ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 19 2023

 

 Ғанӣ Сафарзода, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати н.Темурмалик меҳмони идора шуда, гуфт, ки мехоҳам ёде аз Чиллахон Холови ҳунарманд кунам.

   -    Соли 1967 баъди хатми Институти педагогии ш.Душанбе ба номи М.Т.Шевченко (ҳоло С.Айнӣ) ба муассисаи таълимии №6-и н.Данғара (ҳоло №8 н.Темурмалик) ба сифати муаллими химия ва биология ба кор омадам.

Чиллахон Холов бошад, баъди хатми муассисаи таълимии миёнаи №10-и деҳаи Чавроқ ба интернати давлатии Кангурт омада, таҳсилашро давом дод. Ман ба ӯ аз фанни химия ва биология дарс медодам. Бисёр бачаи зирак, доно буд ва бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард.

Рӯзи 08.02.2023 дар дафтари кориам будам, ки писарам Сафаров Бахтиёр (раиси н.Балҷувон) телефон карда гуфт, ки Чиллахон даргузашт. Ман барои рафтан тайёрӣ дида, ба роҳ баромадем, ки ногаҳон дилам зад, беёд шудам, маро ба беморхонаи марказии ноҳия бурданд. 15 рӯз дар табобат будам. Хуллас, насиби ҷанозаи шогирдам Чилахон набудааст...

Чоршанбе, Апр 12 2023

 

Сафаралӣ Бегмонов, муаллиф ва хонандаи фаоли газетаи мардумӣ, коммунисти содиқ аз н.Ёвон меҳмони идора шуда, гуфт, ки боронҳои рӯзҳои ахир ба деҳқонони тоҷик зарари зиёд расониданд.

   - Давлату ҳукумат бояд пеш омадани ин гуна ҳолатҳо – офатҳои табииро ба назар гирифта, ба деҳқон субсидияи иловагӣ ҷудо намояд. Бубинед, боронгариҳои чанд рӯзи ахир боғу заминҳои киштро хароб карданду барои дубора кишт кардани ин заминҳо маблағ лозим аст. Бонкҳо низ бояд ҳолатҳои форс-мажорро ба инобат гиранду ба деҳқононе, ки қарз гирифтаанд, сабукӣ диҳанд. Деҳқонро ба ҳоли худ гузоштан даркор нест, вагарна ӯ дилсард гашта, аз киштукор даст мекашад.

Чоршанбе, Апр 05 2023

Беҳрӯз Сайфуллозода, донишҷӯ, сокини ш.Душанбе меҳмони идора шуда, вобаста ба таҷлили иду ҷашну рӯзҳо ибрози назар кард.

   - Солҳои қабл иду ҷашнҳо дар кишвар дар сатҳи басо хубу намоён таҷлил мегардиданд, вале имрӯз кариб, ки бештари онҳо аҳамияти худро гум кардаанд. Таваҷҷуҳ бисёртар ба ҷашнҳои миллӣ равона гардидааст. Ҳамон ҳам қариб бо якрангӣ. Ҳар ҷашнвора ва ё чорабиниро ҳар сол бо гуногунрангӣ бояд гузаронид, то дар ёди мардум монад. Масалан 1 апрел-Рӯзи Ханда аст. Қаблан хело зебо ва бо консерту чорабиниҳо таҷлил мегардид, ҳоло бошад фазои ҳаҷви тоҷик холист. Аз чорабиниҳо низ ҳаҷв канор гирифта шуд. Солҳои пеш ҳама якдигарро бо ин рӯз табрик намуда, ҳаҷву мутоибаҳо мекарданд, ҳоло не…

Чоршанбе, Март 29 2023

Идибек Пириев, раиси маҳаллаи Роҳи нави ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш меҳмони идора шуда, гуфт, ки дар деҳаи мо мактаб, ё худ муассисаи таълимии рақами 47 фаолият мекунад, вале пулталабкунии омӯзгорон мардумро ба дод овардааст.

   - Ҳар рӯз мардуми деҳа бо шикоят ба наздам меоянд, ки аз ҳамин пулҷамъкуниҳои мактабӣ безор шудаем. Имрӯз пули театр, пагоҳ пули обуна, пасфардо пули ҷорӯбу сатилу лата, пасфардоҳои дигар маблағи ину он. Ҳамаи ин басанда нест, ки замони ахир хонандагон барои картошкабарӣ барои муассиса аз мо волидон боз пул талаб менамоянд. Ҳамин пулҷамъкуниҳои то кай идома меёфта бошанд?!

Агар хонандае картошка набарад, ӯро намегузоранд ба дарс дарояд ва ӯ муҷозот мегирад. Дар деҳаи мазкур аз 1 оила дар ин муассиса то 4 нафар таҳсил менамоянд. Шароити деҳот, пӯшида нест, ки хеле мушкил аст. Бечораҳо аз куҷо пул ёбанд?!

Шанбе, Март 18 2023

 

Пирак Сафаров, сокини н.Шоҳмансури шаҳри Душанбе (тел: 919360746) гуфт, ки соли 2019 дар ҷойи бинои дуошёнаи мо, воқеъ дар кучаи М.Собирова 18/4 сохтмони бинои баландошёнаи нав оғоз ёфт.

   - Бинои моро тахриб намуда, тибқи шартнома сохтмон бояд дар тӯли 15 моҳ ба итмом мерасид. ҶДММ «Шаҳри зебои мо» роҳбараш Бахтиёр Ибодуллозода бо назардошти ин ба мо барои 15 моҳ иҷорапулӣ доданд. Аммо сохтмон тӯл кашиду то ба ҳол маълум нест, ки онро ба комиссияи давлатӣ супориданд ё не? Аз бинои нав ба мо хона доданд, вале ширкат он ваъдаҳоеро, ки дар шартнома зикр карда буд, ба сомон нарасонид. Моҳи январи соли 2022 калидҳои хонаро гирифта, ба таъмири хона сар кардем, аммо иҷорапулии моро ширкат танҳо то моҳи июли соли 2021 доду халос. Чандин моҳе, ки мо аз ҳисоби худ иҷора мешиштем, пардохт нашуд. ҶДММ «Шаҳри зебои мо» ва Бахтиёр Ибодуллозода бояд ба ваъдаҳояшон амал кунанд.

Панҷшанбе, Март 09 2023

Оламгули Мазлум, журналист, меҳмони идора шуда, гуфт, ки дӯстро воқеан дар рӯзҳои мушкил мешинохтаанд.

   - Ман зодаи Бадахшон ҳастаму дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Вақти фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ ман берун аз шаҳр будам ва дар он ҷо барқ набуд. Бегоҳ барқ доданд ва мо аз ТВ Бадахшон вазъи баамаломадаро дидем. Ман аз номи худ ва аз номи кулли бадахшониҳое, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ба мардуме, ки дар офати табиӣ азизони худро аз даст додаанд, ҳамдардӣ баён мекунам ва ба тамоми сокинони Бадахшони азизам сабри ҷамил мехоҳам.

Инчунин, ба кормандони ҳафтаномаи «СССР» ва ба шоирон Аскар Ҳаким, Давлат Сафар, Нозир Ёдгорӣ ва Шоираи Раҳимҷон низ барои ғамшарик буданашон изҳори сипос менамоям.

саҳ 3 аз 62

Китобҳо

Flag Counter