ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Май 17 2016

Рӯзи 18 май аз соати 8.00 то соати 8.00 рӯзи 19 майи соли ҷорӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаи Бохтари пойтахт қатъ мегардад ва аз ин лиҳоз сокинони ин кӯчаи шаҳри Душанбе барои 1 шабонарӯз бояд миқдори лозимаи оби ошомиданиро захира намоянд.

Ҷумъа, Май 13 2016

ҶДММ «Таком», ки таҳти тамғаи тиҷоратии Beeline дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои алоқаро пешкаш мекунад, оид ба бартараф карда шудани оқибатҳои садама, ки рӯзи 9 май ҳангоми сел дар вилояти Суғд ба амал омад, узрпурсӣ мекунад.

Ҷумъа, Май 13 2016

Шаби 11 ба 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳру навоии кишвар боришоти аз меъёр зиёди борон ба қайд гирифта шуд, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ дар натиҷа хисорот ба бор овард.

Ҷумъа, Май 13 2016

Боронҳои пайдарпай ва омадани сел тайи 3 рӯзи охир дар шаҳри Панҷакент мушкилоти мардуми ин минтақаро боз ҳам бештар кардааст.

Панҷшанбе, Май 12 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки гуруҳҳои кории махсус дар тӯли 2 ҳафтаи оянда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ оид ба аз байн бурдани ҳолатҳои ошкоргардидаи ғасбу худсарона иҳотагирии  қитъаҳои замини назди биноҳои бисёрхонагию ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва бунёди иншооти ғайриқонунию ёрирасони ба фарҳанги шаҳрнишинӣ бегона ва гаражу дарахтони хушкида, инчунин ободонии намои биноҳо, роҳу ҳудуди маҳалҳо ва каналу селпартоҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ин дастур рӯзи 11 майи соли 2016 ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ, ки таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гашт, дода шуд.  

Сешанбе, Май 10 2016

126 моли майдаи мардум дар натиҷаи раъду барқ дар деҳаи Вешисти ҷамоати деҳои Ёрии шаҳри Панҷакент ҳалок шудаанд. Дар ин бора Ғайбулло Муҳаммадиев, сокини ин деҳа ба хабарнигори СССР иттилоъ дод. 

саҳ 105 аз 111

Китобҳо

Flag Counter