ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 22 2018


Миллатгароии гурҷӣ
Санаи 08.08.2008 Артиши таҷҳизёфтаи Гурҷистон бо фармони Михаил Саакашвили сарҳади Осетияи Ҷанубиро убур кард ва пойтахти ин кишвари кучак-шаҳри Цхинвалро мавриди таҷовуз қарор дод. Баъзе мунаҷҷимон ҳатто рӯзи ҳуҷумро ҳам санаи наҳс муаррифӣ карданд. Ин 5-умин ҷанги гурҷиву осетин буд, ки бо амри тақдир ҳамаги 5 рӯз тӯл кашид. Инчунин ҷанги осетину гурҷӣ аввалин муноқишаи миллӣ дар Гурҷистони пасошӯравӣ буд, ки ба ҷанги тамомайёр миёни ин 2 халқият хотима ёфт. Сарчашмаҳои даргирии гурҷиҳо бо 2 халқияти хурди кишварашон-осетинҳо ва абхазҳо таърихи тӯлонӣ дорад. Апрели с.1922 ҳукумати шӯравӣ дар қисмате аз Гурҷистон Вилояти мухтори Осетияи Ҷанубиро таъсис дод. Мегӯянд, осетинҳо дар барқарории ҳукумати Шӯравӣ дар Гурҷистон нақши асосӣ бозиданд ва Маскав туҳфае ба ин халқият кард. Замони Сталин ҳама ҷо ором буд ва гурҷиву осетин бо ҳам ҳеҷ мушкиле надоштанд. Кишвари кучаки осетинҳо 6,5% ҳудуди Гурҷистонро (3,84 ҳазор км кв.) ташкил медод ва дар он осетинҳо, гурҷиҳо, русҳо ва яҳудиён канори ҳам сукунат доштанд. Вазъият баъди дамидани боди бозсозӣ якбора тағйир ёфт.

Панҷшанбе, Авг 16 2018


Фарзанди 13-ум
Хиёнати генерал-лейтенант Андрей Власов ва ба хизмати немисҳо гузаштани ӯ барои таърихнигории шӯравӣ яке аз ногувортарин ҳаводиси ҷанг ба шумор меравад. Албатта афсарони дигари Артиши Сурх (АС) ҳам буданд, ки ба тарафи немисҳо гузашта буданд, аммо ӯ миёни онҳо аз ҳама олирутба ва маъруф буд.
Андрей Власов с.1901 дар деҳаи Ломакинои вил.Нижегородск, дар оилаи серфарзанд ба дунё омад. Ӯ фарзанди 13-уми хонадон буд ва оилаи онҳо дар камбағалӣ мезист. Бо вуҷуди ин, ба семинарияи динии Нижний Новгород дохил шуд, лек инқилоби болшевикӣ ба таҳсили динии генерали оянда хотима бахшид. Соли 1919 ба АС даъват шуда, дар ҷанги шаҳрвандии Русия фаъолона ширкат варзид. Баъди хатми ҷанг дар АС боқӣ монда, с.1929 курсҳои олии фармондеҳии "Выстрел"-ро хатм кард. Соли 1930 ӯро ба сафи Ҳизби коммунист пазируфтанд. Соли 1935 ба Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе шомил шуд. Августи с.1937 командири полки 133-и тирандозӣ таъйин шуда, тирамоҳи с.1938 ӯро ба ҳайси машваратчии ҳарбӣ ба Чин фиристоданд.

Панҷшанбе, Авг 09 2018


Аморати ваҳҳобӣ
Шаби 7.08.1999 дастаҳои "Бригадаи исломии посдорони сулҳ" таҳти роҳбарии Шомил Басаев ва Хаттоб ба ноҳияи Ботлихи Доғистон ворид шуданд. Амалиёти ҷангиён "Ғозӣ Муҳаммад" ном гирифт ва маҳз ин амалиёт заминасози шикасти Ичкерияи мустақил гардид. Қафқоз, хосса, навоҳии шимолии он барои Русия ҳамеша як нуқтаи доғ ба шумор мерафт. Русҳо барои ишғоли Қафқози Шимолӣ заҳмати зиёд кашиданд. Муқовимати мардуми бумии Доғистон ва Чеченистон бо сарварии Шомили доғистонӣ солҳои зиёд идома дошт ва русҳо дар ин ҷанг талафоти аз ҳама сангин доданд. Пошхӯрии СССР ва насими истиқлол шояд ба чеченҳо бештар аз дигарон таъсир расонида буд. Ҳаводиси сиёсӣ дар ин ҷумҳурии кӯчак бо суръат ба вуқуъ мепайвастанд.

Панҷшанбе, Авг 02 2018


Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали 100-солагии матбуоти Тоҷикистон, Гулчеҳра Фозилова, ки маъмулан миёни журналистон чун “апаи Гулчеҳра” маъруф аст, метавон гуфт умри худро дар хидмати матбуоти тоҷик сипарӣ намуд. Ӯро бе ҳеҷ мубоҳот мешавад Модари Матбуоти Тоҷик ном бурд. Апаи Гулчеҳра наздики 50 сол дар идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” заҳмат мекашад ва нисбати ҳамаи қаламкашон ҳисси модарона дорад.

Дар хидмати қалам
Апаи Гулчеҳра дар зиндагии худ фарозу нишеби зиёдеро таҳаммул кардааст. Ин шахси наҷиб дар оилаи шахсони оддӣ ба дунё омадааст. Падараш дар яке аз муассисаҳои давлатӣ посбон ва модараш замоне фаррош, сипас хонашин буданд. Соли 1967 падар аз дунё реҳлат кард ва ӯ аз ҳамон овони мактабхонӣ бори дӯши зиндагиро ба ӯҳда гирифта, дар қатори хондан кор ҳам мекард.

Панҷшанбе, Июл 26 2018

"Гуфтугӯ дар танҳоӣ"
22.07.1989 дар Тоҷикистон "Қонуни забон" қабул шуд. Тибқи ин Қонун забони тоҷикӣ забони давлатии РСС Тоҷикистон эълон карда шуд. Ин қонунро шояд аз ҳама қонуни машҳури РСС Тоҷикистон мешавад муаррифӣ кард. Дар қалби кишвари шӯравӣ тоҷикон яке аз аввалинҳо шуда, ба фарҳанги миллии худ рӯ оварданд. Албатта, эҳёи ин фарҳанг роҳи тӯлонӣ дошт. Баъзе аз муаррихин оғози ин равандро ба солҳои 1960 ва бо ба сари қудрат омадани Турсунбой Улҷабоев рабт медиҳанд. Улҷабоев 5 сол ба Тоҷикистони шӯравӣ роҳбарӣ кард ва бо чанд тан аз ҳаммаслакони наздикаш, тавассути Хрушев аз вазифа сабукдӯш шуд. Ӯ воқеъан барои ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон хизмати зиёд кардааст. Дар асл тамоми дастовардҳои РСС Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли барқ маҳз дар давраи ӯ тарроҳӣ ва баъдан тавассути роҳбарияти баъдӣ амалӣ шуданд. Улҷабоевро дар шакли бисёр таҳқиромез аз вазифа сабукдӯш карданд ва ин сиёсати ҳукумати баъдиро тағйир дод. Ҷаббор Расулов, ки Улҷабоевро ҷойгузин кард, ба андешаи муаррихин шахси бисёр ростқавл ва хоксор буд, лек танҳо иҷрокунандаи фармони Маскав буд ва аз худ ҳеҷ истиқлоле намоиш намедод.

Чоршанбе, Июл 18 2018



Сабабҳои муҳориба

11.07.1941 дар фронти ғарбии СССР муҳорибаи таърихӣ барои пойтахти РСС Украина оғоз шуд. Он яке аз задухӯрдҳои шадид ва калони ҶБВ дар моҳҳои июл-сентябри с.1941 аст. Ба нерӯҳои олмонӣ дар ин ҳарб фелдмаршал Рунштедт сарварӣ мекард ва фармондеҳии нерӯҳои Артиши Сурхро маршал Будёный ба уҳда дошт. Дар оғоз теъдоди нерӯҳои ҳар 2 тараф қариб баробар буданд, аммо немисҳо аз лиҳози техникӣ бар Артиши Сурх бартарӣ доштанд. То нимаи тобистони с.1941 немисҳо тавонистанд манотиқи Смоленскро ишғол кунанд ва Фюрер қарор дод, ҳуҷумро тавре идома диҳад, то ба таъбире "по пути" манотиқи Украина ва Ленинградро низ ишғол кунад. Мақсади асосии немисҳо дар амалиёти Киев нагузоштани ақибнишинии нерӯҳои Артиши Сурх ба манотиқи ғарбии СССР буд. Аслан тибқи нақшаи Барбаросса Гитлер ният дошт тадриҷан, бо ҳуҷуми ҳамзамон аз чанд самт ҳудуди СССРро ишғол кунад. Немисҳо ният доштанд, дар натиҷа Маскавро ба иҳота гиранду фармондеҳии нерӯҳои шӯравиро водор ба таслим кунанд. Вазифаи Артиши Сурх бошад дар ин ҷанг аз он иборат буд, ки нагузоранд немисҳо ба самти Маскав бароянд ва то пойтахт бирасанд.

саҳ 11 аз 32

Китобҳо

Flag Counter