ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 15 2016

Аз 14 то 17.06.1940 Артиши Сурх (АС) 3 кишвари назди Балтик-Латвия, Литва ва Эстонияро тасарруф намуд ва баъди чанде дар ҳайати аввалин кишвари Шӯроҳо 3 ҷумҳурии нави иттиҳоди РСС Латвия, РСС Эстония ва РСС Литва таъсис дода шуданд.

Ҷумъа, Июн 10 2016

10.06.1920 Кумитаи Марказии Иҷроияи Русия ва ШКХ РСФСР аввалин Низомномаи милитсияи коргарӣ-деҳқониро ба тасвиб расонид. Дар Низомнома милитсияи шӯравӣ қонунӣ ва ба яке аз ниҳодҳои штатии давлатӣ мубаддал шуд. Асоситарин вазоифи милитсияи шӯравӣ-нигаҳдории нишонаҳои давлат ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ҷомеъа гардид.

Чоршанбе, Июн 01 2016

  

Фоли Шолл

17.05.1941 ҷосуси маъруфи шӯравӣ “Рамзай”, коммунисти олмонӣ Рихард Зорге, Маскавро аз теъдоди нерӯҳои олмонӣ, ки барои ҳуҷум ба СССР тайёрӣ медиданд, огоҳ карда, ҳатто рӯзи ҳуҷумро 22 июн номбар мекунад.

Панҷшанбе, Май 26 2016

Дар размгоҳҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар ҷанги зидди фашистони гитлерӣ аз Тоҷикистон зиёда аз 300.000 нафар (25% аҳолӣ) ҷавонмардон баҳри дифои давлати хеш бархоста буданд. Баъди хотимаи ҷанг доманаи 100.000 нафар ба зодбуми хеш барнагашт (8% аҳолии РСС Тоҷикистон фавтид дар ҶБВ). Ин дар ҳолест, ки соли 1941 аҳолии Тоҷикистони Шуравӣ 1 млну 300 ҳазорро ташкил медод. Пас, хулосае бармеояд, ки беш аз 8-9% аҳолии Тоҷикистон дар ин ҷанги хонумонсӯз нобуд шудаанд (Фарзи мисол, ҳоло 8-9% аҳолии кишвари мо 1 млн нафарро таъсис медиҳад!!!). Вале миллати шарафманди Тоҷик ҳамту намурдааст. Балки аксарият қаҳрамонона ҷангидаанд! Ҳамаи 300.000 ҷангии Тоҷик ордену медалҳо гирифтаанд. Барои диловарӣ, ҷонфидоӣ бошад, 58 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони олии давлати абарқудрати дунё-Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гашта, 21 нафар (19 маълумот то соли 2015) сарбозону афсарони пурдил дорандагони 3 дараҷаи ордени «Шараф» мебошанд, ки автоматӣ Қаҳрамони Иттифоқи советӣ маҳсуб мераванд. 

То ба ҳамин наздикиҳо шумораи қаҳрамононро аввал 54, баъд 58 нафар мегуфтанд. Шурӯъ аз соли 2015 бино бар гуфтаи муҳаққиқ Умари Шерхон шумораи онҳо 66 нафар (албатта, бо ҷамъи 5 нафар тоҷикони бурунмарзӣ) расид. Аммо ин фикр ниҳоӣ нест. Ба қавли доктори илмҳои таърих Сайфиддин Раҳимов шумораи барандагони ин унвони олӣ ба 72 нафар («Вечерний Душанбе» 8.5.2014) мерасад. Сар аз шумораи навбатӣ газетаи СССР дар бораи 66 тан тоҷикистонӣ-Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ (версияи Умари Шерхон) мухтасаран пешниҳод мегардад. Хонед ва қазоват баред, ки Мо метавонем!

 

 

Душанбе, Май 23 2016

Ин 15 дарахтони бузург ,ки беш аз 50 сол умр доранд. Дар взамони шӯрави 15 давлат  бо ҳам дӯст буданду дар солхои 90-ум пароканда шуданд, аммо ин 15 дарахтони бузургтарин, ки рамзи СССР мебошанд, ҳоло ҳам  бо як дигар дӯстанд. 

Моҳи майи соли ҷорӣ корвони журналистон ба сафари хидматӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва маркази он шаҳри Хоруғ, ки дар баландии 3600 метр ҷойгир аст, сафар намуданд. Мақсад аз ин сафари корвони журналистон ин ширкат дар конфронси ҷумҳуриявии “Нақши ВАО дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ”, ки дар чойхонаи «Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ» баргузор гашт, буд.

Баъди анҷоми конфронс ширкаткунандагон ба сайёҳати ба Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ,ки соли 1940 бунёд шуда дар баландии 2320 км ҷойгир аст, баромаданд. Ҳангоми сайёҳат дар боғ ба як манзарае дучор шудем, ки хеле аҷиб буд.15 дарахти сафедор дар як ҷо руйидаан ё ин, ки шинодаанд ва ин дарахтони хело зебо боҳашамат ҳам буданд. 

Наврузшоев Довутшоҳ, директории Боғи ботаникӣ афзуд, ки ин дарахтонро солҳои 60-ум ҳамчун «символ» СССР шинонданду онҳо беш аз 50 солӣ умр доранд ва ҳанӯз ҳам сарсабзу пойдоранд. 

Баходур Уроков, СССР, Хоруғ

 

 

Чоршанбе, Май 18 2016

Аз редаксия: Умари Шерхону Давлат Халил-пажӯҳишгарони ҶБВ сари 66 қаҳрамони иттифоқи советӣ дар ин набард ба мувофақа омадаанд. Вале Сайфиддин Раҳимов-доктори илмҳои таърих бар назар аст, ки 72 тан қаҳрамон аз РСС Тоҷикистон дар ҶБВ буданд. Дар даврони шӯравӣ ин шумораро 54 нафар мегуфтанд. Чаро? Зеро қаҳрамонҳои Тоҷикро медуздиданд. Аксариятро ӯзбек, қирғиз ва ё рус мебароварданд. Зеро миллати пуршараф бояд қаҳрамон бештар медошт. Тоҷикон бошанд, чун дигар фарзандони фарзонаи худ-қаҳрамонҳои Иттифоқи Советиро низ ҳамту ба ҳамсояҳо медоданд...

саҳ 32 аз 34

Китобҳо

Flag Counter