ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 21 2019

Меъмори инқилоб

20.08.1940 дар пойтахти Мексика-шаҳри Мехико ба ҷони Лев Тротский, яке аз тарроҳони асосии инқилоби болшевикӣ суиқасд анҷом гирифт. Дар натиҷа сахт захмӣ шуд ва рӯзи дигар ҷон бохт. Ӯро яке аз меъморони инқилоби октябрӣ муаррифӣ мекунанд. Ҳатто Сталин низ инро эътироф мекард ва дар ёддоштҳояш навишта буд: “Тамоми кор оид ба баргузории шӯриши мусаллаҳона, зери роҳбарии бевоситаи раиси Шӯрои Петроград рафиқ Тротский амалӣ шуда буд". Тротский дар пирӯзии болшевикон дар ҷанги гражданӣ ҳам нақши вежа ифо кард ва Артиши Сурх маҳз зери роҳбарии ӯ таъсис ёфта, дар ҷанг пирӯз шуд. Аммо баъди вафоти Ленин дар дохили ҳизби болшевикӣ муборизаи шадид миёни ӯ аз 1 сӯ ва Сталин аз тарафи дигар сар зад, ки саранҷом бо шикасти Лев мунҷар шуд. Январи с.1925 пленуми КМ Тротскийро аз вазифаҳои ишғолкардааш (Ӯ комиссари халқии ҳарбӣ-баҳрӣ ва раиси Шӯрои ҳарбӣ-инқилобӣ буд) сабукдӯш кард ва октябри с.1926 бошад аз Бюрои сиёсӣ низ бароварда шуд. Ахир, 7.11.1927 дар рӯзи инқилоб ҳаммаслакони собиқаш ӯро аз ҳайъати ВКП(б) ҳам хориҷ намуданд. Тротский январи с.1928 ба Алма Ато бадарға шуд, лек "меъмори инқилоб" дар Қазоқистон низ ором нагирифт ва ахир 18.01.1929 бо қарори ҷаласаи махсуси ОГПУ аз ҳудуди СССР бадарға карда шуд. Ҳаммаслакони собиқ вайро дар фаъолияти зиддиинқилобӣ ва тайёрии шӯриши мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Шӯравӣ айбдор мекарданд.

Гурезаи сурх

Аммо шуҳрати Лев Давидович дар олам чунон паҳн шуда буд, ки кам кишваре мехост ӯро дар ҳудудаш паноҳ диҳад. Танҳо Туркия розӣ шуд ин "гурезаи сурх"-ро пазирад ва барояш паноҳгоҳ диҳад. Худи Лев бисёр мехост ӯро ба ватани Марксу Энгелс-Олмон интиқол диҳанд, аммо ҳукумати олмонӣ ин тақозоро қотеъона рад кард.

Чоршанбе, Авг 14 2019

Марги бародар

Владимир Улянов-Ленин яке аз поярезони марксизм-ленинизм дар Русия ба шумор меравад. Ӯ аввалин ҳизби коммунистиро дар Русия роҳандозӣ кард ва орзӯи Марксу Энгелсро ҷомаи амал пӯшонд. Ленин 22.04.1922 дар ш.Симбирски Русия, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омад. Падараш бозраси мактабҳои халқӣ ва модараш низ зани таҳсилкарда будӣ. Владимир солҳои 1879-1887 дар гимназияи Симбирск таҳсил ва онро бо медали тилло хатм кард. Лаҳзаи тақдирсоз дар зиндагии ӯ с.1887 шуд. Дар ин сол ҳукумати вақт бародари бузурги ӯ Александрро барои ширкат дар қатли император Александри III ба қатл маҳкум кард. Марги ака таъсире сахте дар Владимири ҷавон гузошт ва роҳи ояндаи ӯро муайян кард. С.1887 Ленин ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазон дохил шуда, аммо бо сабаби ширкат дар тазоҳуроти донишҷӯён баъди 1 сол аз Донишгоҳ хориҷ карда шуд. С.1888 оилаи Уляновҳо ба Самара кӯчиданд ва маҳз дар ин шаҳр ошноии Ленин бо адабиёти марксистӣ иттифоқ уфтод.

Владимир баъди чанде ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Санкт-Петербург супорида, с.1891 ба таври экстернӣ факултаи ҳуқуқшиносиро хатм мекунад. С.1893 ба Питер омада, ба ҳайси ёрдамчии ҳуқуқшинос ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуд. Аммо масоили ҳуқуқӣ диққати Ленинро чандон ҷалб намекарданд ва ӯ ба масъалаи тағйири асли давлатдории Русия пардохт. Аллакай с.1894 ақидаи сиёсии худро ба тасвиб расонида, тибқи он, пролетариати рус бояд тамоми нерӯҳои демократиро сарварӣ намуда, бо роҳи муборизаи ошкори сиёсӣ ҷомеаро ба инқилоби коммунистӣ мерасонид.

С.1895 бо иштироки бевоситаи Ленин дар Петербург "Иттиҳоди мубориза барои озодии синфи коргар" созмон дода шуд, ки аввалин ташкилоти марксистӣ дар Русия ба шумор мерафт. Барои ин кор ӯро ба ҳабс гирифта, ба муҳлати 3 сол ба деҳаи Шушинскоеи Сибир бадарға карданд.

Чоршанбе, Авг 07 2019

 

Намояндаи "ҷавонони тиллоӣ"

Энгелсро мешавад чеҳраи аҷиби ҳаракати коммунистӣ донист. Замони Шӯравӣ аксҳои ӯ қатори аксҳои Марксу Ленин дар ҳама нигораҳои ҳизбӣ матраҳ буд, аммо миёни ин сенафара Фридрих мавқеи номуайянеро ишғол мекард. Таълимоти ғолиб низ он шабу рӯз марксизм-ленинизм унвон шуда буд ва аз Энгелс дар ин таълимот хабаре набуд. Маҳз ба ин хотир ӯро доктор Ватсони коммунизм мешавад номид, ки чун тимсоли машҳураш, мисли соя дунболи Маркс мегашт.

Фридрих Энгелс 28.11.1820 дар шаҳри Бермени Олмон, дар оилаи фабриканти нассоҷӣ ба дунё омад. Падараш яке аз бойтарин ашхоси Бермен буду дар оғоз Фридрихи ҷавонро бо пролетариат чизе алоқаманд намекард. Падар ӯро дар оянда тоҷири муваффақ медид ва баъди хатми мактаб ва гимназияи Элберфелд ӯро ба фабрикаи нассоҷии худ ба кор гумошт. Дар баробари кори тиҷорат ӯ ба журналистика низ майл зоҳир намуда, ба ҳайси мухбири 2 рӯзнома кор мекард. С.1841 ба хизмати аскарӣ рафт ва баъди 1 сол дубора дар ширкати падариаш ба кор баргашт. Ҳини хизмати аскарӣ бо фалсафаи Гегел ва бо ҷавонгегелчиён ошно шуд. Зери таъсири дӯстони наваш ӯ бо исми мустаъор ба иншои мақолоти зидди қишри ҳукмрон, ки падараш низ аз ҷумлаи онҳо буд, оғоз намуд.

Издивоҷи озод

Дар оғоз падар ба ақоиди писараш чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намекард. Баъди чанде ӯро барои такмили маълумоти тиҷорӣ барои таҷрибаомӯзӣ ба Англия фиристод. Падари ӯ дар Лондон низ корхонаи нассоҷӣ дошт ва ӯ дар ин корхона ба кор шурӯ кард. Аввалин сафараш ба Лондон 2 сол тӯл кашида, зиндагии ӯро комилан тағйир дод. Маҳз дар Лондон аз наздик бо ҳаёту маишати синфи коргар ошно шуда, вазъи онҳоро даҳшатбор муаррифӣ кард. Аз сӯи дигар дар фабрикаи падарӣ бо 2 коргарзани ирландӣ-хоҳарон Мэри ва Лидия Бернс ошно шуд. Фридрих ба ҳар 2 хоҳар ошиқ шуда, онҳо низ ба ин ишқи ӯ ҷавоби мусбат доданд.

Чоршанбе, Июл 31 2019

Ин матлаб тибқи хоҳиши 1 нафар капитани БДА ҶТ омода шуд...

Пайрави Гегел

Карл Маркс яке аз файласуфон ва мутафаккирони барҷастаи қарни XIX таъсири фаровон дар зиндагии теъдоди зиёде аз мардуми дунё дошт. Аз ҷумла, мо-тоҷикон 70 сол тобеъи ақидаи Ӯ қарор доштем. Мегӯянд, Отто фон Бисмарк-канслери Олмон дар мавриди Маркс гуфта буд: "Ин ҳисобдор (бухгалтер) ҳоло дунёро ба гиристан вомедорад".

Карл Генрих Маркс 5.05.1818 дар шаҳри Трири Олмон ба дунё омада, падараш аз яҳутаборони украинӣ буд ва аҷдодаш замони малика Мария Тереза ба Трир кӯч бастанд. Падараш ҳуқушинос буд ва барои аз даст надодани кору вазифа с.1824 ба дини масеҳият гаравид ва Карлро ҳам масеҳӣ кард. Карл с.1835 ба Донишгоҳи ш.Бон дохил шуда, ба омӯхтани ҳуқуқ оғоз кард. Маҳз дар ин айём дили духтари яке аз баронҳои немисро тасхир ва бо Женни фон Вестфален издивоҷ кард. Ҳини донишҷӯӣ дар Донишгоҳ ба романтизм ва сотсиализми Сен-Симон ошно шуд. Баъди чанде бо хоҳиши падар Донишгоҳро тарк карда, шомили Донишгоҳи пурнуфузи Берлин ва ба фалсафаи Гегелу Фейрбах ошно шуд ва дигар аз ақоиди ин 2 файласуф пайравӣ мекард. С.1839 аввалин кори илмии ҷиддии худро бобати таърихи фалсафаи эпикурӣ ва скептик навишта, баъди 2 сол, замоне ҳанӯз ба синни 30 нарасида буд, пеш аз мӯҳлат имтиҳоноти худро супорида, кори докториро муҳофизат ва Донишгоҳро хатм мекунад.

Журналист

Баъди хатм мехост ба ҳайси омӯзгор дар Донишгоҳ фаъолият кунад, лек ҳаводиси баъдӣ ба ин нияти ӯ монеъ шуданд. С.1842 ба ҳайси журналист дар "Rheinische Zeitung" (“Газетаи Рейн”) ба кор пардохт. Рӯзнома аз манофеи буржуйҳо ва гегелчиёни чапгаро дифоъ мекард. Мутаассифона, бештари мақолаҳои ӯ зери сензураи сахт ба чоп намерасиданд ё нопурра чоп мешуданд.

Чоршанбе, Июл 24 2019

20.07.1944 дар қароргоҳи Адолф Гитлер, ки бо “Хонаи гург” маъруф буд, аз ҳама суиқасди маъруф ба ҷони ӯ ба вуқӯъ пайваст. Полковники ситоди нерӯҳои захиравии артиши пиёданизом граф Клаус Шенк фон Штауффенберг ва ҷонишини ӯ обер-лейтенант Вернер фон Хефтен ба ҷони сарфармондеҳи олии худ суиқасд намуданд. Бори аввал онҳо ният доштанд 6 июл амалиётро доир кунанд. Дар ин рӯз бомби тайёркардаро ба қароргоҳи Гитлер оварданд, лек ӯ дар вақти муайяншуда ба машварат ҳозир нашуд. Кӯшиши дуввум, 15 июл мебоист иттифоқ меуфтод. Клаус дар “Хонаи гург” маърузаашро ба охир расонид. 1 соат пеш аз машварати фюрер суиқасдчиён фармони амалиёти Валкирияро содир карданд, аммо ин бор низ кӯшиш бе натиҷа анҷом ёфт. Клаус баъди маъруза барои тамос бо Олбрихт берун рафт ва вақте баргашт Гитлер дар толор набуд ва боз ногаҳонӣ машваратро тарк кард. Клаус фавран Олбрихтро аз қазия огоҳ кард ва фармони амалиёт бекор карда шуд. Ахир ба суиқасдчиён аён шуд, ки 20 июл дар қароргоҳи "Хонаи гург" машварати навбатӣ бо Фюрер баргузор мегардад. Фон Тресков ва афсари зертобеи ӯ майёр Иоахим Кун бомбҳоро омода карданд ва Клаус расониданд. Таркиши 2 бомб дар бинои маҳкам, ки аз 2 кг маводи тарканда иборат буд, ба Фюрер ҳеҷ умед боқӣ намегузошт. Дар қароргоҳи ӯ Клауси маъюб тавонист бо дасти чапи нисбатан солим танҳо қисмати таркандаи 1 бомбро ба кор дарорад. Гарчи таркиши 1 бомб бомби 2-умро низ ба кор медаровард, лек Клаус бо сабабҳои ноаён онро аз кифаш берун овард. Маҳз ин сабаби наҷоти ҷони Гитлер гашт.Дар ин машварат масъалаи мусаллаҳгардонии “ихтиёриёни халқӣ” баррасӣ мешуд ва Клаус бе восита бо таъсиси ин нерӯҳо машғул буд. Бо ҳамроҳии Клаус ба қароргоҳ инчунин сардори алоқаи артиши олмонӣ генерал Фелгибел ва обер лейтенант Хефтер, ки ҳар 2 шомили ташкилоти суиқасдчиён буданд, ҳозир шуданд.

