Ва онҳо Худояшонро муътақид месохтанд, ки бо вуҷуди неъматҳои фаровони моддию маънавии дар замин буда, танҳо ба зикру тоат машғул мешаванду инсонҳоро улгӯи мавҷуди заминӣ мешаванд. Аллоҳ пешниҳодашонро пазируфта, онҳоро дар замин ҳукумат медиҳад. Муддате нагузашта Ҳоруту Морут беиродагӣ намуда, Худовандро фаромӯш карда ба айшу ишрат дода шуда, гуноҳҳои нобахшиданӣ менамоянд. Оқибат сахт пушаймон шуда, эътироф мекунанд, ки танҳо Худованд Доност ва медонад чизеро, ки касе намедонад. Саранҷом бо хоҳиши худашон дар чоҳи Бобул сарозер овехта шуда то сури Исрофил хоҳанд монд.
Ниёишҳои қуръонӣ
Мусаллам аст, ки аз 114 сураи Қуръони Шариф на ҳама сураҳо ниёишианд; бархе инъикосгари рӯйдодҳои асри Паямбар, баъзе шарҳу таъкиди Шариати Ислом, қисмате қиссаҳои ширине аз анбиё ва ғ. Оятҳои ниёишии зер аз якчанд сураҳо бардошта шудааст. Нафароне, ки забони арабӣ намедонанд ё намоз намехонанд, метавонанд ҳар муддате мехоҳанд бо Парвардигорашон тавассути ин оятҳо гуфтугӯ кунанд. Худованд моро бо ҳама забонҳо мефаҳмад. Ӯст Донову Тавоно!
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, моро дар дунё хайре бахш ва ҳам дар охират ва моро аз азоби оташ (-и дӯзах) нигоҳ дор!
«Бақара»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, аз он пас ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро бероҳ масоз ва раҳматҳои худро ба мо арзонӣ дор, ки ту бахшояндаӣ!
«Оли Имрон»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, ба дурустӣ, ки имон овардаем, пас барои мо гуноҳони моро биёмурз ва аз азоби оташ нигоҳ дор!
«Оли Имрон»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, гуноҳҳои моро биёмурз ва бадиҳои моро аз мо бизудой ва бо некон бимирон!
«Оли Имрон»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, ато кун бар мо ончиро, ки ба забони паёмбаронат ваъда додаӣ ва моро дар рӯзи қиёмат расво макун, ки ту ваъдаи хешро хилоф намекунӣ.
«Оли Имрон»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Парвардигоро, мо ба хештан ситам кардем ва агар моро набахшӣ ва раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳем буд.
«Аъроф»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Парвардигоро, моро ба гуруҳи ситамкорон қарор мадеҳ!
«Аъроф»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Парвардигоро, миёни мо ва қавми мо боҳақ доварӣ кун, ки ту беҳтарин доваронӣ.
«Аъроф»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, бар мо шикебоӣ фурӯ бирез ва моро мусалмон бимирон!
«Аъроф»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Офаридгори осмонҳову замин, ту дар дунёву охират валӣ ва корсози манӣ, маро мусалмон бимирон ва моро бо некӯкорон бипайванд.
«Аъроф»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори ман, маро ва авлоди маро (низ) барпойдорандагони намоз бикун! Эй Парвардигори мо, дуои моро бипазир!
«Иброҳим»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, манро ва падару модарам ва ҳамаи муъминонро дар рӯзи шумор биёмурз!
«Иброҳим»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Худовандо, моро аз сӯи худ раҳмате ато кун ва роҳи наҷоте фароҳам соз!
«Каҳф»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори ман, маро фуруд овар дар ҷойгоҳе муборак ва ту беҳтарин фурудоварандагонӣ!
«Муъминун»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори ман, маро дар зумраи ситамкорон қарор мадеҳ!
«Муъминун»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шайтонҳо ба ту паноҳ мебарам.
«Муъминун»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, имон овардем, пас моро биёмурз ва бар мо бибахшой ва ту беҳтарин бахшояндаӣ!
«Муъминун»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, аз мо азоби дӯзахро боздор; ба дурустӣ, ки азоби дӯзах ҷовид аст.
«Фурқон»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори ман, маро илҳом кун, то сипоси неъмати туро, ки бар ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумораи бандагони шоистаат даровар!
«Намл»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори ман, раҳмату илми ту ҳама чизро фаро гирифтааст. Пас ононро, ки тавба кардаанд ва ба роҳи ту пайравӣ намудаанд, биомурз ва аз азоби ҷаҳаннам нигоҳашон дор.
«Ғофир»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, ононро ва ҳар кӣ солеҳ бошад аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон, ба биҳиштҳои ҷовидонӣ, ки ба онҳо ваъда додаӣ, дохил кун, ки ту пирӯзманду ҳакимӣ!
«Ғофир»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори ман, илҳом деҳ маро, ки шукри ин неъмати ту кунам, ки бар ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ ва коре шоиста ба ҷо орем, ки ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандонам ба салоҳ овар. Ман ба сӯи ту бозгаштам ва аз таслимшудагонам.
«Аҳқоф»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй парвардигори мо, бар ту таваккул кардем ва ба ту бозгаштем ва бозгашт (-и ҳама) ба сӯи ту ҳаст.
«Мумтаҳинаҳ»
Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо тамом деҳ ва биёмурз, ки ту бар ҳама чиз тавоноӣ!
«Таҳрим»
Мураттиб
Абдуқодири Абдуқаҳҳор