ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 17 2019


Мудофиакории инқилобӣ
Ҳангоми инқилоби февралии Русия пешвои ҳизби болшевикӣ Владимир Ленин дар шаҳри Сюрихи Шветсария қарор дошт. Баъд аз шунидани хабари инқилоб дарҳол кӯшид то ба Русия бозгардад, лек чандон осон набуд, чун Олмон, ки бо Русия дар ҳолати ҷанг қарор дошт, сари роҳи доҳӣ меистод. Кӯшид, то тавассути Англия вориди Русия шавад, аммо ҳукумати англис ба ӯ иҷозаи гузаштан аз қаламрави худро надод. Аз рӯи баъзе маълумотҳо вай ҳатто мехост бо шиносномаи қалбакӣ тариқи Стокголм (Шведсия) вориди Русия гардад. Бо ин мақсад ба Ганетский-намояндаи худ дар Стокголм дастур медиҳад, касеро биёбад, ки дар зоҳир ба ӯ монанд бошад. Ахир, доҳии болшевикон барои ворид шудан ба Русия ба ҳукумати Олмон муроҷиат мекунад ва немисҳо ӯро дар вагони хоси пломбадор ба Русия интиқол доданд. Ба ақидаи Ричард Пайпс-муҳаққиқи англис ҳукумати олмонӣ ҳатто кӯшиши шинос шудан бо нақшаи сиёсии ӯро накарданд, ба онҳо ақидаи зидди ҷангии ӯ кифоят мекард. Олмон ба ҳар роҳ мекӯшид Русияро аз ҷанг берун кунад. Бояд гуфт, ҳамроҳи Ленин дар ин вагони махфӣ сиёсатмадорони дигаре низ қарор доштанд ва инчунин немисҳо дар чунин вагонҳои махфӣ, дар қатори болшевикон, 159 тан намояндаи ҳизби эссерон, меншевикон ва миллигароёнро низ тавассути Олмон вориди Русия карданд. 3.04.1917 доҳии болшевикон ба Петроград даромад. Ленинро дар наздикиҳои Петроград гурӯҳи роҳбарони ҳизби болшевикӣ аз қабили И.Сталин, Мария Улянова, А.Колонтай... пешвоз гирифтанд.То омадани Ленин ба Петроград қариб аксарияти роҳбарияти болшевикон аз ақидаи меншевикон ҷонибдорӣ мекарданд. Меншевикон мардумро ба созиш кардан бо Ҳукумати муваққат даъват карда, ақида доштанд, инқилоби сотсиалистӣ ҳоло дар Русия номумкин аст.

Чоршанбе, Апр 10 2019



Марги кайҳонӣ
27.03.1968 дар натиҷаи садамаи ҳавоӣ аввалин кайҳоннаварди дунё Юрий Гагарин ба таври мармуз фавтид. Ҳукумати Шӯравӣ фардо рӯзи дигар баёнияи расмие содир карда, дар он сабабҳои садамаро шарҳ дод. Дар баёния гуфта мешуд, ки садама ҳини парвози тамринии қиркунандаи УТИ МиГ-15 рух додааст. Барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи давлатӣ созмон дода шуд, лек баъди 6 моҳ Кремл парвандаи садамаи ӯро қатъ карда, тамоми асноди ҳаводис зери тамғаи махфӣ қарор дода шуд. Набуди маълумоти расмӣ дар мавриди ин қазия, дар навбати худ ҳангомаҳои зиёде эҷод кард. Баъзеҳо мегуфтанд, Юра ва сарнишини тайёра Серёгин 18 рӯз пештар ҳини парвоз дар гирди Моҳ ба ҳалокат расидаанд ва дар тайёра аслан ҳузур надоштанд. С.1990 дар Венгрия китобе нашр шуд, ки муаллифаш иддаъо мекард, Гагарин кайҳоннаварди аввалин на, балки нахустин фотеҳи кайҳон шахси дигаре буд, ки ба ҳалокат расид. Юра, ба гуфти муаллиф, аз ин қазия огоҳ буд ва виҷдонаш ӯро сахт азият медод. Ахир ба азоби виҷдон тоб наоварда, даст ба худкушӣ зад.

Тасхири Моҳ
Асоситарин сабаби ин гумон он буд, ки он шабу рӯз СССР киштии навбатии бе сарнишини худро, ки бо истилоҳи "Зонд" маъруф буданд, ба фазои кайҳонӣ сар дод, ки инчунин Л1 ё 7К-Л1 низ меномиданд. Фатҳи кайҳон он шабу рӯз яке аз нишонаҳои асосии абарқудратӣ будӣ ва СССР ба ҳар васила мехост худро дар ин самт пешсаф кунад. Дар тасхири Моҳ СССР танҳо дар симои ИМА як рақиб дошту халос. Амрикоиҳо октябри с.1968 парвози "Аполлон-7"-ро бо 3 кайҳоннавард ба нақша гирифта буданд ва тибқи нақша мебоист 11 рӯз дар кайҳон мемонданд.

Чоршанбе, Апр 03 2019


28.03.1940 олимони амрикоӣ Мак-Милан, Кеннедӣ ва Вал изотопи нави ураниюм – плутоний-239-ро кашф карданд, ки поягузории асосии бомбаи атомӣ гардид. Ин изотоп бисёр қавӣ буда, давраи пароканишии он 24.000 солро ташкил медиҳад. С.1942 олимони амрикоӣ тавонистанд плутонийи тозаро ба даст оранд ва баъдан аён шуд, ки ин изотоп дар шакли табиӣ низ вуҷуд дорад. Ин лоиҳа аз мактуби маъруфи Алберт Эйнштейн ба президенти ИМА Франклин Рузвелт оғоз меёбад. Эйнштейн дар ин нома ҳушдор медиҳад, ки Олмони фашистӣ метавонад дар солҳои наздик соҳиби бомбаи атомӣ гардад. Рузвелт баъди баррасии нома дастур медиҳад, ки дар ИМА таҳқиқотҳо дар ин самт ба роҳ монда шаванд ва ин таҳқиқотҳо “лоиҳаи Манхэттен” ном гирифтанд. Мақсади асосии лоиҳа сохтани бомбаи атомӣ шуд. Лоиҳа аз 12.08.1942 ба фаъолияти худ сар кард. Декабри с.1942 амрикоиҳо дар Чикаго аввалин реактори атомиро ба кор дароварданд. Он имкон медод теъдоди зиёди плутонийро ба даст орад. Барои истеҳсоли плутоний аз ураниюми 238 ва ураниюми 235 истифода мекарданд. Тобистони с.1943 амрикоиҳо ба сохтмони реактори атомии нав, ки реактори "В" ном гирифт, оғоз карданд ва он имкон медод плутонийро аллакай дар сатҳи саноатӣ истеҳсол кунанд. Иқтидори реактори нав 250 МВт-ро ташкил медод.

Тринитӣ ва Фарбеҳак
Ахир, баҳори с.1945 амрикоиҳо аз реакторҳои худ плутонийи зиёде истеҳсол намуданд ва ин ба онҳо имкон дод 2 бомби атомӣ бисозанд, ки Тринити ва Фарбеҳак ном гирифтанд. Аввалин озмоиши атомӣ 16.07.1945 дар назди шаҳраки Аламогордо дар иёлоти Ню-Мексика амалӣ шуд. Бомби Тринити 6 тонн вазн дошт ва вазни умумии плутоний дар он ҳамагӣ 6,2 кг-ро ташкил медод.

Чоршанбе, Март 27 2019


Аз Ҷамшед то Сосониён
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми эронитабор аст. Аслан ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо шаҳомату шукӯҳи хос ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои соли навии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз таваллуди ҳазрати Исо (с.а) ҷашн мегиранд. Соли нави қамарӣ, ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд, аз ҳиҷрати Расули гиромии ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хос доранд, лек ҳеҷ кадом аз инҳо ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо ин ҷашни қадимии мардуми ориёитабор пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст. Чун маҳз дар фарвардин (март) табиат аз хоби зимистонӣ бедор шуда, мардуми ориёитабор ин бедориро Наврӯз ном ниҳоданд ва аз қадимтарин даврони таърихи хеш ин ҷашни бо шукӯҳро то ба ин рӯз зинда нигаҳ доштанд. Наврӯз чуноне аз номаш аён аст, ҷашни миллии қавми ориёист ва метавон гуфт, бузургтарин ҳадяи ин қавм ба тамаддуни башарист. Наврӯз дар асотири ориёӣ ба замони Пешдодиён мерасад ва бештари муаррихон ин ҷашнро ба шоҳи 4-и ин сулолаи афсонави Ҷамшед марбут медонанд. Дар қадимтарин маъхази мардуми ориёитабор-«Авасто» аз ин ҷашн ёд шуда, маҳз Ҷамшед поягузори он ба ҳисоб меравад. Дар замони Ҳахоманишиҳо, ки таърихи сиёсии ақвоми ориёӣ аз онҳо оғоз мегардад, Наврӯз ба бузургтарин ҷашни давлатӣ табдил дода шуд ва шоҳони Ҳахоманишӣ онро бо шукӯҳу шаҳомати азим ҷашн мегирифтанд. Ин анъана дар замони Ашкониён низ идома ёфт ва дар аҳди Сосонӣ ба авҷи аълои худ расид.

Чоршанбе, Март 20 2019


Номзади ягона
15.03.1990 Анҷумани III-и ғайринавбатии вакилони мардумии СССР бо дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни СССР мансаби президентиро дар СССР роҳандозӣ кард. 14.03.1990 Пленуми КМ ҲКИШ доир шуд. Пленум Михаил Сергеевич Горбачевро ба ҳайси номзад ба мансаби президенти СССР пешбарӣ кард. 1 қатор вакилони Анҷуман номзадии сарвазир Николай Рижков ва вазири корҳои дохила Вадим Бакатинро барои президентӣ пешниҳод намуданд, аммо ин 2 аз президентӣ даст кашида, Горбачев номзади ягона боқӣ монд. Овоздиҳӣ соати 17:45 оғоз шуд ва пинҳонӣ мегузашт. Натоиҷи овоздиҳиро субҳи 15 март эълон карданд. Аз 2245 вакил дар Анҷуман 2000 кас иштирок доштанд. Барои ӯ 1329 вакил овоз дод, ки 59,2% теъдоди умумии вакилонро ташкил медод. 495 вакил зидди ӯ овоз доданд, 54 варақаи интихоботӣ корношоям баромад ва 122 вакили дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Бо пешниҳоди раиси Шӯрои Олии СССР Анатолий Лукянов президенти тозаинтихоб ба минбар баромада, дасташро рӯи Сарқонун гузошта, қасам ёд кард: "Бо тантана савганд мехӯрам, ки ба халқҳои кишварамон содиқона хизмат мекунам, ба Сарқонуни СССР амал намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳам ва ӯҳдадориҳои Президенти СССРро, ки ба дӯши ман гузошта шудаанд, софдилона иҷро намоям". Интихоби президент дар СССР бардоштҳои гуногун дар саросари дунё ба бор овард. Барои мисол ТВи Япония гузоришеро пахш кард, ки дар он гуфта мешуд: "Анҷумани ғайринавбатии вакилони мардумии СССР бузургтарин дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеаи шӯравӣ роҳандозӣ кард, ки дунё мислашро аз инқилоби с.1917 надида буд”.

Чоршанбе, Март 13 2019


Иди занонро ба диди бархе аз муаррихин, ҳатто дар Руми қадим ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз мардони румӣ ба занонашон ҳадяҳои гуногун тақдим карда, занони ғуломро низ истироҳат медонанд. Ин рӯз ҳамеша бо баҳор, зебоӣ ва латофату таровати занона алоқаманд буд ва одат шудааст мардон ҳамаи занон-модарон, бибиҳо, ҳамсарон ва духтаронро табрик гӯянд ва гулу тӯҳфаҳо тақдим намоянд. Аммо ин ид аз оғоз ингуна набуд. Дар оғоз Рӯзи байналмилалии занон бештар ранги сиёсӣ дошт ва чун рӯйдоди сиёсӣ қаламдод мешуд. Таърихи пайдоиши он низ бо инқилобҳо ва мубориза барои баробарҳуқуқии занон алоқаманд аст. Бори аввал 8.03.1857 дар ш.Нйю Йорк коргарзанони фабрикаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ барои баргузории 1 гирдиҳамоии эътирозӣ ҷамъ шуданд. Он шабу рӯз занони ғарбӣ 16 соат меҳнат мекарданд ва ҳеҷ ҳуқуқе надоштанд. Занон аввалин Иттифоқи касабаи худро таъсис дода, талаб карданд, рӯзи кориашон то 10 соат кам ва музди меҳнаташон афзояд. Бори дуввум, баъд аз 50 сол, дар охирин якшанбеи февралмоҳи с.1908 боз занони Нй-Йорк ба кӯчаҳо рехта, ин бор хостори ҳуқуқи ширкат дар интихобот шуданд. Лек расмӣ шудани 8 март ба фаъолияти сотсиалистон алоқаманд аст. С.1910 дар Копенгаген-пойтахти Дания Конфронси 2-уми байналмилалии сотсиалистон доир шуд. Дар он занони амрикоӣ ба сотсиалистони немис Роза Люксембург ва Клара Сеткин вохӯрданд. Баъди баррасии авзоъ Клара пешниҳод намуд, ки рӯзи байналмилалии занонро таъсис диҳанд.

саҳ 6 аз 33

Китобҳо

Flag Counter