ХАБАРИ ДОҒ

Аз «Атоммаш» то қатли Амин

  • Панҷшанбе, Янв 04 2018


27.12.1938. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ таъсис дода шуд. Ин унвон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ баробар буд, бо ин тафовут, ки танҳо ба қаҳрамонони майдони меҳнат дода мешуд.
27.12.1968. Чин бомбаи гидрогениашро сохт ва бо муваффақият озмоиш кард.
27.12.1976. Дар СССР аввалин комплекси истеҳсолии корхонаи мошинсозии атомӣ-"Атоммаш" ба истифода дода шуд. Атоммаш дар шаҳри Волго-Донск воқеъ гардида буд ва бузургтарин корхонаи мошинсозии атомӣ дар кишвар маҳсуб меёфт.

27.12.1979. Гурӯҳҳои зудамали ГРУ ва КГБ СССР дар Кобул қароргоҳи роҳбари Афғонистон Ҳафизуллоҳ Аминро тасхир намуданд. Дар натиҷа Амин ва бештари наздиконаш ба ҳалокат расиданд ва Бабрак Кармал ба сари қудрат омад.
28.12.1974. Заминларзаи шадид дар Покистон. Дар натиҷаи ин заминларза зиёда аз 5200 нафар покистонӣ ҷони худро бохтанд. 28.12.1994. Ифтитоҳи аввалин Конфронси байналмилалии шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Беларус ва Украина. Конфронс аз ҷониби Иттиҳоди шаҳрвандии Русия ва Ҳизби аксарияти рус роҳандозӣ гардид ва аъзои он қарор доданд барои баргузории раъйпурсии мардумӣ дар масъалаи таъсиси иттиҳоди нави иқтисодӣ, сиёсӣ ва мудофиавӣ миёни кишварҳои собиқи Иттиҳод иқдом намоянд.
29.12.1927. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин коммунаи кӯдакона таъсис дода шуд. Ин коммуна номи Феликс Дзержинскийро гирифт ва роҳбариашро омӯзгори варзидаи шӯравӣ Антон Макаренко ба ӯҳда дошт.
30.12.1922. Анҷумани I-уми Умумииттиҳодии Шӯроҳо Декларатсияи таъсиси кишвари ҷадид Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистиро қабул кард. 
31.12.1917. Шӯрои Комиссарони Халқи РСФСР соҳибистиқлолии Финляндияро ба расмият шинохт ва ин кишвар аз тобеъияти Русия хориҷ гардид.
31.12.1939. Дар СССР канали калони Фарғона сохта ба истифода дода шуд. Ин канал, ки ба номи Сталин гузошта шуд, нақши вежа дар рушди хоҷагии қишлоқи минтақа дошт ва заминҳои шимоли Тоҷикистонро низ обёрӣ мекард.
1.01.1934. Дар Ленинград болшевики собиқадор Сергей Киров ба қатл расид. Тибқи баъзе назарҳо қатли Киров супоришӣ буд ва аз ҷониби Сталин супориш шуда буд.
1.021.1961. Дар СССР ислоҳоти пулӣ роҳандозӣ гардид. Пулҳои кӯҳна ба пули нав бо қимати 1:10 амалӣ мешуд.
1.01.1972. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ қурби расмии рубл ба доллари амрикоӣ тағйир дода шуд. Бо ин қурб 100 доллар 62 рублу 90 тин арзиш дошт.
2.01.1992. Дар СССР ваколатҳои депутатҳои мардумии кишвар қатъ карда шуданд.
М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter