ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июн 27 2016

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ рӯзи 26.06.2016 ба фаъолияти хати обгузари Боғевдара - Хоруғ расман ифтитоҳ бахшид.

Душанбе, Июн 20 2016

Роҳбарияти КВД «Бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе баҳри ғановати дастархони рамазонии сокинони пойтахт саъю талош намуда пеш аз оғози моҳи шариф ба таври лозима маҳсулоти ниёзи аввалияро захира кардааст.

Ҷумъа, Июн 17 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и  шаҳри Душанбе  аз 15 июн то 15 июли соли 2016 озмун эълон менамояд. Қарори мазкури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин бора 12.06.2016 ба тасвиб расидааст. Айни замон роҳбарии  МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон”-ро  Ғаюрбек Искандаров бар дӯш дошта ҳанӯз 1 моҳ пеш ба ин мансаб таъин шуда буд.

Душанбе, Июн 13 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе талаб кардааст, ки фаъолияти худро дар мавзеъҳои оббозии сокинон тақвият бахшида барои манъ кардани оббозии шаҳрвандон дар назди каналу дарёҳои марзгузари шаҳр чораҳои лозима андешанд. Ӯ ин нуқтаро рӯзи 13 июни соли 2016 дар ҷаласаи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе зикр кардааст. 

Душанбе, Июн 13 2016

Вақте дар ноҳияи Восеъ мактаби куҳнаи Садиддин Айниро мебинӣ, чи гуна ором нишаста метавонӣ? Мактабе, ки бо як овозаву воҳимаи хоса пас аз чоп шудани мақолаҳои танқидӣ сохтмонаш оғоз ёфт.

Сешанбе, Июн 07 2016

(матни пурра аз сомонаи president.tj)

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ,

андозаи нафақа ва стипендия

саҳ 104 аз 113

Китобҳо

Flag Counter