Пагоҳ, 6.04.2019 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ аз соати 8:00 то 12:00 зери шиори «Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ» дар Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи гастроэнтологияи ҶТ» чорабинии умумиҷумҳуриявӣ баргузор хоҳад гашт.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассиса ва ё муассисаҳои тандурустии макони зисташон дар шаҳру ноҳияҳо метавонанд бо машварат ва ташхиси ройгони муттахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.
Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи гастроэнтологияи ҶТ» дар суроғаи ш.Душанбе, к.Маяковский-2, рӯбарӯи бинои сафорати Ҷумҳурии Олмон дар ҶТ воқеъ аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт сар аз 10.04.2019 фаъолияти хатсайри микроавтобусии №67 (маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин) қатъ карда шуда, шумораи автобусҳои хатсайри №4 (Терминали Шарқ-Транс -ҶДММ «Маром»), ки роҳу кӯча ва маҳаллаҳои хатсайри №67-ро такрор менамояд, зиёд карда мешавад.
Инчунин, шурӯъ аз 10.04.2019 дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ-маҳаллаи Пахтакор) фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонии ин хатсайр пурра тариқи автобусҳо ба роҳ монда мешавад.
Аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони ш.Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир дар хатсайрҳои №№4 ва10 истифода баранд.
Мавсими сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ фаро расид. Бо ин мақсад 4.04.2019 таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» дар варзишгоҳи нави Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав чорабини васеъ ҷараён гирифт. Ҷавонони даъватшаванда аз назди бинои комиссарияти ҳарбии вил.Хатлон то назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ омада, ҳамчун рамзи эҳтиром гулчамбар гузоштанд. Сипас раҳпаймоии ҷавонон то макони баргузории чорабинӣ идома кард. Дар ҷамъомад раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон, роҳбарияти ш.Бохтар, намояндагони ташкилоту муассисаҳои дахлдор, комиссарони шаҳру навоҳӣ бо гурӯҳи ҷавонони даъватшаванда, волидайни наваскарон, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр иштироки фаъолона доштанд. Аз ҷониби раиси вилоят ба навдаъватшавандаҳо туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супурда шуд…
Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон
Масъулини Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон иттиллоъ медиҳанд, ки дар 2 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 529 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 ҳолат зиёд мебошад. Аксарияти ҳолатҳои бекор карда ақди никоҳ бо тариқи додгоҳ шудааст. Бояд қайд намуд, ки баъди пош хурдани оилаҳо 471 кӯдак аз тарбия яке аз волидони худ маҳрум шудаанд.
Бештар ҷудошавии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Кӯлоб, Ҷалолидини Балхӣ, Кушониён ва Фархор ба қайд гирифта шудааст.
Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон
Сардори шӯъбаи ичтимои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон, Бабаев Муҳамадалӣ дар сӯҳбат бо мухбири СССР хабар дод, ки дар 2 моҳи аввали соли 2019 дар манотиқи вилоят 16,389 тифл ба дунё омадааст, ки нисбат 2 моҳи соли 2018, 1307 нафар зиёд аст.
Бояд қайд намуд, ки дар ин муддат 124 кӯдакони навзод фавтиданд, ки нисбати соли гузаштаи ҳамин давра 15 нафар кам мебошад. Таваллуд бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Кушониён, Восеъ, Кӯлоб, Данғара, Фархор ва Мир Сайид Али Ҳамадонӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар рӯзҳои сербориш хеле эҳтиёткор бошанд ва бесабаб ба сӯи роҳҳои кӯҳӣ ва саҳро роҳ пеш нагиранд, зеро боришоти пайваста дар гӯшаву канори кишвар метавонад сабабгори рух задани ҳодисаҳои нохӯш шавад. Аввали баҳор рӯзҳои сербориши соланд ва шаҳрвандонро лозим аст дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.
Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар то охири ҳафта ҳавои номусоиду сербориш боқӣ мемонад. Дар манотиқи кӯҳии кишвар борон шиддат мегирад, омади сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо истисно нест. Дар роҳҳои куҳӣ лағзиши тарма низ эҳтимол дорад. Шиддати беш аз ҳадди интизори борон дар куҳҳо ва теппаҳо боиси фарсоиши хок ва ҳаракати он мешавад, сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, ҳавзҳову обанборҳо боло меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо маъмулан хатари резиши санг, лағзиши тарма ва омадани сел зиёд аст.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи мазкур хабар доданд, ғайр аз ин боронҳои пайдарпай боранда метавонанд якбора сатҳи об дар рӯдхонаҳои манотиқи баланкуҳ ва тезҷараёнро боло баранд. Дар ин гуна ҳолатҳо хатари зери об мондани киштзорҳо ва вайрон шудани пулҳои осебпазир зиёд аст.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Хитоиҳо замини моро заҳролуд мекунанд… Назар
- 20 млн.Еврои ИА ва KfW барои бунёди НБО дар Бадахшон Назар
- Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Душанбе Назар
- Соли таъмири мактабҳо! Назар
- Юбилейи Маэстро… Назар
- Тоир Раҷабов: «Назарияҳои Нютону Эйнштейн аз танқид холӣ нест!» Назар
- Истаравшан: Баландошёна ҷойи «Гулбоғи адибон»… Назар
- ДИДОРҲО БА ҚИЁМАТ: ХОНАИ ОХИРАТАТ ОБОД БОШАД, ВАЛИҶОН! Назар
- Муаррифии китоби Зиҷи радиометеорҳои Тоҷикистон Назар
- “Юнистрим” ҳаққи хизматрасониро барои Тоҷикистон коҳиш дод Назар
- Нурали Хоркашев: РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ “МИЛЛӢ" -И ТОШКАНД… Назар
- БМТ: интиқоли маблағ дар тамоми кишвар тавассути операторони “Юнистрим” ва “Контакт” бемамониат ва бемаҳдудият дастрас аст! Назар