ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 28 2021

 

Исмат Командир падараш ӯзбек, модараш Ҳикоят – духтари Сӯфиабдураҳими Чавроғӣ, аз собиқ ноҳияи Кангурт аст. Исмат соли 1896 (?) дар деҳаи Чавроғи Поёни Кангурт ба дунё омадааст.

Маълумотнок буд, бо алифбои ниёгон ва лотинӣ мехонду хуб менавишт. Дар барқарорсозии сохти нав бар зидди босмачиҳо  мубориза бурдааст. Нахуст сардори отряд, баъд роҳбари милисаҳои Кангурт шуд. Ӯ бар зидди душманони халқ муборизаи беамон мебурд.

Ба тахмин соли 1929 вақте ки босмачиҳо аҳолии деҳоти Чавроғ, Қизилбулоқ, Кӯчаи Поиро талаю тороҷ мекунанд, домуллоҳо: Муҳиддин, Ҳалим, Қорӣ  Саъдулло, Қорӣ Кароматулло ва чанде дигар ба онҳо мефаҳмонанд,  ки ин рафтори шумо аз рӯи адолат, инсоф ва талаботи дини мубини ислом нест.

Онҳо мегӯянд, ки домуллоҳо ба деҳаи Пуштаи Мазор бароед, бо шумо дар он ҷо маслиҳат мекунем. Домуллоҳо аз найранги босмачиҳо бехабар ба ҷойи таъйиншуда мераванд. Онҳо Мулло Муҳиддин, Саъдулло, Қурбон, Баҳриддин ва чанде дигарро сар мезананд. 

Сардори отряд Ғуломи Мерган зидди Исмат командир кор мебурд…

Солҳои 30-юми асри ХХ Куфелд (миллаташ тотор) сардори НКВД –и ноҳияи Кангурт  буд. Ӯро баъдтар сардори раёсати НКВД-и РСС Тоҷикистон таъйин карданд.

Соли 1937 ба ҷои ӯ Исмат командирро сардори НКВД-и ноҳияи Кангурт таъйин мекунанд. Пас аз гирифтани вазифа Куфелд ба Исмат мактуб навишта, хоҳиш менамояд, ки ба Сталинобод, ба назди ман биё, аммо вай  хоҳиши ӯро рад кард.

Ин дархост ва меҳрубонии Куфелд  нисбати Исмат сабаб дошт. Чанд сол қабл Куфелд дар яке аз муҳорибаҳо бо босмачиён, дар ҳудуди ноҳияи Данғара  дар муҳосира мемонад. Ана дар ҳамин лаҳзаи ҳассос Исмат командир ӯро аз марг наҷот медиҳад.

Исмат оиладор, соҳиби як писар буд (таваллудаш 1938). Худаш (Исмат командир) ҷавонмарди қоматбаланд, паҳлавонҷусса, доимо чеҳраи кушода дошт. Нисбати халқ ва давлат ғамхор буд. Шахсан  аз касе нашнидаам, ки нисбати ин марди ғаюр дар вақти ҳаёт ва баъди маргаш ягон сухани носазо гуфта бошад.

Аҳли байти Исмат дар собиқ колхози ба номи Маленкови ноҳияи Вахш зиндагӣ мекард. Алҳол дар бораи онҳо  маълумоти дигаре надорам…

Дар он солҳо Ғуломи Мизроб раиси ҷамоати Давлатшоён буд. Ба Исмат мегӯяд, ки ба Сталинобод наравед. Агар равед, нест мешавед. Нарафтанаш сабаби гумроҳии Исмат буд.

Ҳамон давра Шамсулло Ҳошимов раиси колхоз буд. Исмат командир бо вай маслиҳат накарда, аспи (ҳайғури) бо пули гарон харидашударо аз хонаи Сафаралӣ Сӯфиев (додари Муллосӯфӣ) гирифта мебарад. Аз ин сабаб, раиси колхозро бо шоҳидии дигарон 14 ноябри соли 1937  ба маҳкама кашиданд.

Исмат командир, Бозор командир ва Қӯйбоғар командир дар Хами Граҳатоз, наздикии деҳаи Чилча як моҳ мегарданд. Сипас Исмат аз онҳо ҷудо шуда, ба деҳаи Қизилгузар, баъд ба Шингихо меравад.

Чоршанбе, Июл 21 2021

 

 (идома аз шумораи гузашта) 

Гирудор

Посе аз шаб нагузашта атрофи деҳаи Шингихоро милисаҳо печонда гирифтанд. Онҳо аз куҷое маълумот ёфтанд, ки Исмат командир дар хонаи дӯсташ Хол Сафаров-раиси ҷамоати Кулли Сӯфиён пинҳон шудааст.

Хонае, ки Исмат хоб буд, девори баланд дошт, милисаҳо ҳавлиро иҳота намуданд, аммо ҷуръати ба хона даромаданро накарданд.

Милисаҳо ба кофтукоби соҳибхона даромаданд, аммо ӯро ба зудӣ пайдо накарданд. Модарам дар хона буд. Аз ӯ пурсиданд, ки шавҳарат дар куҷост, вай намедонам гуфт. Ӯро зери шатта гирифтанд. Очаи бечораам зори ба зор мегирист, вале қоил намешуд. Ин ҳоли зорро ба падарам расонданд, вай маҷбур шуд, ки ба хона баргардад.

Пас аз омадани соҳибхона милисаҳо аз ӯ бо исрор талаб карданд, ки рафта ба дӯстат маслиҳат кун, то силоҳашро супорад, вагарна ҳамаатонро несту нобуд мекунем, падарам ду маротиба пеши Исмат рафт. Вай бошад ба таслим шудан розӣ набуд. Бори сеюм Хол Сафаров бо зориву тавалло гуфт:

- Ба фарзандони ман раҳм кун, хоҳӣ-нахоҳӣ илоҷи дигар надорем…

Исмат командир ниҳоят розӣ шуда, шамшер ва камонашро супурд. Милисаҳо гуфтанд, ки тапончаашро низ диҳад. Исмат мардона талаби онҳоро қонеъ кунонда, ба берун  баромад.

Ҳаво хунук буд, аз ин рӯ, аз хонаи амакам ҷомаеро оварда, ба Исмат пӯшонда, ӯро дар аспи худаш ва падарамро дар аспи ҳамсоя савор карда бурданд…

 

Аз нақли Хол Сафаров

Пас аз 10 соли маҳбусӣ падарам ба хона баргашт. Баъдҳо ӯ қисса мекард, ки нахуст дар маҳбасхонаи Кӯлоб маро бо Исмат командир дар як ҳуҷра нигоҳ доштанд. Пас аз чанд рӯз моро аз ҳам ҷудо карданд. Истинтоқкунанда-муфаттиши рус дар бораи Исмат маро саволборон кард. Ба ҳама саволҳояш  посух гуфтам, аммо он бетамиз пас аз ҷавоби ҳар савол маро як торсакӣ мезад.

Рӯзҳои аввали маҳбасӣ Исмат маъзарат хост: - Холмаҳмад, маро бубахш, ман  ба фарзандони ту ҷабр кардам…

- Моро дар алоҳидагӣ ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) бурданд. Аз ҳамон вақт ман дигар Исматро надидам.

- Дар  ҳақиқат Исмат барои бақои давлати нав, халқ корҳои шоён кард, вале замона чунон буд. Ману ӯ нисбати халқу Ватан гуноҳе содир накарда будем. Боиси рух додани ин ҳодиса  аслан аз ҷониби давлат ҳабс шудани Куфелд буд, - хулоса карданд падарам, - гуфт Абдулло Холов…

Саид Шамсулло аз пайвандони командир ёдовар шуданд, ки сипас якҷоя ба хоҷагии «Гулистон»-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ рафтем, Сафар Саидов замоне се сол дар ин хоҷагӣ роҳбар будааст. Халқ «раис омад» гуфта, хуш истиқбол гирифтанд. Ман аз қадрдонии халқ хушҳол гаштам. Ба якчанд хонаи қадрдонҳои раис рафтем. Онҳо ба худ ҷойи нишаст намеёфтанд.

Чоршанбе, Июл 14 2021

 

Шурӯъ аз солҳои 80-уми асри пор ин номро борҳо аз забони акаву тағоҳои кангуртиям шунида будам. Аммо дар расонаҳо аз ин боб маълумоте ба назар намехӯрд. Зеро он айём нафароне, ки солҳои 30-юми асри ХХ бо ягон ҷурм маҳбасӣ ва ё паронда шудаанд, маълумот намедоданд. Ба ҷуз қиссаҳои даҳанакии калонсолони булукоти Кангурти вилояти Кӯлоб.

Дар оғози солҳои 20-уми асри гузашта дар навоҳии Кангурт ва Данғара чанд тан аз фарзандони бумӣ дар барқарорсозии ҳукумати нав саҳми шоиста гирифтаанд. Ин ҷониб, зодаву парвардаи диёр номи чанд тан аз муборизони ҳаёти нав, фармондеҳони сарбозони сурхро шунидаам…

 

Пролог

Абдулло командир (Абдулло Убайдуллоев) 1904, Саври Бозор, Кангурт-1939, Ҷумҳурии Худмухтори Советии Сотсиалистии Коми, Россия), Исмат командир (Исмат Халифаев) (1904, Чавроғи поён, Кангурт-16.2.1938, Сталинобод), Ёқубтӯра (Ёқуб Аминов) (1887, Мулоконӣ, Сари Хосор-1997, Шулупту, Кангурт, Мулоконӣ), Раҳмоналӣ Салим (1898, Қарақамиш (Найистон), Кангурт-1990, Кангурт), вакили Қурултойи (анҷумани) 4-уми Республикаи Халқии Советии Бухоро (1923), Ҳомид командир (Ҳомид Алиев, 1898-1948), Оимҳол Абдуллоева (1896, Кангурт-1978, Данғара, инқилобчӣ, момаи генерал Суҳроб Қосимов), Холдор Ризоев, командири сурх, баъди сардори маҳбаси (вилоятӣ) Кангурт, Назар Маҳмадалиев, Шаҳобуддин командир (Шаҳобуддин Тоиров (роҳбари отряди ихтиёриёни Балҷувон), Саидҷон Назаров (1902, Офтоблуқ, ноҳияи Кӯлоб-11.7.1944, шаҳри Кӯлоб), сардори отряд аз Қизилмазор то Кӯлоб ва чанде дигар аз инқилобчиён ва командирони маъруфи минтақа маҳсуб меёфтанд.

Бо амри тасодуф ҳини ҷамъоварӣ ва иншои маҷмӯае дар бораи корманди давлатӣ Саид Шамсулло (16.03.1939, деҳаи Чавроғи Боло, ноҳияи Кангурт-19.2.2016, шаҳри Данғара), ходими ҷамъиятӣ, вакили съезди XIX ҲК Тоҷикистон (1980), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000) дар бораи ақрабояш Исмат командир рӯшанӣ андохтан пеш омад.

Огаҳӣ доштам, ки аз Исмат командир 1 фарзанд-писараш дар ҳудуди ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) умр ба сар мебарад. Дар ин хусус соле қабл дар хонаи раиси номвар тағоии Сафар Саидов (равонашон шод бод) огаҳӣ пайдо карда будам.

Аз ин рӯ, нимаи дувуми соли 2009 аз бузургбародараш Саид Шамсулло дархост намудам, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозанд. Моҳи октябри  ҳамон  сол мавсуф бо писарашон Қобилҷон ба роҳ баромаданд. Онҳо аз назди бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба деҳаи Шӯртеппа, ки аз шаҳр тахмин 10-12 км дур буд, ба хонаи Раҳимов, собиқ сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон мераванд. Ба соҳибхона мақсади сафари хешро изҳор медоранд. Раҳимов нишонии ҳамватанон-зодагони музофоти Кангурт муаллими собиқадор Абдулло Холов ва раиси Сафар Саидов (собиқ раиси ноҳияи Колхозобод, 15-сол)-ро мефаҳмонад.

Чоршанбе, Июл 07 2021

*Германияи фашистӣ 22.6.1941 соати 4 -и субҳ, бе эълони ҷанг ба СССР ҳуҷум кард. Ҳамин тавр Ҷанги Бузурги Ватании Иттифоқи Советӣ (1941 -1945) оғоз шуд.

***

*Роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбии Германия ба ҷанги зидди СССР тайёрӣ дида, 18 декабри соли 1940 директиваи №21-ро, ки номи рамзиаш «Барбаросса» буд, тасдиқ намуданд. 

***

*Нақшаи «Барбаросса» стратегияи ҷангӣ «барқосо», яъне бо зарбаи пурзӯри ногаҳонӣ  дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Армияи Советӣ ва то хатти Архангелск – Волга ишғол кардани хоки Советиро пешбинӣ менамуд. 

***

*Дар ҷанги зидди СССР душман 190 дивизия, 18 бригада (5,5 млн кас), 3700 танк, зиёда аз 47 ҳазор тӯпу миномёт ва қариб 5 ҳазор самолёт гирд овард. 

***

*Дар оғози ин ҷанг СССР дар ихтиёри худ 2,9 млн аскар, 1800 танк, 1540 самолёти типи нав дошт. 

***

*Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба се давра тақсим мешавад: Давраи 1-ум (22,06,1941-18,11,1942), давраи дуюм (19.11.1942 - охири соли 1943), давраи сеюм (1944 -9.5.1945).

*** 

*Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ 22 июни соли 1941 ба халқ муроҷиат карда, ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияро ба Иттифоқи Советӣ хабар доданд ва халқро даъват намуданд, ки тамоми қувваро барои торумор кардани душман равона созад.

***

*Директиваи Совети Комиссарони Халқи СССР  ва КМ ВКП (б) аз 29 июни соли 1941 (баромади И.В.Сталин аз 3 июл) барномаи амалиёти халқи советӣ гардид.

***

*30.6.1941 Комитети давлатии мудофиа (КДМ), 10 июл Ставкаи Фармондеҳи Олӣ (аз 8 август Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ -ССО) таъсис ёфтанд. Ба ҳайати ССО И.В. Сталин, В.М. Молотов, К.Е. Ворошилов , С.К. Тимошенко, Г.К. Шуков, Б.М. Шапошников, С.М. Будёний  дохил мешуданд. И.В Сталин раиси КДМ  ва Сарфармондеҳи Олӣ интихоб гардид. 

***

*Июли соли 1943 Армияи Советӣ 6,4 млн аскару афсар, 98,8 ҳазор тӯп  ва миномёт, 9580 танк ва дастгоҳи артиллерии худгард, 8293 самолёти ҷангӣ дошт. 

***

*Тобистони соли 1943 душман дар фронти СССР ва Германия 232 дивизия, қариб 5,3 млн кас, 54,3 ҳазор тӯп ва миномёт, 5850 танк  ва тӯпи штурм, 3 ҳазор самолёти ҷангӣ гирд овард. 

***

*Аз 28 ноябр то 1 декабри соли 1943 дар Теҳрон конференсияи сардорони давлатҳои СССР, ШМА ва Англия  доир шуд. 

Чоршанбе, Июн 30 2021

 

Файзалӣ Ҳасан. Бо шунидани ин ном имрӯз гирди лабон табассум гул мекунад. Ки ӯро намешиносад? Шояд чунин афрод дар ҷамоаи кунунӣ вуҷуд надошта бошад. Аз хурд то бузург бо шунидани ҳикоёт, латоиф аз рӯзгори пешавари маҳбуб хушҳол мегардад.

Рустоибачаи кӯҳистонӣ дар диёри зебо - деҳаи Сангонели Дашти Ҷам ба дунё омадаву аз овони наврасӣ, аз қиблагоҳаш, муаллими Ҳасаналӣ дарси адаб, дониш, навохтани сози мусиқӣ андухтааст…

Аҳли байти онҳо дар 10-солагии Файзалӣ ба ноҳияи Ҳамадонӣ ҳиҷрат намудаанд. Ӯ таҳсилро дар мактаб идома бахшида, дар синни 14-солагӣ ба арсаи ҳунари миқёси ноҳиявӣ боло шуд. Бо хондани як суруд, ханҷарааш ба устоди зиндаёд Одина Ҳошим мақбул афтод. Ва аз ҳамон лаҳза Файзалӣ ба доираи назари забардаст, ғамхорӣ ва сарпарастии доимии устод ғалтид…

Файзалӣ соли 1964 донишҷӯи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе шуда, онро соли 1968 бо ихтисоси ғижак ба поён расонд. Ҳамон сол ба факултаи санъати Институти педагогии ба номи Шевченко шомил шуд. Таи ин солҳо мавсуф аз устодон Авнер Муллоқандов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Карим Ҳалим, Шоиста Муллоҷонова, Аҳмад Бобоқулов, Фаттоҳ Одинаев, Миратулло Атоев, Маҳрам Файзов, Амрохон Муборакшоев назокати ҳунар омӯхт.

Соли 1972 мутахассиси соҳибмаълумотро ба ноҳияи Москва фиристоданд. Ва ӯ 30 сол дар ин диёр кору пайкори шоиста анҷом дод. Дар ҳамин ҷо ҳамчун ҳунарманди касбӣ обруманд гашт, номвар шуд. Овозаи санъати ӯ аз навоҳӣ ба вилоят, бо мурур ба миқёси ҷумҳурӣ ва ҷамоҳири давлати паҳновари Шӯравӣ ва чанде баъд ба хориҷӣ мамлакат танин андохт.

Фаъолияти минбаъдаи муғаннӣ ба чунин равиш буд. Соли 1972 муовин, директори мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия, соли 1975 директори хонаи маданияти ноҳияи Москва таъйин гардид.

Бо ба мақоми роҳбарии театри шаҳри Кӯлоб рафтани устод Одина Ҳошим масъулияти баланди нигоҳ доштани мақому мартабаи ҳунарии ноҳия ба дӯши Файзалӣ Ҳасан афтид. Хушбахтона ӯ аз бардошти ин бори гарон баромад…

Соли 1978, дар синни 30-солагӣ ҳукумати вақт хидмати сарояндаи хушзавқ, мубаллиғи ҳунари суннатии мардумӣ Файзалӣ Ҳасанро бо унвони ифтихории Ҳофизи халқии Тоҷикистон қадр намуд.

Пешавари маҳбуб соли 1979 бори нахуст ба давлати Афғонистон, сипас ба Эрон ва дигар мамолики шарқу ғарб сафари ҳунарӣ дошт.

Соли 1999 муғаннӣ бо ордени "Шараф" дараҷаи 2 сазовор гардид. 

Соли 2004 хати зиндагии устод тағйир хӯрд. Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мавсуфро ба сифати роҳбари дастаи ҳунарии "Дарё" ба пойтахт хонданд. Аз соли 2005 Файзалӣ Ҳасан ба дастаи "Фалак" пайваст…

Мақоми асосиро дар эҷодиёти сарояндаи маҳбуб ва оҳангсози маъруф мавзӯи ватандӯстӣ ишғол мекунад. Ва баҷост, ки устоди мусиқии халқӣ ва касбии тоҷик Файзалӣ Ҳасан кайҳост бо сурудҳои ватанпарастӣ маҳбуб гашта…

Хидмати шоёни Файзалӣ Ҳасан соли 2003 бо ордени "Шараф" дараҷаи 1 қадр гардид.

Чоршанбе, Июн 23 2021

Номи «танки паррон» - ро одатан нисбати ҳавопаймои ҳуҷумкунандаи Ил – 2 истифода мебаранд, ки тайёраи ҷангии оммавитарини замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шуда буд. Лекин аксар бехабаранд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои сохтани танки ҳақиқии паррон кӯшишҳо шуда буд. Мошини беназири ҷангӣ номи «Танки паррони КТ – 1» ё А – 40 – ро гирифт.

Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ партизанҳои советӣ навоҳии томро дар ақибгоҳи Вермахт бомуваффақият озод мекарданд, вале ба «интиқомгирандагони мардумӣ» техникаи ҷангии вазнин намерасид. Ҳолатҳое буданд, ки партизанҳо дар ҷойҳои пештараи ҷанг танкҳои шикастаи олмонӣ ё советиро дарёфта онҳоро таъмир ва барои ҳуҷум бар зидди пулисманҳо истифода мебурданд. Охириҳо, ки силоҳи зиддитанкӣ надоштанд, одатан рӯ ба фирор меоварданд.

Ситоди марказии ҷунбиши партизанӣ фоидаро аз истифодаи танкҳо мефаҳмид. Лекин ба ҷойи дигар бурдани чунин техникаҳо аз тариқи хати ҷабҳа танҳо бо роҳи ҳавоӣ мумкин буд, аммо ҳавопаймоҳои нақлиётӣ чунин борро бардошта наметавонистанд.

Конструктори (тарҳкаши) машҳури советӣ Олег Антонов, ки шурӯъ аз солҳои 1920 бо сохтани дастгоҳҳои парвозкунандаи бе сарнишин машғул буд, хост ин проблемаи ғайристандартиро ҳал кунад. Тибқи баъзе маълумотҳо вай аз авлоди декабрист Дмитрий Антонов будааст. Дар аҳди шӯравӣ оилаи Антоновҳо аз насаби дворянҳо буданашонро пинҳон медоштанд. 

Соли 1923, дар синни 17 – солагӣ Олег худро дар «Ҷамъияти дӯстони Флоти ҳавоӣ» номнавис кард ва аввалин планёр (ҳавопаймои бе мотор) - и сохтаи вай бо номи «Голубь» («Кабӯтар») соли баъдӣ дар Қрим ба маъраз гузошта шуд.

Аз соли 1931 Антонов ба сифати сарконструктори коргоҳи планёрсозии Тушинаи Москва кор мекард ва баъди пӯшида шудани он соли 1938 дар Бюрои конструктории А. С. Яковлев ба фаъолият пардохт ва ба сохтани ҳавопаймоҳои сабук машғул шуд. Вале баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ талабот ба планёрҳои десантӣ ва нақлиётӣ ба миён омад. Масалан, барои расондани бор ба партизанҳо планёри пуррачӯбии соли 1941 сохтаи А – 7 – и Антонов истифода мешуд.

Барои ба ҷойи даркорӣ бурдани танки сабуки вазни камтаринаш 5,8 тонна ҳавопаймои тамоман дигар зарур омад. Конструктор ба танк мустаҳкам намудани боли биплании фарохиаш 18 - метра ва думи душоҳтираро бо болу пар дарёфт. Дарозии конструксия бо думаш 12 метрро ташкил медод.

Қуттии биплании болҳо ва шоҳтири думи ҳавопаймо ба бадани (корпуси) танкҳо дар чаҳор нуқтаи боли поёнӣ насб карда мешуд, - тасвир намудааст нақшаи А – 40 – ро биографи Антонов Николай Якубович. – Барои паст кардани муқовимати аэродинамикии ҳаво манора вақти васли планёр дар танк бо тӯп ақибнокӣ яла мешуд». Албатта онҳо мақсади бо тӯп дар ҳаво тир парронданро надоштанд. Дар дохили танк ҳавонавард – ронанда менишаст, ки маҳалро тавассути дастгоҳи махсуси оптикӣ мушоҳида мекард. 

Танки паррон винт (парра) надошт ва бояд онро ҳавопаймои вазнин кашида, ба ҳаракат медаровард. Нависанда Виктор Суворов дар китоби худ «Яхшикан» («Ледокол») зикр менамояд: «Пеш аз фурудоӣ ба замин муҳаррики танк ба кор медаромад ва тасмачарх бо суръати максималӣ тоб мехӯрд. Баъди фуруд омадан ба замин бояд болҳо ва дум аз танк ҷудо мешуданд».

саҳ 15 аз 60

Китобҳо

Flag Counter