ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Мактабҳо дар даврони Абуҳанифа

  • Чоршанбе, Нояб 02 2022

 Дар асри Абӯҳанифа мактаби ироқии фиқҳ ё ба таъбири дигар “мазҳаби ироқии ақл”, ки маркази он шаҳри Кӯфа маҳсуб мегашт, шӯҳрати азиме ба даст оварда буд, ки решаи он то Алӣ ибни Абутолиб ва Ибни Масъуд мерасад. Устоди Абӯҳанифа Имом Ҳаммод ибни Сулаймон (с.в 737 м./120 ҳ.) тарбиягирифтаи ин мактаб ва шогирди барҷастаи хешро дар давоми 18 сол, яъне то дами марг, дар ҳавзаи ҳамин мактаб тарбия кардааст.

Илова ба ҳавзаи фиқҳии Кӯфа дар он давр боз чанд мактаби машҳури фиқҳӣ дар сарзаминҳои исломӣ бо гароишҳои хоссе вуҷуд доштанд, ки метавон онҳоро чунин тақсимбандӣ кард:

Мактаби аҳли тафсир дар Макка бо сарварии донишманде чун Абдуллоҳ ибни Аббос;

Мактаби аҳли ҳадис дар Мадина, ки дар раъси он Оиша, Умар ва Абдуллоҳ ибни Умар ва Зайд ибни Собит қарор доштанд;

Мактаби аҳли раъй (ақлгароён) дар Ироқ бо марказияти шаҳри Кӯфа, ки дар раъси он Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Алӣ ибни Абутолиб қарор доштаанд.

 

Ақлгароӣ дар ислом

Мактаби Ироқ ва махсусан Кӯфа ҳолату низоми хоссаи худро дошта, дар назди олимон бо номи мактаби аҳли раъй (ақлгароён) машҳур буд. Аввалин поягузори мактаби фиқҳии Куфа Абдуллоҳ ибни Масъуд саҳобаи пайғамбари ислом, маҳсуб мегашт. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ теъдоди хатмкунандагони ин мактаб наздики 4000 нафарро ташкил медод.

Абдуллоҳ ибни Масъуд шахсияти дорои донишу фазилат ва андешаи озод буда, дар ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ назари хосси худро дошт. Вай дар мактаби фиқҳии худ шогирдони бузургеро тарбият намуд, ки яке аз машҳуртарини онҳо Алқама ибни Қайси Нахаъӣ мебошад. Дар мактаби Алқама бошад Иброҳим ибни Язиди Нахаъӣ ва дар мактаби вай Ҳаммод ибни Сулаймон ва дар охир Имом Абӯҳанифа таълиму тарбия ёфта, ба камоли олимӣ ва мартабаҳои баланди илмӣ расиданд.

Ҳар кадом аз инҳо дар роҳи ташаккул, низом ва пешрафту шукуфоии ин мактаб кӯшиши зиёде ба харҷ дода, дар ҷойгоҳи худ саъю талош варзидаанд, то аз ҷиҳати нақлию ақлӣ ин мактабро пурзӯр созанд. Устоди Абӯҳанифа Ҳаммод, ки вориси ҳақиқии мактаби мазкур маҳсуб мегашт, тамоми таҷриба, андеша ва дониши пешиёнро гирд оварда, дар ихтиёри шогирди вафодораш Имом Абӯҳанифа қарор медиҳад. Имом Абӯҳанифа низ дар навбати худ онҳоро дар қолаби мазҳабе рехта, бо шиносномаи мустақил ва гароиши мумтоз дар ҷаҳони ислом намудор гардид.

     

Авлавият бар суннати пайғамбар (с.)

Ба андешаи Абӯҳанифа қонунгузор бояд аз қиёс ва раъй дар масъалаҳое истифода намояд, ки доир ба онҳо дастуре дода нашуда бошад. Аввалияте, ки Абӯҳанифа ба ақидаи саҳоба медиҳад, шояд ба он сабаб бошад, ки онҳо аз ҳукми пайғамбар дар бораи мавзӯи мавриди баҳс қарор дошта огоҳ буданд ва асоси он ақида шояд ҳукми пайғамбар бошад. Вай ҳамеша аз зиддият бар муқобили суннат, ҳато саҳван ҳам бошад, худро дур мегирифт. Дар ниҳояти кор аз қувваи худ дар қиёс ва раъй истифода мекард, то ақидаи касеро пайдо намояд, ки аз ҳама бештар ба суннат мутобиқ бошад.

       Дар воқеъ дар аҳди Абӯҳанифа қиёс назди фақеҳони асҳоби ҳадис низ мақбул буда, амал намудан ба он дар фиқҳи ҳадисгароёни ироқӣ чун Суфриён Саврӣ ва Ҳиҷозӣ чун Молик бисёр ба назар мерасид.

 

Дедуксияи Абуҳанифа

Фарқияти Абӯҳанифа дар масъалаи қиёс аз дигарон дар он буд, ки роҳҳои кор ва ба вижа чигунагии бархӯрди қиёси далелҳои васеътарро истифода менамуд. Ҳамин нукта боис шуд, ки бархе муосирони ҳадисгаро чун Молик бар қиёси ӯ эрод гиранд. Фарқияти асосии истифодаи қиёс дар мазҳаби ҳанафӣ ва мазҳабҳои дигари аҳли суннат дар онон, ки агар дар мазҳабҳои дигар танҳо аз муқоисаи аҳкоми фиқҳӣ ва истинбот мешуда бошад, дар мазҳаби ҳанафӣ ба иллат, яъне сабабҳои он аҳком пардохта мешуд. Ба ибораи дигар қиёс дар корбурди Абӯҳанифа масъалаҳои робитаҳои иллат ва маълул (сабаб ва натиҷа)-ро дар бар мегирифт.

Корбурди раъй ҳамчун усули фиқҳӣ дар мазҳабҳои дигар камтар ба назар мерасад. Дар мазҳаби шофеъӣ танҳо зоҳир ва дар мазҳабҳои Моликӣ ва Ҳанбалӣ масолеҳи мурсала қабул шудаанд, вале истеҳсон ва қиёси мантиқӣ вуҷуд надорад. Маҳз истифодаи васеъ аз истинботи ақлӣ (дедуксия) боиси инкишоф ва интишори васеъи мазҳаби ҳанафӣ ва боиси созгор будани аҳкоми он барои ҳар давру замон ва макон гардид...

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter