ХАБАРИ ДОҒ

Аз пушти носкаш намоз хонем?

  • Душанбе, Авг 28 2017


Аз пушти носкаш намоз нахонед!

Маҳси пой чист?
Саволи 1. Солҳои пеш дар 1 рӯзнома хонда будам, ки «маҳси пой аз болои ҷуроб-пойгоҳ кашидан мумкин», аммо дар фарзи айнҳо дар болои мӯза ё маҳсӣ гуфта шудааст. Яъне ба мӯза калӯш намепӯшед. Дуруст аст?

Дар сари қабр чӣ хонем?
Саволи 2. Баъди ҷаноза дар сари қабр аксарият сураи «Таборак»-ро мехонанд. Боз мегӯянд, ки сураи «Ёсин» ва ҳам 11 маротиба сураи «Ихлос» хонед. Боз мефармоянд, ки ояти «Лилофи мофи самовот ва мофил арз»-ро қароат кунед. Фикри шумо чист?

Мирзоамин Алимов, деҳаи Ҳайронбед, н.Айнӣ

Маҳс дар болои ҷӯроб дуруст нест!
Посух ба саволи 1: Маҳс дар болои ҷӯроб дуруст нест. Маҳс фақат болои маҳсӣ, ки аз чарм аст, дуруст аст. Ибни Абдулбар дар китоби «Ал-Истизкор» мегӯяд, ки роҷеъ ба маҳсӣ бар хуффайн (масҳиҳо) наздик ба 40-саҳоба ривоят кардааст. Ҳасани Басрӣ гуфт, 70 нафар аз асҳоби паёмбар бароям ривоят карданд, ки Паёмбари Худо (с) бар мӯзаҳои худ масҳ мекашид (Насбуроя фи тахриҷи аҳодисил ҳидоя) ҷилди 1.

Болои қабр хондани сура савобест
Посух ба саволи 2. Дар мазҳаби Имом Абуҳанифа болои қабрҳо хондани сураҳои Қурон амри мустаҳаб аст, яъне дуруст аст ва савобаш низ бар хонанда, гӯшкунанда ва мурдаҳо мерасад...

1.Аз пушти носкаш дар масҷид намоз хондан дуруст аст?

Охируззамон эҳсос мешавад?
2.Нишонаҳои охируззамон имрӯз мушоҳида мешаванд, ё на? Чун мебинем, ки феълан дар ҳама давлатҳои исломӣ ҷангу ҷӯш дар авҷ аст…

Исмоил Маҳмудов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Ҷайҳун (Қумсангир), тел: 93 388 07 47

Аз пушти носӣ намоз нахонед!
Посух ба саволи 1: Аз пушти носкаш агар баъди кашидани нос таҳорат кунад, иҷозат аст. Агар танҳо даҳонашро об гардонад, иҷозат нест. Беҳтараш аз пушти носкаш намоз нахонед!

Нишонаҳои охируззамон ҳаст
Посух ба саволи 2: Рехтани хуни ноҳақ дар рӯи замин ҳақиқатан яке аз нишонаҳои охируззамон аст. Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим омадааст, ки қиёмат намешавад, то замоне ки кушторҳои бузург рух надиҳад. 30 нафар баъди ман боз даъвои паёмбарӣ мекунанд, ҳол он ки ман охирон паёмбарам, дигар дониш аз миёни мардум бардошта мешавад, заминҷунбиҳо зиёд мешавад, дар сохтани хонаҳо байни якдигар мусобиқа мешавад, носазогӯӣ, беҳудагӯӣ меафзояд, қатъи пайванди хешутаборӣ аз байн меравад, назди касе амонат гузорӣ хиёнат мекунад, мардум аз канори масҷид мегузарад, вале 2-ракъат дар он намоз намехонад, мусалмонҳо танҳо бар касе салом медиҳанд, ки ӯро мешиносанд. Ҳол он, ки ӯро шиносӣ, ношиносӣ бояд салом диҳӣ...

Давом дорад

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter