ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 30 2017


Бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва иди Қурбон бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯзу пагоҳ иди харбузаву асал ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.
Иди асалу харбуза субҳи имрӯз аз соати соати 07-00 дар 4 минтақаи шаҳри Душанбе: Маҷмааи савдои «Меҳргон», кӯчаи Ҳусейнзода (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо» ва назди Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе» оғ гардид.
Дар иди харбузаву асал ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ  беҳтарин кишоварзони ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Ба иттилои манбаъ, барои бошукӯҳ гузаштани ин намоишҳо озмун эълон гаштааст. Дар озмун беҳтарин истеҳсолкунандагон иштирок намуда, маҳсулоти хешро пешкаши аҳолии пойтахт мегардонанд.

СССР



Ҷумъа, Авг 25 2017


Он камбудӣ, зиёдаравию қонуншиканиҳое, ки дар тӯйю маъракаҳои мардуми қаторӣ ба назар мерасанд, сараввал ва бештар бо айби аксарияти мансабдорон, масъулони танзим, сархатибони масҷидҳо, раисони маҳалла, муллоҳои гузару кӯчаву тангкӯчаҳо сар мезананд. Мардум 2-3 хӯрокро пинҳонӣ барои ин қабил шахсони «патриот» омода мекунанд. Инҳо дар маъракаҳои шахсони доро хӯроки 1-у 2-ум…ро хӯрда, дуо карда, оҳиста, хапу дам баромада мераванд. Вале масъулони танзим дар маъракаҳои мардуми қаторӣ ва камбизоатон аз таги нохун чирк мекобанд. Агар қонуншиканиҳоеро парванда мекунанд, гувоҳи он аст, ки гунаҳкорон «доля»-и танзимро надодаанд…
Аз намоишҳои телевизионӣ бояд чунин хулоса кард, ки қонуншиканӣ маҳз аз ҷониби бойбачаҳо рӯй медиҳад, зеро онҳо масту аласт бо мошинҳои иномаркаи гаронарзиш дар кӯчаҳои пойтахт «газ»-у «кокс» дода, воҳима карда мегарданд ва касе сади роҳи онҳо намешавад. Вале дар ҳисоботҳои оморӣ фақат мардуми қаторӣ ҷарима шудаасту халос. Агар муллоҳои маҳаллаҳо, кӯчаю гузарҳо 1 маротиба самимӣ (на риёкорона) ба мардум фаҳмонанд, ки нисбати танзим зиёдаравӣ накунанд, ин масъалаҳо ҳалли худро зуд меёбад. Қонуни танзим айбе надорад, ҳар айбе ҳаст дар масъулони танзим аст. Ман таклиф ва пешниҳод мекунам, ҷои пардохти иҷозатномаҳое, ки қабл аз баргузории тӯйҳо аз танзими назди ҷамоатҳо дода мешавад, аз мардуми камбизоат наситонанд. Ин пулро барои обунаи ин ё он рӯзномаю маҷаллаҳо равона кунанду мардумро газитхону босавод! Нисбати масъулони танзим низ чораҳо андешида шавад, то аз вазифаҳои бар дӯш доштаи худ суистифода накарда, ба тақаллубкорӣ роҳ надода, ҳамаро ба 1 чашм бинанд. Зеро Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо» ба мардуми камбизоат бояд сабукӣ орад, на вазнинӣ. Мо метавонем!

Табаралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

Панҷшанбе, Авг 24 2017


Минбаъд тамоми маросими баргузории  дафну азодорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бидуни забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Ин раванд тибқи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сурат мегирад, ки он дирӯз аз ҷониби вакилони Парлумони мамлакат қабул гардид. Аз ҷумла,  маросимҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон  дар Тоҷикистон  баргузории маъракаи «ҳоҷизиёрат» аз ин  ба баъд манъ гардида, дар оянда тартиби сафари шаҳрвандони Тоҷикистонро барои  адои ҳаҷҷи фарзӣ ва умра Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

СССР

Панҷшанбе, Авг 24 2017


Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбонро муайан кард ва имсол Иди Қурбон чун дигар кишварҳои мусалмонӣ рӯзи 1 сентябр қайд карда мешавад.
1 сентябр соати 6:30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди саиди Қурбон баргузор мегардад.
Соли равон санаи таҷлили иди саиди Қурбон мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.

СССР

Чоршанбе, Авг 23 2017


Субҳи имрӯз, 23 август раиси ноҳияи Бохтар-Ҷаббори Ғаффор ба маъюбони ноҳия маводи хӯрока ва барои пухтани шириниҳо духовка ҳадя кард. Раиси ноҳия дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки шарту шароит ва зисту зиндагонии тамоми табақаҳои ҷомеа дар мадди назар буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимону бепарасторон, ки беш аз 300 нафаранд, тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намудаем ва ин иқдоми нек то 26-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Душанбе, Авг 21 2017


Муҳтарам намояндагони мардумӣ! Аз январи соли равон Қонун дар бораи нафақа ба ҳукми амал даромад. Аз ин Қонун собиқадорон умеди калон доштанд, аммо афсӯс, ки Қонуни мазкур боиси фақру заҷри ҳазорон собиқадорони меҳнат шудааст. Барои муътамад ва муассир гардидани номаи дод аз номи ҳама ҷабрдидагон шикваи нафақахӯреро ҳамчун нутқи айнан нақлшуда меоварам.
«...Бештар аз 40 сол ҳамчун педагог ва баъдан корманди соҳаи идеологӣ содиқонаву самимона хидмат намудам. Дар мушкилтарин солҳои баъдиистиқлолӣ, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ рост омад, сабру тоқат карда, гоҳо бе маош низ ба хотири ояндаву таҳкими пояҳои Ватани тозаистиқлоламон заҳмат кашидам. Чунки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон сахт боварӣ доштам. Оғози сол 63 сола шудам. Роҳбарияти яке аз дастгоҳҳои пурқудрати идеологӣ, ки он ҷо фаъолият доштам, 1 гулдастаро бароям дареғ дошта, огоҳам карданд, ки дигар ба кор набароям. Тибқи қонуни нави ба тасвибрасонидаи шумо нафақаам 350 сомонӣ муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки ҳамкору ҳамкурсам 1 моҳ пеш, яъне то қабули қонун бо ҳамин собиқаи корӣ 750 сомонӣ нафақа мегирад. Агар дар гузашта нафақа то 80%-и маошро ташкил медод, ҳоло бошад тақрибан 30%-и маош ё окладро ташкил медиҳад.
Намояндагони мардумӣ! Биёед, ҳисоб кунем, нафақаи ман ба чӣ мерасад? 200 сомонияш пули обу барқу партоб ва ғайра, 150 сомонияш 1 халта орд ва тамом. Ману мобаринҳо дар сари пириямон бояд дору нахарем, либос нахарем, сафар накунем, истироҳат нараве? Дар бораи сабади истеъмолӣ бошад умуман ҳарф намезанам. Орзуву умеди давлати пирӣ рондан доштам... Мо нафақахӯр не, мо зиндадаргӯрем».
Ҳарфе ба нома изофа накарда ҷавоби Намояндагони мардумиро интизорем.


Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
журналист

саҳ 107 аз 156

Китобҳо

Flag Counter