки Елтсин наметавонист талаби ҷангиёнро иҷро кунад. Русҳо дар Будёновск аллакай 1 бор ба шикасти нангин дучор шуда, ин бор ба ҳар роҳ мебоист дастаи ӯро торумор мекарданд.

Чоршанбе, Янв 09 2019


Ҷанги нобарор
9.01.1905 дар пойтахти Русия-шаҳри Санкт-Петербург намоиши осоиштаи коргарон аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматии рус тирборон шуд. Тибқи баъзе маъхазҳо дар натиҷа беш аз 100 нафар куштаву 300 каси дигар захмӣ шуд. Коргарон барои ҷустуҷӯи адолат назди подшоҳ Николайи 2 мерафтанд, лек ба ҷои адолат насибашон тир шуд. Он шабу рӯз Русияи подшоҳӣ бо Япония дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Ин ҷанг барои Русия чандон бобарор набуд. 20.12.1904 нерӯҳои японӣ Порт-Артур қалъаи калидиро дар Шарқи Дур тассаруф ва манотиқи зиёдеро ишғол карданд. Шикасти артиши рус дар баробари японҳо эътирози зиёдеро дар кишвар ба бор овард. Дар пушти японҳо Англия ва ИМА қарор доштанд. Артиши японӣ бо силоҳи англисӣ муҷаҳҳаз шуда буд ва ин абарқудрати вақт мехост бо дасти японҳо сиёсати худро пиёда кунад. Аммо бо вуҷуди ин Японияи кучак наметавонист ба Русияи бузург пирӯз шавад.

Чоршанбе, Янв 02 2019


Тани ягона
Таъсиси аввалин кишвари Шӯроҳо дар Анҷумани 1-уми умумиттиҳодии Шӯроҳо ба вуқӯъ пайваст. Анҷуман дар Театри Калони Маскав мегузашт. Ба он аз кулли ҷамоҳири шӯравӣ вакилон даъват шуда буданд. Соати 12-и рӯз узви Раёсати КИМР (ВЦИК) иштирокчии 3 инқилоб, болшевики собиқадор Петр Смидович дар сари минбар гуфт: "Иродаи ягонаи меҳнаткашони Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Белоруссия дар бораи якҷо кардани ҷумҳуриҳои парокандаи шӯравӣ дар шакли 1 иттиҳоди воҳид, давлати пурзӯр ИҶШС (СССР) дар Анҷуманҳои Шӯроҳои ин кишварҳо чандин бор иброз шуд. Меҳнаткашони РСФСР ҳам ин иродаро ҷонибдорӣ мекунанд ва мо инро дар Анҷумани Шӯроҳои Русия боз шоҳид будем. Анҷумани Шӯроҳо ба барпо кардани чунин иттиҳод розигӣ дод. Асоси иттиҳодро принсипи баробарии комили тамоми ҷумҳуриҳо ва озодона ба иттиҳод дохил ва аз он хориҷ шудани ҷумҳуриҳои шӯравӣ ташкил медиҳад. Ин принсипҳо асоси созишномаи моро ташкил хоҳанд дод. Мо ба шакли 1 давлати воҳид бо ҳам муттаҳид шуда, иттиҳоди ягонаи сиёсӣ ва хоҷагидориро таъсис медиҳем.

саҳ 35 аз 60

Китобҳо

Flag Counter