ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Апр 19 2016

Агентии «Тоҷикстандарт» воридоти тухм ва пӯсти мурғро ба Тоҷикистон манъ намудааст ва ин қарор барои тамоми воридкунандагони дохилу хориҷи кишвар, ки ин гуна маҳсулотро меоранд, дахл дорад.

Панҷшанбе, Апр 14 2016

Бархе бо марг зиндагӣ мекунанд ва бархе дар баробари марг.

Панҷшанбе, Апр 14 2016

Меҳмонхонаи «Душанбе – Серена» аз ҷониби комиссияи махсуси шаҳрдорӣ ғолиби озмуни «Беҳтарин меҳмонхонаи шаҳри Душанбе дар соли 2015» гашт.

Панҷшанбе, Апр 14 2016

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ғолибони озмуни шаҳрии «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2015» дар номинатсияҳои гуногун интихоб ва тасдиқ шуданд.

Панҷшанбе, Апр 14 2016

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ифтитоҳи ду хатсайри нав дар самти Душанбе –Кобул -Душанбе (Афғонистон) ва Душанбе –Лоҳур - Лоҳур (Покистон) эълон мекунад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба пойтахти Афғонистон ҳафтае як маротиба - рӯзи ҷумъа парвоз хоҳад кард. Хатсайри аввалин ба самти мазкур дар санаи 29 апрели соли 2016  иҷро мегардад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 18-55 ва аз Кобул ба Душанбе соати 21-00 бо вақти маҳаллӣ. Вақти парвоз 1 соатро дар бар мегирад.

 Чуноне ки ба мухбири СССР Тимур Бандишоев, котиби матбуотии ширкати «Сомон Эйр» хабар дод, парвозҳо ба Лоҳур ҳафтае 2 маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа амалӣ хоҳанд гашт. Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки дар самти Душанбе –Теҳрон -Душанбе низ парвозҳоро ба роҳ монад. Тамоми парвозҳо дар ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг 737 амалӣ хоҳанд гашт.

 Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

 СССР

 

 

Чоршанбе, Апр 13 2016

Ин садои гӯшхароши 10 - 15 кӯдаки 3-5 солаи дами дари масҷидҳост, ки даст ба дарюзагӣ дароз кардаанд:

саҳ 109 аз 112

Китобҳо

Flag Counter