ХАБАРИ ДОҒ

Аз шанбегии доҳӣ то эълони Ватикан

  • Чоршанбе, Апр 18 2018


12.04.1918. Дар РСФСР Декрети Шӯрои Комиссариати Халқӣ ба тасвиб расид, ки тибқи он тамоми ҳайкалҳои хонадони шоҳӣ ва ходимони низоми собиқ барканда, ба ҷояшон ҳайкалҳои ходимони Инқилоби сотсиалистӣ насб гарданд.

12.04.1919. Дар Маскав, дар истгоҳи роҳи оҳани "Москва-Сортировочная" аввалин шанбегии коммунистӣ доир шуд. Дар ин шанбегӣ роҳбарияти ҳизби болшевикӣ, аз ҷумла, раиси ШКХ Владимир Ленин ширкат варзиданд.
12.04.1949. Дар шаҳри Маскав сохтмони бинои асосии ДДМ (МГУ) оғоз гардид. Бинои мазкур дар кӯҳҳои Воробёви Маскав сохта шуда, яке аз зеботарин биноҳои пойтахти СССР ба шумор мерафт.

12.04.1984. СССР эълон кард, ки ба маълумоти миёнаи 11-сола мегузарад. Аз ин ба баъд мактаббачагони шӯравӣ мебоист 11 сол таҳсил мекарданд.
13.04.1941.СССР бо Япония созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расонид. Япония ба қарордоди созишнома содиқ монд ва ба СССР ҳуҷум накард, лек тарафи шӯравӣ ба ин қарордод пойбанд намонд ва с.1945 онро лағв ва бо Япония ҷанг эълон намуд.
13.04.1959. Папаи Рум дар Ватикан ба тамоми католикҳои дунё эълон кард, ки дар ҳеҷ овоздиҳӣ ба тарафдории коммунистон раъй надиҳанд.
14.04.1918. Дар РСФСР бо қарори КМИ дирафши сурх, парчами давлатии аввалин кишвари Шӯроҳо эълон карда шуд.
14.04.1923. Дар Маскав нашриёти “Дониш” (Наука) таъсис дода шуд. Он ба нашри китобҳои илмӣ машғул буд ва матолиби зиёди ҷолиберо нашр мекард.
14.04.1961.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони "Летчик-кайҳоннаварди СССР" таъсис дода шуд. Аввалин унвонро Юрий Гагарин соҳиб шуд.
14.04.1978. Дар пойтахти РСС Гурҷистон-шаҳри Тбилисӣ роҳпаймоии оммавии мардум бо талаби ба забони гурҷӣ додани мақоми давлатӣ доир шуд.
15.04.1919.Дар РСФСР бо декрети ШКХ системаи лагерҳои меҳнатӣ-ислоҳотӣ таъсис дода шуданд. Ин лагерҳо замони Сталин вусъати азиме пайдо намуда, сохтмонҳои бузурги шӯравиро бо нерӯи бепули корӣ таъмин мекарданд.
16.04.1917. Сарвари ҳизби болшевикӣ Владимир Ленин аз муҳоҷирати Аврупо ба Петроград баргашт. Ленинро анбӯҳи зиёди мардум дар истгоҳи Финляндия-Петроград истиқбол намуданд.
16.04.1922. СССР бо Олмон созишномаи Рапаллро ба имзо расонид. Он миёни 2 кишвар муносибати дипломатиро барқарор намуд.
16.04.1934.Дар СССР бо қарори КИМ унвони фахрии "Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ" таъсис дода шуд.
16.04.1945.Оғози амалиёти Берлини Артиши Сурх дар рафти ҶБВ. Ин амалиёт яке аз бузургтарин набардҳои ҷанг аст, ки бо суқути пойтахти Рейхи 3-ум оварда расонид.
17.04.1968.Дар ТВи Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин барномаи "Дар олами ҳайвонот" (В мире животных) ба намоиш баромад. Он яке аз дӯстдоштатарин барномаҳо миёни мардум, дар собиқ СССР маҳсуб меёфт.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter