Ман ягона роҳи ислоҳ ва ҳалли ин проблемаро дар он мебинам, ки Ҳукумат бояд марди талоқдиҳандаро тибқи 1 модда муваззаф кунад, баъди талоқ додан занро бо атфолаш бо хона таъмин намояд. Ин ҳам 1 навъи ҷазо аст. Ман бовар дорам, ки дар ин сурат теъдоди талоқ кам хоҳад шуд. Домуллои мӯҳтарам дар ин маврид чӣ андеша доранд?
Собир Зарифов, н.Файзобод, тел: 93 882 73 38
Навхонадоронро тайёр кардан даркор
Посух: Ба фикри ман ҷазо ё қонуне муайян кардан на он қадар натиҷае дилхоҳ медода бошад. Балки духтару писарро то зан гирифтан ё шавҳар кардан тайёр кардан даркор, аз масъулияти зандорӣ, шавҳардорӣ омӯзондан даркор, дар қалбҳояшон тарси Худоро ҷой додан даркор. Тоҷикони мо мегӯянд, ки «Мурда ба кафани сафед шодӣ дорад, лек аз ъазоби гӯр дарак надорад». Духтару писарони мо низ фақат фикрашон дар ҷойгаҳи хобашон асту аз масъулияти зиндагӣ бехабаранд. Бояд ин 2 аз дин огоҳӣ дошта бошанд. Баъдан зангирӣ агар аз ҳисоби маблағи худи ҷавон мешуду кор карда пулу мол меёфт, ба қадри зан мерасиду ин низ мумкин натиҷаи мусбӣ медод.
Гуноҳи бад чист?
Дар шумораи гузашта андешаи домуллои азизу гиромии Ҳоҷӣ Мирзо Иброновро дар СССР хонда, саволе дар зеҳнам пайдо шуд. Аминам, ки устод ба ин суоли мо посух хоҳанд дод:
1.Бадтарин гуноҳ дар ҷомеаи имрӯзаи мо чист?
Исмоил Маҳмудов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Қумсангир
2 қисми гуноҳро бидонед…
Посух: Бадтарин гуноҳ ба имрӯзу фардо кор надорад. Гуноҳ аз нигоҳи шариъати исломӣ ин бадбахтӣ аст. Гуноҳ ба 2 қисм тақсим мешавад: гуноҳи кабира (калон) ва гуноҳи сағира (хурд). Гуноҳони калон аз қабили тарки намоз, закот, ҳаҷ, рӯза, порахӯрӣ, ҳаромхӯрӣ, зулм дар ҳаққи касе, беинсофӣ, зинокорӣ, беҳаёӣ, дурӯғгӯӣ, дуздӣ кардан аст…
Гинекология барои мардон шарм аст?
Салом, СССР! Мирзо Юсуф-имоми масҷиди Тошканд ва устоди Донишкадаи исломии Тошканд даъват кардааст, ки фаъолияти мардон ҳамчун гинеколог дар Ӯзбекистон манъ карда шавад. “Ба ин бояд хотима бахшид. Ин падидаи нангинро мо дар замони Шӯравӣ касб кардем. Дар он замон бисёр аз арзишҳои миллии мо поймол шуданд. Тағйир додани ин он замон дар дасти мо набуд ва мард ҳамчун гинеколог чизи муқаррарӣ қабул карда шуд. Акнун мо давлати мустақил, озодем ва ин бояд шармовар бошад, бояд инро зуд манъ кард” гуфтааст имом.
Абдусалом Маҳмудов,
мухлиси СССР, н.Айнӣ, деҳаи Дарғ
Гинеколог бояд кӣ бошад?
Посух: Масъалаи бардоштаи Имоми ш.Тошканд-Мирзо Юсуф аз нигоҳи шариъат чунин аст, ки барои табобати зан бояд духтури занона бошад. Дар ҳолати будани духтури занона ба духтури мард муроҷиъат кардан норавост. Занро дар ҳолатҳои зарурӣ, яъне набудани духтури занона баъдан иҷозат ҳаст, ки ба духтури мардона муроҷиъат кунад. Вале мард бояд ин соҳаро таълим нагирад шояд ҷавобгӯ набошад, вале ин зиндагонист, беморҳо гуногун мешаванд ва шояд шавад ҳолатҳое, ки ҳузури мардҳо ҳини таваллуди зане хеле зарур бошад.
Бояд чанд бор ҳаҷ кунем?
Оё ҳаҷи 2-3 карата ягон фоида дорад? Гап сари ин аст, ки ҳаҷ барои 1 бор равост. Барои дафъаи 2 ва 3 ин аллакай туризм аст. Ё не, домуллои мӯҳтарам?
Асомиддин Муратов,
маҳаллаи 102-уми н.Синои пойтахт
Ҳаҷи такрорӣ гуноҳ нест
Посух: Албатта ҳаҷ дар ъумр 1 дафъа анҷом доданаш аз гардани мусалмон соқит мешавад, вале такрораш гуноҳ нест. Вале агар боре ҳаҷ карду мехост боз раваду пулу манол ёфту аммо заруратҳое пеш омад, ин маблағро он ҷо сарф кунад, хубтар ва зеботар аст…