Чоршанбе, Июл 17 2019

 

Бузургтарин набарди тонкӣ

12.07.1943 дар рафти муҳорибаи Курск, дар назди деҳаи хурди Прохоровка бузургтарин набарди тонкии ҷанги ҷаҳонии 2 ба вуқӯъ пайваст. Худи ин ҳарб яке аз муҳорибаҳои бузурги ҶБВ буда, 5.07.1943 оғоз шуда, то 23 август идома ёфт. Ин ҷанг дар таърихнигории шӯравӣ маъруф аст ва онро муҳорибае, ки ба куллӣ вазъияти ҷангро тағйир дод, ном мебаранд. Аз ҳар 2 тараф дар он 4 млн аскар, 69.000 тӯп, 13.000 тонк ва 12.000 тайёра ширкат варзиданд. Ба андешаи муаррихони немис, тобистони с.1943 ба Фюрер бори охирин муяссар шуд, дар Фронти шарқӣ ҳамаи нерӯҳояшро дар 1 мушти зарбазан ҷамъ орад. Он шабу рӯз дар ғарби Рейхи 3-ум вазъият муташанниҷ шуд. Нерӯҳои олмонӣ дар Африқои шимолӣ чун ҳеҷ кумаке аз Олмон намеёфтанд, тобистони с.1943 ба амрикоиҳо таслим шуданд ва нерӯҳои амрикоӣ-инглисӣ ба Итолиё таҳдид мекарданд. Сабаби дигаре низ вуҷуд дошт ва Гитлерро бисёр хавотир намуда буд. Баъд аз пирӯзӣ дар Сталинград Артиши Сурх (АС) нерӯи азиме пайдо карда буд ва Сталин ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медид. Тибқи маълумоти немисҳо ин ҳуҷум маҳз дар наздикиҳои Курск бояд сар мешуд. Гитлер метарсид, ки ҳуҷуми ногаҳонии АС метавонад мисли тарма ҳама чизро аз сари роҳ бардорад. Лиҳозо, дар Берлин қарор доданд, барои пешгирии ҳуҷум худашон амалиёти таҳоҷумӣ гузаронанд ва аввалин шуда, зарба зананд. Амалиёти немисҳо дар ҳоли пиёда мешуд, ки нерӯҳояшон аз АС 3 баробар камтар буданд. Бо вуҷуди ин Фюрер ба амалиёт розӣ шуд. Гитлер ният дошт бо тонкҳои наваш хатти фронтро рахна кунад. Тонкҳои немисии "Паланг" (Тигр) ва "Юзпаланг" (Пантера) он шабу рӯз нерӯи азиме буданд. Дар Курск беҳтарин ва яккачинтарин қисмҳои тонкии олмонӣ, мисли дивизияҳои тонкии СС "Викинг", корпуси 2-уми тонкии СС ширкат варзиданд ва бештари тонкҳои нав низ дар ин қисмҳо тақсим гардида буд. 

саҳ 3 аз 33

Китобҳо

Flag Counter