ХАБАРИ ДОҒ

Нишастҳои «ОПТОМ» (Ба таваҷҷӯҳи роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент)

  • Душанбе, Авг 22 2016

Барои нахустин маротиба дар ш.Панҷакент нишастҳои матбуотӣ, ки тибқи амри Президенти кишвар соле 2 маротиба, бояд роҳбарони ташкилоту корхонаҳо бо рӯзноманигорон доир намоянд, имсол баргузор нагардид!!!

 

Нишастҳои матбуотӣ қаблан дар 3 моҳ 1 бор баргузор мегардид, аммо баъдан ба 2 маротиба, яъне дар 6 моҳ 1 бор оварда расонида шуд. Дар аввал ҳам шеваи нишастҳо гуногун буданд, ин ё он роҳбар, вазир, раис ҳатто ба нишастҳои матбуотии ниҳодҳои худ аз тарси саволҳои «ноҷо»-и журналистон намеомаданд. Вале вақтҳои охир мушоҳида мешавад, ки бисёре аз шахсони аввали ин ё он вазорат, мақомот, корхона ва ниҳодҳои қудратӣ худашон бо рӯзноманигорон нишастҳои матбуотӣ мегузаронанд. Воқеан чаро не? Агар кадом як роҳбаре дар вазифааш мушкиле ё камбудие надошта бошад, чаро тарсад?

Дар Панҷакент чӣ гап?

Дар Панҷакент ҳам ҳар сол масъалаи проблемаи гузаронидани нишастҳои матбуотӣ расонаӣ мегардад. 5-6 соли охир ягон маротиба, ягон мақомоти қудратии Панҷакент, чи прокуратураву чи милитсия, чи суду чи корупсия, боре ҳам рӯзноманигоронро ба ягон нишасти матбуотӣ даъват накардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар дигар манотиқи кишвар ин ниҳодҳо нишастҳои матбуотӣ мегузаронанд! Сабаб дар чист, ба мо муаммо?!

Ин мушкилотро ба роҳбари собиқи ш.Панҷакент ҳам гуфта будем ва ӯ ҳар бор супориш медод, ки бо журналистон вохӯреду аммо касе амрашро иҷро намекард.

Нишастҳои матбуотии нимсолаи соли 2016 дар ш.Панҷакент танҳо бо раиси шаҳр Ислом Зиёзода, санаи 14.07.2016 ва раёсати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент баргузор шуду халос... Дар нишасти матбуотии раиси шаҳр ҳам хабарнигори СССР вобаста ба сатҳи ҷинояткорӣ дар Панҷакент ба Ислом Зиёзода суол карда гуфта буд, ки бо мақомоти қудратӣ нишаст намегузарад ва ба ин савол шумо ҷавоб диҳед...

Бузак-бузак намур…

Дар ҷавоб раиси шаҳр ба масъулин супориш дода буд, ки бо ҳама сохторҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор кунед! Аммо баракси супориши раиси шаҳр имсол бо ягон ниҳод, корхона ва муассиса нишастҳои матбуотӣ бо журналистон доир нашуд! Дар ин маврид масъулини ниҳодҳои қудратии шаҳру ноҳия аз амри Президент сарпечӣ карданд, ё чизи дигар, намедонам. Аз ҳукумати ш.Панҷакент касе ба ин саволи мо, ки чаро нишастҳои матбуотӣ баргузор нашуд, посух нагуфтанд. Роҳбари дастгоҳи раиси ш.Панҷакент Умедҷон Ҳабибов гуфт, дар беморхона асту ин саволро аз муовини соҳавӣ бояд пурсам. Мудири шӯъбаи идеологияи дастгоҳи раиси шаҳр Шоҳида Худойбердиева, дар ҳамин ҳол гуфт, ки нишасти нимсолаи 2016 умумӣ буд. Яъне ҳама соҳаҳоро якҷоя бо ширкати раиси шаҳр гузаронидем. Акнун дар ҷамъбасти сол нишастҳои матбуотии 30-35-соҳаро алоҳида мегузаронем.

Сарпечӣ аз нишастҳо пӯшиши камбуди масъулин?

Баргузор кардани нишастҳои матбуотӣ ба воситаи журналистон огоҳ кардани фаъолияти кории тамоми ниҳодҳои давлатист. Зеро мардум донистан мехоҳад, ки чиновникҳои муҳтарами мо дар сари вазифа ба чи кор машғуланду чи пешрафте барои ин Ватан кардан доранд. Масъулин ӯҳдадор ҳам ҳастанд, ки дар назди халқ ҳисобот диҳанд. Фармони Президенти ҶТ роҷеъ ба баргузории нишастҳои матбуотӣ низ маҳз ҳамин мантиқро талаб мекард. Вале имрӯз мебинем, барои пӯшонидани қубҳу камбуди кори хеш ва ҳимояи манфиатҳои индивидуалӣ роҳбарони ниҳодҳо дар музофот пресс-конфронсҳоро баргузор намекунанд. Зимнан умедворем, ки пас аз дахолати бевоситаи Шумо, мӯҳтарама Озода Раҳмон масъулин дар шаҳру навоҳии дурдасти кишвар ҳатман нишастҳои матбуотиро доир кардаву дар пеши мардум, тавассути сӯҳбат бо журналистон, аз кору фаолияти худ ҳисобот медиҳанд. Мо метавонем!!!

Хуршед Фозилов,

Панҷакент, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter