ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 28 2016


22.04.1870 Владимир Улянов Ленин дар Симбирски Русия ба дунё омад. Соли 1887 ба Донишгоҳи шаҳри Қазон дохил шуд. Дар Донишгоҳ ба фаъолияти инқилобӣ шурӯъ карда, бо ин «ҷурм» аз Донишгоҳ хориҷ шуд. Ноябри с.1891 дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ба таври экстерн (фаврӣ) бо ихтисоси ҳуқуқшинос имтиҳон супорид ва соҳиби маълумоти олӣ шуд. Майи с.1895 бори аввал ба хориҷа рафта, бо Плеханов ва дигар лидерони ҷумбиши байналмилалии коргарӣ вохӯрд. Баъди бозгашт бо ҳамроҳии Мартов дастаҳои парокандаи марксистиро дар ҳаракати «Иттиҳоди мубориза барои озодии меҳнаткашон» муттаҳид сохт.

Душанбе, Апр 11 2016

8.04.1966.Брежнев ГенСеки Комитети марказии ҲКи СССР интихоб шуд.

Сешанбе, Март 15 2016

30.01.1937. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина Сарқонун (Конститутсия)-и худро қабул кард.

Сешанбе, Март 15 2016

5.02.1960. Дар СССР бо қарори КПСС Университети Дӯстии Халқҳо ба номи Патрис Лумумба ифтитоҳ ёфт. Донишгоҳро дар солҳои тӯлонӣ ҷавонони зиёде аз сар то сари ҷаҳон хатм карданд.

Сешанбе, Март 15 2016

12.02.1941. Фармондеҳии артиши Олмон ба ҷамъоварии нирӯҳои худ дар сарҳади ғарбии СССР оғоз намуд.

Сешанбе, Март 15 2016

19.02.1954. Раёсати Шӯрои Олии СССР бо қарори махсуси худ вилояти Қримро аз ҳайати РСФСР баровард ва ба Украина ҳамроҳ кард. Ин 1 навъ ҳадяи Хрушёв (ки худ зодаи ин ҷумҳурӣ буд) ба Украина шуд.

саҳ 29 аз 30

Китобҳо

Flag Counter