ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 27 2019


Маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар хушбоду ҳаво ва сабзу хуррам асту сокинон омодагии ҷиддӣ ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» доранд. Бояд қайд кард, ки шаҳри Бохтар рӯз то рӯз мисли гул баҳорӣ шукуфтан дорад, бовар надоред? Пас метавонед аз дурбини мухбири СССР ин ҳамаро бинед!
Бояд гуфт, ки шаҳрдори маркази вилояти Хатлон Исмоилзода Абдуалим субҳи кориашро аз ободонӣ шуруъ кардаву ҳар 1 гулу гиёҳро шахсан назорат мекунад, ҳатто теъдоди гулҳои шукуфтаву ношукуфтаро аз ёд медонад. Барои ҳусни хоса бахшидан ба шаҳр бо супориши шаҳрдор гулҳои махсус аз хориҷа оварда, дар хиёбони марказии шаҳр шинонда шудааст, ки симои марказ ба шаҳрҳои Аврупо монанд мегардад. Таъмиру азнавсозии роҳҳои ҳудуди шаҳр ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани онҳо дар маҳаки асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бохтар ва сохторҳои дахлдори соҳа қарор дошта, танҳо соли гузашта бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беш аз 15,8 км чароғонкунии кӯчаҳо, азнавсозӣ ва таъмири роҳу роҳравҳо 38,1 км ва 2 адад пул сохта шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бохтар дар самти назорати давлатии истифода ва захираҳои об низ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Тибқи талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва Кодекси оби ҶТ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, истифодаи оқилона ва тоза нигоҳдории манбаъҳои обӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои шаҳрӣ, корҳои ташвиқотиву тарғиботии судманд тавассути ВАО сурат гирифтаанд. Айни замон дар тамоми гӯшаю канори ш.Бохтар корҳои ободониву сабзкорӣ давом ёфта, сокинони шаҳр бо азму иродаи хеш ба ҳашару шанбегиҳо баромада, дар рушду нумӯи он саҳми худро мегузоранд. Ба хотири зебоии шаҳр бо дастури раис гулу буттаҳо ва ниҳолҳои кастонаву дигар намуди дарахтони ороишӣ аз хориҷи мамлакат оварда, дар хиёбонҳои шаҳр шинонида шудаанд.
Шаҳри Бохтар ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» комилан омодагӣ гирифта, ҳамчун тӯҳфа 19 иншооти навро омода кардааст, ки ҳалолашон бод!

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, Фев 27 2019


1 ҳафта мешавад, ки дар саҳифаҳои сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре аз нишасти матбуотии раиси ш.Истаравшан Баҳром Иноятзода дар мавриди баста шудани масҷидҳои ин шаҳр чарх мезанад. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки дар тӯли 2 соли охир дар Истаравшан фаъолияти 36 масҷид қатъ гардида, бино ба гуфтаи раиси шаҳр дар соли 2017 фаъолияти 24 масҷид ва дар соли 2018 фаъолияти 12 масҷид қатъ карда шуд. Ин ягон хабари такондиҳанда ва ғайриоддӣ нест, ки боиси сар задани ин қадар ҳаёҳӯй бошад, зеро ҳамасола пас аз санҷишҳои назоратии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ садҳо масҷиди ба талабот ҷавобгӯ набуда баста ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ мубаддал мегарданд. Ба ин метавонад мисол шаҳри дигари вилояти суғд-Исфара бошад, ки дар муддати 2-3 соли охир фаъолияти 52 масҷид манъ ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил дода шудаанд.
Ҳаёҳӯй-ажиотаж аниқтараш сари гуфтаҳои дигари Баҳром Иноятзода дар мавриди масҷидҳо меравад, ки дар саҳифаи яке аз сомонаҳои хабарии Тоҷик нашр шудааст:-“Касе масҷид даромада бо фикри солим аз он ҷо набаромадааст. Аксар ҷавононе, ки имрӯз ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд, ҳамааш аз фикрҳои носолим сарчашма гирифтааст ва ин гуна фикрҳо ҳамааш аз масҷид дар сари онҳо ҷой шудааст. Мо бояд ба ҷои ҷавонони масҷидравро зиёд кардан, сафи донишҷӯён ва кормандонро зиёд кунем. Танҳо соли 2018 1120 нафар ҷавононе, ки ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуда натавонистанд, бекоранд. Аз ин рӯ масҷид не, мактабро бояд зиёд кард”-чунин омадааст дар хабар аз номи раиси Иноятзода.
 
Дурӯғи фейкие, ки сенсатсия шуд
Маҳз ҳамин қисмати хабар боиси сар задани баҳсу талош ва ҳатто то ҷое даъво низ шуда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ яке дигареро ба қавле «мехӯрд»-дашном медоду таҳдиду таҳқир менамуд ва беш аз ҳама Баҳром Иноятзода мавриди тозиёнаи бештари танқиду таҳқир қарор дошт. Чанд нафар ба идораи ҳафтаномаи мо-СССР низ занг зада фикру ақидаи хешро дар ин бора баён намуданду мо тасмим гирифтем асли воқеаро аз худи Иноятзода пурсон шавем. Раиси ш.Истаравшан дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР дар ш.Хуҷанд таъкид намуд, ки гуфтаҳояшро журналистон дигар хел фаҳмидаву навиштаанду эшон зимни ҷавоби худ ба суоли хабарнигорон масҷидҳои дохилиро дар назар надошт.
-Бубинед, дар с.2018 дар ш.Истаравшан 1200 ҷавони бекор ва бе шуғл ба қайд гирифта шуда, аз тарафи МИҲД дар ш.Истаравшан ҳамаи онҳо пайваста ба чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии шаҳр даъват карда мешаванд. Пайвастани аксарияти ҷавонони истаравшанӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданашон сурат гирифтааст. Маълум аст, ҷавон, ки бекор монда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар меравад, зери таъсири омилҳои гуногун зуд ба доми фиреб афтода, ба ҳар гуна гурӯҳу ҳизбҳои террористиву экстремистӣ ҳамроҳ мешавад. Дур будан аз таҳсилу бекорӣ ва назорати падару модар ҷавононро хеле зуд фирефтаи ҳар гуна таъсири берунаву бегона мекунад ва гоҳо масҷидҳои бархе аз кишварҳои хориҷи наздик-дар ин бора мо ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма мебинему мешунавем, низ маҳз макони ифротгароӣ шудааст, манзури ман ҳамин буд,-гуфт Баҳром Иноятзода.
Воқеан ҳам, мантиқан агар гирем, масҷид ба миллати мо лозим аст, ё мактаб? Мактаб барои ҳар нафар дари илму ҳунар, донишу хирадро боз мекунад. Одам донишманду хирадманд, ки шуд, худ интихоб мекунад, кадом масҷид раваду чӣ кореро сомон диҳад. Ё не? Бедонишӣ дарҳои ифротро ба рӯи мардум мекушояд. Бубинед, ки мусалмонон дар сартосари қораи араб ба ҳамдигар ҷиҳод эълон кардаву хуни муслимин мерезанд. Зимнан, он нафароне, ки дар мантиқи афзоиши мактаб душманӣ бо масҷидро дидаву мардумро таҳрик медиҳанд, худ фанат, мутаассиб ва душмани дини исломанд, зеро пайғамбари мо сареҳатан гуфтааст:
-Аз гаҳвора то гӯр дониш омӯз!
Магар донишро дар мактаб намегиранд? Мактаб душмани масҷид не, душмани ифротгароёну мубаллиғини экстремизм аст. Мо метавонем!

Ҷ.Ҳусейн
СССР, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

Ҷумъа, Фев 22 2019


Парламенти Тоҷикистон дар иҷлосияи ахири худ (20.02.2019) протокол оид ба ворид кардани илова ба созишномаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи гузаргоҳҳои марзии давлатиро ба тасвиб расонд, ки тибқи он гузаргоҳи нави "Ҳисор-Боботоғ" ба унвони 13-умин гузаргоҳ миёни 2 кишвар мавриди истифода қарор мегирад. Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тарҳи протоколи гузаргоҳи мазкурро дар ҳузури вакилони мардумӣ муаррифӣ намуд. Тазаккур бояд дод, ки ин гузаргоҳ дар 60-километрии ғарби ш.Душанбе воқеъ аст ва н.Ҳисорро бо минтақаи Боботоғи вил.Сурхандарёи Узбекистон мепайвандад.

Панҷшанбе, Фев 21 2019


   Тибқи қарори нави Ҳукумати ҶТ, ки санаи 9.02.2019 ба тасвиб расидааст, шаҳрвандоне, ки шиносномаҳои нави пластикӣ надоранд, бояд шиносномаи нав гирифта, сипас сим-кортҳои худро дубора сабт намоянд. Яъне, акнун хариду фурӯши сим-кортҳо ва аз сари нав ба қайдгирии онҳо танҳо тавассути шиносномаҳои пластикӣ сурат хоҳад гирифт.
   Матни қарори мазкур рӯзи 15.02.2019 дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" зери унвони "Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он" ба нашр расид ва дар он талаботи нави гирифтани симкортҳои телефонҳои мобилӣ зикр шудааст. Бо ин қарор ба Хадамоти алоқа дастур дода шудааст, ки барои ба номи 1 шахс ба расмият даровардани на зиёда аз 2 симкорт ва сабти дигарбораи симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чора андешад.

Панҷшанбе, Фев 21 2019


Шурӯъ аз 11.02.2019 дар хатсайри микроавтобуси №4 (маҳаллаи Чиноро - маҳаллаи Пролетар) фаъолияти микроавтобусҳо манъ гардида, хизматрасонӣ тариқи автобусҳои тамғаи «Акиа» ба роҳ монда шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҳамакнун аз хизматрасонии хатсайриавтобусии №4 (Терминали Шарқ-Транс - ҶДММ «Маром») истифода баранд.

Душанбе, Фев 18 2019


   Тибқи Нақшаи генералии ш.Турсунзода ба ҷойи бозори марказии шаҳр боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд гашта, бо ҳамин мақсад ин бозор дар ояндаи наздик тахриб хоҳад шуд. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Абдулқодир Вализода, раиси ш.Турсунзода рӯзи 12.02.2019 зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
   Вобаста ба вазъи нороҳаткунандаи санитариву эпидемиологии ин бозор, ки аз ҷониби хабарнигори ҳафтаномаи СССР ба миён гузошта шуд, Абдулқодир Вализода ба сохторҳои марбута дастур дод, ки бори дигар ин проблемаро бардошта, масъулонро водор созанд, ки аз пайи тоза кардани бозор шаванд.

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

саҳ 18 аз 113

Китобҳо

Flag Counter