Ҳаҷпулии имсола чӣ миқдор аст?
-Ман 2 савол доштам:
1.Соли равон маблағи ҳаҷ чӣ миқдор шуда бошад ва ба он чӣ чизҳо медароянд?
2.Навбат барои ҳаҷро кӣ назорат мекунад? Зеро 4 сол шуд барои сафар ба ҳаҷ дар навбатам. Ҳар сол дар оғози мавсими ҳаҷ масъулини ноҳия мегӯянд, навбатат ҳанӯз нарасидааст, вале мебинам, одамоне, ки пас аз ман буданд, аллакай рафта омаданду ман мондам. Оё масъулони Кумита ҳамин навбатпоиро дар маҳалҳо назорат мекунанд?
Сироҷиддин Тағоев, н.Кӯшониён
Ҷавоб ба суоли 1: -Айни ҳол маблағи сафари ҳаҷи имсола муайян карда нашудааст. Ба маблағи сафари ҳаҷ, аз ҷумла, роҳкиро, будубош дар меҳмонхона, 3 вақт хӯрок, қурбонӣ, авоид (як навъ пардохти боҷӣ), нақлиёт, хизматрасониҳои Мино, Арафот, Муздалифа, 5% андози аз ҷониби Арабистони Саудӣ муайянгардида ва дигар хизматрасониҳо дохил мешаванд.
Ҷавоб ба суоли 2: -Тибқи банди 9-и Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 №802 “Дар бораи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон таъсис дода мешавад, ки риояи навбати сафари ҳаҷро бояд зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Муроҷиаткунанда бояд бо овардани ному насаб ва суроғаи мушаххас ба Кумита муроҷиат намояд. Дар асоси он масъала баррасӣ ва аз натиҷааш ба муаллифи муроҷиат посух дода мешавад.
Сину соли ҳаҷравӣ чанд аст?
-Мегӯянд, сар аз соли 2018 ҳукумати кишвар синну соли адокунандагони ҳаҷро аз 35-сола боло муайян кардааст. Оё ин рост аст? Ва умуман ба ҳаҷ одам бояд аз чандсолагӣ равад ва чанд маротиба дар умраш?
Муҳиба Қурбонова, ш.Душанбе
Ҷавоб: - Бо мақсади додани имконият ба шахсони калонсол ва ҳамзамон зиёд будани муроҷиат оид ба сафари ҳаҷ мутобиқи банди 4 Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 №802 “Дар бораи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра” синну соли ҳаҷраванда аз 40-сола боло муайян карда шудааст. Тибқи дастуроти шариати ислом шахсоне, ки тавони пардохти хароҷоти сафари ҳаҷро доранд, ҳаҷ ба онҳо 1 маротиба фарз гардидааст.
«Расул-сохтмон» ҳаҷҷи умраро «монополия» кардааст?
-Чаро имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 1 ширкат ва он ҳам «Расул-сохтмон» сафари ҳаҷҷи умраро бар дӯш гирифтаасту халос? Ва чаро номи ин ширкат «Расул-сохтмон» аст? Чӣ бояд бисозад? Чаро ба ширкатҳои дигари туристӣ барои ташкили сафар ба Маккаву Мадина ва Байтулмуқаддас иҷозат дода намешавад? Сирри фаъолияти ин ширкат дар чист?
Нӯъмонҷон Саломов, ш.Хуҷанд
Ҷавоб: - Бояд қайд намуд, ки дар баробари ширкати “Расул-сохтмон” инчунин ширкати ватании “Ормон” низ дар самти сафарбаркунии шаҳрвандон ба умра фаъолият менамояд ва дар ин самт ҳеҷ гуна инҳисор ҷой надорад. Ширкати “Ормон” рӯзи 21.04.2018 якумин гурӯҳи шаҳрвандонро барои адои маносики умра сафарбар намуд.
Ноболиғ дар ҳаҷҷи умра чӣ кор мекард?
- Чанде пеш зимни анҷом додани ҳаҷҷи умра дар Арабистони Саудӣ 1 оилаи тоҷик заҳролуд шуда вафот карданд. Дар байни онҳо 2 кӯдаки ноболиғ, яке 12 ва дигаре 14-сола низ буданд. Магар қонунгузории кишвар иҷозат медиҳад, ки кӯдакони ноболиғ ба ҳаҷҷи умра сафар кунанд? Оё Кумитаи мазкур ин ҳодисаро пайгирӣ дорад, ки чӣ гуна кӯдакони ноболиғ тавонистанд тавассути ширкати «Расул-сохтмон» ба ҳаҷҷи умра бираванд!?
Ситора Умронова, ш.Душанбе
Ҷавоб: - Тибқи маълумоти тасдиқгардида, кӯдакон ва падару модари онҳо на аз тариқи ширкати ватании “Расул”, балки бо роҳи кишвари Қазоқистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намудаанд. Азбаски ин сафари онҳо сафари сайёҳӣ маҳсуб мешавад, онҳо ҳақ доранд, фарзандони худро низ ҳамроҳ гиранд.
(Посух гуфт: Абдуғаффор Юсуфов, сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита)
Давом дорад…