ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Мирзо: Адаб эмон аст!...

  • Чоршанбе, Апр 19 2017

Ҳоҷӣ Мирзо:   Имрӯз уммати ислом ба дастбуриву сангсор ниёз надорад. Балки ниёз ба шахсе дорад, ки аз ӯҳдаи барномаҳои иқтисодӣ барояд то шиками аҳли умматро сер кунад; Аз барномаҳои тарбиятӣ кор гирад, то пеши роҳи бадахлоқӣ, фаҳшу беҳаёӣ гирифта шавад; Аз барномаҳои иҷтимоӣ барояд то пеши роҳи хонавайрониро бигирад.
Ҳуҷҷат:  Умар разиаллоҳу анҳу замони хилофаташ вақте ки қаҳтсолӣ омад, буридани дасти дуздонро боздошт. Барои чӣ? Зеро ислом фақат барои буридан наомадааст, балки барои бартараф кардани ниёзи мардум омадааст...

Қиссаҳои ахлоқӣ
1.Дар ъасри расулуллоҳ (с) зани мусалмоне ҳамеша рӯзадор буд, ба намоз аҳамияти ҷиддӣ медод, вале бадахлоқ буд, бо забонаш ҳамсояҳоро озор медод. Шахсе назди расулуллоҳ рафту аз ин зан, аз ибодаташ васф кард, вале гуфт, ки бадахлоқ аст.
Расулуллоҳ (с) гуфт: Ло хайра фиҳо ҳия мин аҳли нор. Яъне дар чунин зан ҳеҷ хайре нест, ӯ дӯзахӣ аст.

Қиссаи ахлоқии №2
Рӯзе ҳазрат (с) дар яке аз кӯчаҳои Макка қадам мезад. Пиразанеро дид, ки 1 борхалта дар канори худ гузошта машғули истироҳат буд. Пиразан вақте расулуллоҳро дид, ӯро намешинохт, ки ӯ паёмбар (с) аст, гуфт: Эй ҷавон, ин борхалтаро бар пушти ман бигзор, зеро вазнин аст. Ҳазрат (с) гуфт: Ман бар пушти ту намегузорам, Шумо нотавон ҳастед бар пушти худ мегузорам ва ба манзилат мерасонам.
Пиразан ӯро пурсид: Марде, ки дар Макка даъвои паёмбарӣ дорад, ӯро қабул дорӣ ва ҳозир ҳастӣ, ки ба ӯ имон биёрӣ? Ҳазрат (с) фармуд: Модар, ман ҳамон мард ҳастам. Пиразан гуфт: Ту Муҳаммади (с)? Гуфт: Бале. Пиразан баланд гуфт: Ашҳаду ан ла илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ. Яъне ахлоқи некуи ҳазрат модари бегонаро ягона кард.

Қиссаи ахлоқии №3
Подшоҳе мехост, ки вазирашро имтиҳон кунад. Аз ӯ пурсид, беҳтарин чизе ки ба инсон дода шудааст, чист? Вазир гуфт: «Ъақл». Подшоҳ гуфт, агар онро надошт чӣ? Вазир гуфт: «Одоб». Подшоҳ гуфт: Агар онро надошт чӣ? Вазир гуфт: «мол», то камбуди ъақл ва одоби худро ба он бипӯшонад. Подшоҳ гуфт: Агар онро низ надошт чӣ? Вазир гуфт: Соъиқае, ки ӯро бисӯзонад ва ҳамаро аз дасти ӯ наҷот диҳад. Яъне одоби неку зишти насабро мепӯшонад.

Гуфтори Саъдии Шерозӣ (р.ҳ) дар мавриди тарбияи фарзанд

Писар чун зи 10 баргузашташ синин,
Зи номаҳрамон, гӯ, фаротар нишин.
Бари пунбаҳ оташ нашояд фурӯхт,
Ки то чашм барҳам занӣ хона сӯхт.
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Чу фарҳанг варояш набошад басе,
Бимирию аз ту намонад касе.
Басо рӯзгорро ки сахтӣ барад,
Писар чун падар нозукаш парварад.
Хирадманду парҳезгораш барор,
Гараш дӯст дорӣ ба нозаш мадор.
Ба хурдӣ дараш заҷру таълим кун,
Ба неку бадаш ваъдаву бим кун.
Навомӯзро зикру таҳсину зеҳ,
Зи тавбиху таҳдиди устод беҳ.
Биёмӯз парвардаро даст ранҷ,
Вагар даст дорӣ чу Қорун ба ганҷ.
Макун такя бар дастгоҳе, ки ҳаст,
Ки бошад, ки неъмат бимонад ба даст.
Ба поён расад қиссаи симу зар,
Нагардад тиҳӣ қиссаи пишавар.
Чӣ донӣ, ки гардидани рӯзгор,
Ба ғурбат бигардонадат дар диёр.
Чу бар пешае бошадаш дастрас,
Куҷо дасти ҳоҷат барад пеши кас.
Надонӣ, ки Саъдӣ мурод аз чи ёфт,
На ҳомун навишту на дарё шикофт.
Ба хурдӣ бихурд аз бузургон қафо,
Худо додаш андар бузургӣ сафо.
Ҳар он кас ки гардан ба фармон ниҳад,
Басе бар наояд, ки фармон диҳад.
Ҳар он тифл, к-ӯ ҷаври омӯзгор
Набинад, ҷафо бинад аз рӯзгор.
Писарро наку дору роҳат расон,
Ки чашмаш намонад ба дасти касон.
Ҳар он кас, ки фарзандро ғам нахвард,
Дигар кас ғамаш хурду бадном кард.
Нигаҳ дор аз омӯзгори бадаш,
Ки бадбахту бе раҳ кунад чун худаш.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter