1. Дуъои падару модар дар ҳаққи фарзанд.
2. Дуъои меҳмон дар ҳаққи хонадон.
3. Дуъои мусофир ҳангоми сафар.
Дигар бояд бидонед, ки Аллоҳ танҳо дуъои неконро қабул намекунад. Аллоҳ ба қадре меҳрубон аст, ки агар як одами ғайримусулмон ба сидқи дил ӯро бихонад дуъояшро қабул мекунад. Ба қавли Мавлоно Румӣ:
Гуфт ҳақ гар фосиқӣ, аҳли санам,
Чун маро хонӣ иҷобатҳо кунам.
Бинобар ин беҳтарин тадбир ин дуъо кардан аст. 2 бор – 3 бор дуъо кунед ва агар қабул нашуд, ноумед нашавед то матлаб ҳосил нашавад, дуъоро тарк накунед. Дар ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст, ки инсоне дуъо мекунад, ҳадафаш бароварда намешавад, бо худ мегӯяд, ки акнун чаро дуъо кунам, қабул намешавад, баъд дуъоро тарк мекунад. Ин тарзи тафаккур талқини шайтон аст.
Матлаби 2-юми ҳазрати Ъаллома ин аст, ки фарзандонро дилсӯзона, бо ихлос, меҳрубонона насиҳат кунед. Бидонед, ки фарзанд ба задан, ҳақорат кардан ислоҳ намешавад, роҳи ислоҳ ин насиҳат аст. Аммо насиҳат 2 бор – 3 бор кофӣ нест. Доиман ин равишро идома додан даркор аст ва рафта-рафта суханони шумо дар дилҳояшон асар хоҳад гузошт. Боз ҳам пеш аз насиҳат дуъо кунед:
Эй Аллоҳи меҳрубон, сухани маро муассир бигардон ва маро тавфиқ деҳ, ки онҳоро ба беҳтарини равиш насиҳат кунам. Паёмбарамон мефармояд, ки «дин ин насиҳат аст».
Насиҳати Луқмони ҳаким
Дар Қуръон яке аз насиҳатҳои дилсӯзона ва пандҳои дилпазири бандаи худро, ки ҳазрати Луқмон аст, ба тафсил (дар сураи Луқмон, аз ояти 15 то 19) барои уммати ислом нақл намудааст. Ҳазрати Луқмон яке аз беҳтарин улгуҳои падарони дилсӯз аст.
Ъаллома ибни Касири Димишқӣ ривояте овардааст, ки аз Луқмон пурсиданд, шумо чӣ гуна ба ин мақом расидед? Луқмон гуфт, корҳоеро, ки ман кардам агар шумо кунед, ба ин мақом мерасед.
1.Ҳифзи нигоҳ
2.Ҳифзи забон
3.Қаноъат бар ҳалол
4.Ҳифзи ъиффат
5.Сидқи гуфтор
6.Вафои бар ъаҳд
7.Гиромидошти меҳмон
8.Тарки кору сухани беҳуда
Хонандагони ъазиз, хуб диққат кунед ва фикр кунед, ки чи гуна 1 падари дилсӯз ва меҳрубон фарзандашро ба таври муқаррар (такроран) насиҳат мекунад. Чи гуна мекӯшад, ки бо хитоби дилпазири «эй писари ъазизам» ӯро барои пазириши насиҳат омода созед.
Бародарони азиз, як бор истода хуб фикр кунед, на худатон ба худ меоед, ки бояд насиҳат кунед, на фарзандонро тайёр кардед, ки то гӯшкунандаи насиҳат бошанд. Ба гуфтаи шайх Саъдӣ:
Мо насиҳат ба ҷои хеш кардем,
Рӯзгоре бад-ин ба сар бурдем.
Чун намояд ба гӯш рағбати кас,
Бар расулон паём бошаду бас.
Насиҳатҳои Луқмон дар оинаи Қурон:
1. Насиҳати Луқмон марбут ба ъақида (идея) аст. Гуфт:
Писарҷон, танҳо холиқу молики ҷаҳон худои яктост, ки шарик надорад дар ибодати ӯ касеро ё чизеро шарик магардон, зеро ширк бузургтарини зулм аст.
2. Насиҳати дуюм низ марбут ба ъақида аст, яъне:
Писарҷон, илми Илоҳӣ бар ҳар зарраи коинот муҳит (фарогир) аст. Як чиз агарчи дур ва миёни пардаҳо ва торикиҳо ҳам, ки бошад, ҳақ-таъоло онро мебинад.
3. Баъди ъақидаи ӯро дуруст кардан ӯро ба намоз даъват кард ва фармуд, ки худоро бо ҳузури қалб ибодат кун.
4. Дар бораи ислоҳи ҷомеъа аст. Аз он ҷое, ки дини Ислом 1 дини иҷтимоист, ҳамзамон бо ислоҳи фард ба ислоҳи ҷомеа низ таъкиди фаровоне дорад. Ислоҳи ҷомеъа бидуни панду насиҳат имконпазир нест. Ҷомеае, ки дар он мардум аз панду насиҳати донишмандон бархурдор набошад, пояҳои имонӣ, ъамалӣ ва ахлоқии он ҷомеа мутазалзил шуда, дар вартаи фасоду табоҳӣ қарор мегирад.
5. Дар бораи одоби зиндагӣ ва муъошират мефармояд:
Писарҷон, ҳангоми мулоқот ва гуфтугӯ бо мардум чеҳраатро бар матоб ва аз мардум рӯй магардон, зеро ин боиси нафрати дигарон мешавад, зеро ин кор зишт асту аломати мутакаббирон аст.
Диққат кунед, ҳазрати Луқмонро, ки то куҷоҳо фарзандро далолат дорад. Аз рӯи инсоф гӯем оё ин гуна насиҳатҳо барои фарзандҳоямон боре ҳам дар зеҳни мову шумо гузаштааст? Ба ин насиҳатҳо на танҳо фарзандон, балки худамон низ мӯҳтоҷем. Қиссае меорад Шайх Саъдӣ дар «Гулистон»-аш.
Ҳикоят
-Нафаре эҳтиёҷе пайдо кард. Ба ӯ раҳнамоӣ карданд, ки ба фалон хона даро, соҳиби хона ҳоҷататро раво мекунад. Даромад ва дарҳол баромад.
Гуфтанд: Чӣ шуд?
Гуфт: Ҳал шуд. Ъатояшро ба лиқояш бахшидам.
Яъне чеҳраи тоза ва холӣ аз туршӣ нишонаи саъодати инсон аст. Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд, ки «назди ман касеро ҳамчун қосид фиристодед. Бинед, ки рӯи кушода ва номи хуб дошта бошад!».
6.Дар рӯи замин бо такаббур ва ноз роҳ марав. Фарзанди Луқмонро мегӯянд, ки одами бонуфуз буд, маъруф буд. Аз ин лиҳоз, ба ӯ гуфт, ки ин гуна равишро Аллоҳ дӯст намедорад. Аслан инсони такаббурро на Аллоҳ, на банда дӯст намедорад. Аз вақташ одами хоксорро мардум эҳтиром мекунанд. Ҳазрати Бедил фармудааст:
Тавозуъ зи гарданфарозон накӯст,
Гадо гар тавозуъ кунад хӯйи ӯст.
Дигар азизи Худо фармуд:
Агар шӯҳрат тамаъ дорӣ
рафиқи беди маҷнун шав,
Ки он ҳарчанд боло меравад сар ба замин дорад.
7.Дар вақти қадам гузоштан миёна қадам бигзор, яъне оромона. Ва ё дар қадам задан шитоб накун.
8.Садоятро паст кун, яъне баланд дод назан, ё баланду гӯшхарош суҳбат накун. Бузургон мефармоянд:
Баландовоз бошад марди ъомӣ,
Ки аксар дег меҷӯшад зи хомӣ.
Каси доно бувад доим хомӯш,
Ки деги пухта кам-кам мезанад ҷӯш.
Дар давоми насиҳаташ Луқмон ба фарзандаш гуфт, ки «зеро, бадтарини овоз овози хар аст».
Ҳоҷӣ Мирзо: Дуои волидайн тири ҳадаф аст!
Гуфтори ъаллома Субҳон Маҳмуди Нозим, шайх-ул-ҳадиси Дорулъулуми Карочии Покистон
Агар падару модар ба 2 матлаб аз самими қалб ба таври доимӣ ъамал намоянд, иншооллоҳ фарзандон беҳтарин ахлоқро пайдо мекунанд.
1.Дар ҳаққи фарзандон дуъои нек кунӣ, зеро дуъои шумо тири дар ҳадаф аст. Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: «Дуъои падар барои фарзанд чунон қабул мешавад, ки мисли дуъои Паёмбарон барои умматашон».
Мутаассифона, имрӯз мо дуъоро тарк кардаем. Агар яке ёди дуъо ба ёдамон биёяд назди каси дигар меравем. Манзурам ин нест, ки аз дигарон дуъо нагиред. Вале фаромӯш накунед, ки дуъои 3 нафар пеши Аллоҳ ҳатман қабулият дорад.
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар