Шайх Темур дигар моли таърих шуд. Худо биомурзад. Чи коре кард-накард, назди Ӯ посух мегӯяд. Вале чаро ин матлабро бознашр мекунам??? Барои дарси ибрати дигарон шудан. Ҳафтаи пор нафаре гуфт, ки меҳмони маъракае дар н. Ваҳдат будаму нохост эшони...фалономад шуду барои чаламчӣ-дастобгир 2-3 танро ҷанг. Ҳайрон мондам. Вале чун хатми он моҷароро дидам, дилам бе ҳузур шуд. Эшони фалониҷони навомада дасташро шуст ва оне, ки чаламчӣ дошт, офтобаро партофта, оҷилан, он оби чаламчиро... дам кашид!!! Дигарон ба зӯр аз даҳонаш чаламчиро кашида гирифта...худашон нӯшиданд. Э, лаънат бар чунин эмондориву чунин мусалмонии мо… (Маъзарат, аз афроди вораста, ки сахт гуфтам, о, дигар хел намешавад, бо чунин тупизми мазҳабӣ!!!)
Ростӣ, бовари кас намеояд, ки дар асри 21, дар миёни Тоҷикон, ки даъвии ориёӣ доранду сухани волотаринро гуфтаанд ва шореҳону муфассирони Кутуби Худоро, ба мисли Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Мавлавӣ рӯёнидаанд, мардум даст ба одампарастӣ занад. Гӯсолапарастии қавми Мӯсо калимуллаҳро дар Қуръони маҷид хонда будем. Фиръавнпарастии аъробро медонистем. Ва аммо одампарастии мусалмононро дар асре, ки Одам фатҳи кайҳон кардаву дар Мирриху Моҳ нишастааст, ҳамакнун дидем ва рости гап дар назди оламиён шармсору сарафганда шудем.
Зеро тасаввурнокарданист, ки одамон 1 одамаки дигарро ба ин шева парастанд, ки ҳатто оби таҳорати аз дасту пой ва миёни (маъзарат, аммо!)… ронҳояш шоридаро истеъмол кунанду чархи мошинашро бӯсанд ва зери балонҳояш пояндоз густарда, сипас ҳамчун табаррук онро хариду фурӯш созанд. Аз ин дида нангу шармсорӣ мешавад?
Тимур ва командаи ӯ
Аркадий Петрович Гайдар асари маъруфе дар замони шӯравӣ дошт, бо номи «Тимур и его команда». Дар ин асар, командаи Тимури пионер либоси якрангу ҳамсон пӯшида, ба мардум кӯмак мерасонид. Ҳадаф-муборизаи идеологӣ буд. Либоси ҳамранг, ба вежа саллаҳои кабуди «Тимур ва командаи ӯ»-ро дар асри 21 дида, ростӣ, ҳайрон мешавӣ, ки ин сенарияро чигуна тақрибан монанд, такрор кардан доранд. Ва аммо фарқ миёни Тимури Гайдару Тимури «авлиё» ин аст, ки Тимури рус ва кофири атеист, ба ҳич ваҷҳ хоҳару модару духтарони ҷонибдорашро зӯран ба занӣ намегирифт ва ба ноболиғон дастдарозӣ намекард.
Воқеан ҳам дар бораи никоҳ бо ноболиғон: Тибқи қонунгузории роиҷ, никоҳи шаръӣ ва ҳатто ЗАГС-и пинҳонӣ бо ноболиғ, ҳамчун таҷовуз бар номус талаққӣ мешавад. Фарзи мисол, Зайд Саидовро баъди чандин соли гӯиё никоҳ бо ноболиғе…барои таҷовуз суд карданд. Шейхро чӣ? Магар ӯ таҷовузкор нест???
Автобиографияи Шейх…
Сатторов Тимурхан соли 1950 дар ш.Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 2012 номашро Маҳдихон гузошта, сипас даъвои нубувват (астағфируллоҳ) ва эмоматӣ кардаву худро Эмом Маҳдӣ, эмоми гумшудаи аҳли ташаййуъ эълон кардааст, ки тибқи ривоёти шиаҳо бояд қабл аз рӯзи Маҳшар ҳозир гардидаву мардумро вораҳонад. Маълумоташ миёнаи нопурра. Дар ягон ҷо нахондааст ва ягон зарра донишу саводи казоии диниву дунявӣ надорад. Баъди гирифтани сабақҳои аввалини динӣ дар назди падараш, худро донандаи илми ғайб эълон намудааст. Ба табобати занону духтарони бемор бо усули даму дуо мепардозад. Бо сабаби гирифтани духтари 16 сола дар даврони СССР, 2 сол аз озодӣ маҳрум мешавад. Баъди фош шудани симои аслиаш аз ш.Ваҳдат ба водии Ҳисор кӯчида, дар деҳоти ӯзбаку тоҷикнишини навоҳии Турсунзода ва Шаҳринав муридони фаровон гирдоварӣ мекунад ва ахиран ба иттилоъи ТВТ, худро пайғамбари охируззамон (3 бор тавба!) низ муаррифӣ мекунад.
Лжеавлиё ва лжепророк
Тавре аз суҳбат бо «муридони хоса» маълум шудааст, ин худонотарс бо роҳи макру ҳиял ба дили муридон роҳ мебурдааст. Ӯ, ки дар 1 кӯҳманзар гӯшанишин будааст, ба гунаи мисол, агар нафаре ба аёдаташ меомад, бо дурбин мошинашро медидаанд. То ҷои Шейх баромадан бояд чанде пиёда роҳ рафт. Муридон-наводчикҳо ба Шейх мегуфтаанд, ки фалон вазир, сағир, кабир, раис…бо Ҷипи сафед омадааст. Шейх ин нафарро пазируфта мегуфтааст, ки «Бо мошини сафед омадӣ?». Тамом! Талхаи мурид мекафад, ки ин ғайбдон аз куҷо ранги мошинашро донист? Ҳол он ки ин аблаҳ-муридак намедонад магар, ки асри 21 асту Лжеавлиё дурбини замонавӣ дорад? Сипас, агар ин муриди бесавод гӯсфанд оварда бошад, 1 шогирд чой медаровардааст ва Шейхи зирак мефаҳмидааст, ки тӯҳфа чист ва мегуфтааст: О, ҳамон гӯсфанди бечораро чаро овардӣ? Буз бошад, шогирди дигарӣ медаромадааст. Хуллас бо ҳамин чораҳои примитив, ин Шейх, ки бояд тибқи миссияи мегуфтааш «мусалмононро дар рӯзи ҷазо наҷот диҳад!» ба чоҳи кандааш афтидааст. Авлиё надонистааст, ки аз болояш мақомот кор мебаранду навораш мегиранд. Масали «Кал бошӣ-сари худро табобат кун!» дар ин асно басо бамаврид аст…
Дар Аврупову Амрико лжепророкҳо зиёд мерӯянд. Зеро онҳо ба таълимоти Қуръон бовар надоранду медонанд, ки тибқи кутуб, бояд паёмбари охируззамон ва хатм-ул-анбиё ба дунё ояд. Ва аммо ин Тимурро чӣ расида, ки Қуръону ҳадис мехонду медонист, «Ло набию баъдӣ», яъне нест дигар пайғамбар (баъди Муҳаммад (с)), ва даъвои нубувват кард? Чунин афродро «қаллоби мазҳабӣ» меноманд. Ӯ коре кард, ки комбинатори маъруф ва мошенники гузарои советӣ-Остап Бендер намекард!!!
Sex & авлиё
Таври маълум, мутаассуф, муллоҳои мо дар ағлаби ҳолатҳо секспиндоранду сександеша. Ин аст, ки ин Шейх, Авлиё, Эмоми охируззамон ва Лжепророк низ истисно нест. Ӯ дар ҳоли ҳозир 7 зан доштааст. Духтареро низ дар 15 солагӣ ба кобин даровардааст. Ин зани бечора ҳамакнун нав ба синни 20 расидаву соҳиби чанд кӯдак аст. Тасаввурнокарданист, ки Шейх ва Авлиё бо роҳи таҳдид, гулдухтари аз худ 45 сол хурдро никоҳ карда гирад! Чунин рафтори муллоҳои мост, ки обрӯву имиҷи Исломи ноб миёни дигар адён мерезад…Ва ин охири кор нест. Шейх Тимур ва командаи ӯ амали дигари ғайришаръие раво дидаанд, ки дар мазҳаби мо, баробар ба гуноҳи кабира аст.
Хола ба ҷои модар…ё зан?
Тимур, тибқи иттилоъи журналистони ТВТ, хоҳари зани худ, яъне таври автоматӣ, Холаи Писарашро ба писари худаш никоҳ карда додааст! Хола ба ҷои модар! Ин хитобаи асрҳои аср дарсадои ҳар Тоҷики ҳанафист. Аммо ин бедину диёнат гӯиё модари фарзандашро ба писараш додааст! Ин рафтор ба кадом рукни кадом дини олам мегунҷад?
Ба пиндори сирф инфиродии мо, танҳо барои ҳамин гуноҳ, мешавад, Шейхро ҳукми қатл дод! Зеро дар «Соли оила» фош шудани чунин гуноҳи кабира, ростӣ, гӯшхароштарин ҷурмест, ки дар нисбат ба он, қатлу куштори таассубгарони Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия ба сифр-0 баробар шуд.
Аблаҳизми Тоҷик дар асри 21…
Бо ин ҳама аҳли қалами СССРро 1 чиз нороҳат месозад: ҷаҳли мураккаби тоҷикистониён. О, наход, дар садаи муосир, ки мағрибиҳо, насоро, яҳудо ва ҳатто будпарастон дунёро бо нанотехнология, навовариҳои илмӣ, донишу иқтисоду молиёт зер карда гирифтаанд, мо-Тоҷикон ба чунин одамони нопок, бе савод, бе дониш ва адамутфаросат бовар кунем? Куҷост хиради азалии мо, эй мардум?
Бархеҳо, шунидаем, ки ТВТ, Сафина, Ҷаҳоннамо, газетаҳои ҳукуматӣ ва ҳатто газетаи мардумии СССР-ро ба антиисломизм муттаҳам мекунанд. Вале аз барои савоб, магар фош кардани ингуна таассуб, лжеавлиёву лжепророкҳо, дому қапқони сари Миллати Шариф гузоштаи чунин тасодуфиёни бодоварда, ки дар навбати аввал Исломро хатчадор мекунанд, магар бар нафъи Мазҳаб, Дин ва просто инсоният нест?
Агар шумо бо чунинҳоед, пас бо мо нестед. Инро мо ошкоро ва фош мегӯем. Зеро ҳадафи мо-Тоҷикистони пешрафта, вораста, тинҷу ором, соҳиби исломи ҳанафӣ ва мардуми ворастааст. Мо бар ҳар нафаре, ки бар 1 зарраи хоки Тоҷикистон ва 1 Тоҷик дастдарозӣ мекунад, эмони мо, мазҳаби падарии моро, таки по карданист, муҳораба мекардем, мекунем ва хоҳем кард!
Дар охир ба масъулини ТВТ барои фошсозии боз 1 чеҳраи манфуру манҳусе, ки пушти пардаи Ислом ниҳон мегардид, изҳори сипос мекунем. Мо Метавонем!
Зимнан, то ҷое мо хабар ёфтем, Шейх Тимур дар долонҳои давлату ҳукумат низ «муридон» доштааст ва ифшои онҳо низ кори ҷонии ҳар журналисти соҳибэмон бояд бошад. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!
С.Мизроб, С.Бурҳонов, О.Муродов, Ш.Амин, М.Салимшоев…
Махсус барои аъзои Ихвон ал СССР